Асосӣ: Амнияти минтақавӣ ТЕРРОРИЗМ - ВАБОИ АСР РАДИКАЛИЗМИ ҶАВОНОН - ХАТАР БА АМНИЯТИ КИШВАРҲО
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз266
mod_vvisit_counterДирӯз1434
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3186
mod_vvisit_counterДар ин моҳ19165
mod_vvisit_counterҲамагӣ1311832
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Сентябри
18
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ТЕРРОРИЗМ - ВАБОИ АСР РАДИКАЛИЗМИ ҶАВОНОН - ХАТАР БА АМНИЯТИ КИШВАРҲО

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир ҷараёнҳои иртиҷоии ба монанди терро¬ризм, экстремизм, ифротгароӣ ва ғайра дар минтақаