Асосӣ: Амнияти минтақавӣ Ҷавонон дар муқобили ифротгароӣ ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз345
mod_vvisit_counterДирӯз1434
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3265
mod_vvisit_counterДар ин моҳ19244
mod_vvisit_counterҲамагӣ1311911
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Сентябри
18
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ҷавонон дар муқобили ифротгароӣ ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба масъалаҳои тарбияи ҷавонон дар оила ва ҷомеа, муҳайё кардани шароити мусоид барои илмомӯзӣ, кору фароғати онҳо, диққати ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Имрӯз ҳам татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, меҳвари фаъолияти онҳоро ташкил медиҳад.

Бо ин мақсад даҳҳо қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» қабул карда шуданд, ки онҳо барои муттаҳид намудани ҷавонон дар пешрафти кишвар, ҳимояи марзу буми он, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагиву ободкорӣ фаъолона ширкат кардани онҳо, роҳи васеъ кушоданд. Инчунин, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар мамлакат то соли 2020 қабул карда шуд ва дар он иштироки ҷавононро дар ҳалли вазифаҳои мубрами рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъмин мекунад.

Оид ба масъалаи ҷавонон дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22 декабри соли 2016, чунин ишора гардидааст:

“Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас мегузоранд.

Дар баробари ин, ҷавонони мо дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои кишварамон зарур мебошанд. Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад.” Ҷавонони кишвари моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо Пешвои миллат тамоми саъю талоши хешро ба донишомӯзӣ, интихоби касбу ҳунар, ободиву пешрафти сарзамини азизамон, ҳимояи Ватан, рушди илму техника муосир ва созандаги равона созанд.

Ҷавонон бояд дар ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созандаи пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои соҳибистиқлолиро ҳифз кунанд амнияти давлат ва Ваҳдати, миллиро ҳимоя кунанд ва худро аз ҳама хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир ба монанди ифротгарои ва тераризм эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари азизамон бошанд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бисту дуюми декабри соли қабли бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод намудад, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун соли ҷавонон эълон карда шавад.

Ба ин асос, соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017, мо ҷавононро водор месозад, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳои роҳбари давлатамон ҳисси миллии худро баландтар бардошта, ҳушёру зирак бошем ва баҳри таъмини ояндаи дурахшони худ дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ, ҳама вақт омода бошем. Зеро, ҳар як кишвари олам барои инкишоф, тараққиёт ва таҳкими давлатдорӣ, нуфуз ва эътибори баланд, пеш аз ҳама ба ақлу хирад, бунёдкориву созандагии ҷавонон такя менамояд.

Дар баробари ин, қобили ёдоварист, ки маҳз ҷавонон имрӯз қишри аз ҳама осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир ҷалб ва иштироки ҷавонон дар созмонҳои террористиву экстремистӣ ва пеш аз ҳама “Давлати Исломӣ” тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст. Имрӯз шумораи ҷавонони тоҷик дар қаламрави Сурияву, Ироқ, Афғонистон, ҷанганда беш аз 1000 нафарро ташкил медиҳад.

Аз тарафи мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ нисбати онҳо чораҳои дахлдор андешида мешаванд. Вале, то имрӯз ин падидаи номатлуб пурра аз байн нарафтааст. Бинобар ин, зарур аст, ки дар муқобили ифротгароӣ ва терроризм худи ҷавонон саҳми дахлдор дошта бошанд. Чунин кор имрӯз аз тарафи созмонҳои гуногуни ҷавонони тоҷик, гуруҳҳои ихтиёрии ташвиқотии ҷавонон, васеъ ба роҳ монда шудааст. Чунончӣ, дар самти мазкур фаъолияти тарғиботиву ташвиқотии ҷавонон аз Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон “Созандагони Ватан” ахиран хеле назаррас буда,ҳамзамон аз тарафи онҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар чорабиниҳои мухталифи тарғиботӣ гузаронида мешаванд. Масалан, моҳи августи соли 2015 дар 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд актсия бо номи “Ҷавонон ба муқобили терроризм ва экстремизм”, гузаронида шуд. Дар чорчубаи он намояндагони ҳизб дар мавзӯи “Пешгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба созмонҳои террористиву экстремистӣ” конфронси илмӣ – амалӣ, чорабиниҳои варзишӣ ва фарҳангиву оммавӣ доир гардониданд. Дар он ҷавонони вилояти мазкур бо завқи том ширкат варзиданд. Ҳамзамон, ҷалби ҷавонони вилоят ба сафи ҳизби “Созандагони Ватан” сурат гирифт ва шумораи он имрӯз ба 27 ҳазор расонида шудааст.

Дар роҳи мубориза ба муқобили ифротгароӣ ва терроризм ҳамкории ҷавонон бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи хеле хуб роҳандозӣ гардидааст. Аз тарафи ин мақомоти вақтҳои охир, ҷалби ҷавонон ба сафи дружиначиён ихтиёрӣ барои мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм, ба таври васеъ ҷорӣ карда шуда истодааст. Ин имконият медиҳад, ки ҷавонон дар баробари муайян кардани ҷиноятҳои маъмурӣ ва вазнин, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин дар ҷустуҷӯи гуруҳҳои ифротгароиву террористӣ чорабиниҳои дигари пешгирикунанда, мустақиман иштирок намоянд.

Илова ба ин, аз ҳисоби кормандони ҷавони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 созмони “Авангард” (“Пешсаф”) ташкил гардидааст. Асоси фаъолияти онро кор бо ҷавонони ҷумхурӣ ташкил медиҳад. Онҳо дар байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгароӣ, террористӣ – экстремистӣ, васеъ ба роҳ андохтаанд.

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни вақт дар татбиқи лоиҳаи дигар ҳадафи хешро бо мақсади ташкили гуруҳҳои ташвиқотӣ аз ҳисоби ҷавонони довталаб – волонтёрҳо дар назар дорад. Ин гуруҳҳо асосан байни донишҷӯён, мактаббачагон, бекорон ва муҳоҷирони собиқ фаъолият намуда, барои пешгирӣ аз шомилшавии онҳо ба созмонҳои террористӣ - экстремистӣ, мусоидат мекунанд.

Ба ақидаи мо, кору фаъолияти созмону гуруҳҳои таблиғотии ҷавонон набояд бо ин маҳдуд карда шавад. Роҳу усулҳои дигари ташвиқотиву тарғиботӣ низ мавҷуданд, ба монанди: доир намудани озмун ва намоишгоҳҳои рассомӣ, форумҳо, мизҳои гирд, бозиҳои варзишӣ зери унвони “Ҷавонон ба муқобили ифротгароӣ ва терроризм”, паҳн кардани видеороликҳои ба мавзуи мазкур вобастабуда ва ғайра, ки дар пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ нақши арзанда доранд.

Қувваи ақлонии ҷавононро, инчунин метавон дар корҳои ташвиқотӣ аз тариқи интернет низ истифода бурд. Дар ин ҷода мувофиқи мақсад мебуд, агар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корҳои иттилоотиву тарғиботӣ тавассути интернет, шабакаҳои иҷтимоии дигар, ВАО ҷавонони аз нигоҳи технологӣ ва забонӣ лаёқатмандро ба чунин корҳо ҷалб мекарданд. Зеро, ба тамоми амалҳои террористону ифротгароиён аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, мо бояд бо роҳи паҳн кардани иттилооти манфиатдори худӣ, муқобилият нишон диҳем. Чунин корҳоро дар доираи ҷангҳои иттилоотӣ қариб тамоми кишварҳои ҷаҳон анҷом медиҳанд. Бинобар ин, доштани як барномаи мукаммал оид ба тарбияи чунин ҷавонон ба манфияти кор хоҳад буд.

Чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотиро метавон дар сатҳи байналмилалӣ низ ташкил намуд. Ба таври мисол, Кумитаи кор бо ҷавонон ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бо ҳамтоёни қирғизи худ, ки дар он ҷо низ проблемаи шомилшавии ҷавонон ба сафҳои созмонҳои террористӣ ҷой дорад, чорабинии муштараки тарғиботиро дар шакли гузаронидани мусобиқаи варзишӣ, фарҳангӣ ва ғайра доир намояд.

Дар хотима, бори дигар таъкид карданиям, ки эълон шудани соли 2017 ҳамчун соли ҷавонон масъулияти мо ҷавононро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаамон ва хусусан дар мубориза ба муқобили ифротгароӣ ва терроризм дучанд менамояд.

Бинобар ин, мо бояд дар тадбиқи дастуру супоришҳои роҳбари давлатамон оид ба масоили мазкур фаъол бошем ва ҳушёриву зиракиро бояд аз даст надиҳем ва ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз нигоҳ дорем.

Хоҷаев Ҳикматулло Ҳимматович.

Коршиноси сиёси Раёсати омӯзиши масалаҳои

амнияти минтақавӣ, Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба диққататон арзи сипос мегуям. 02.02.2017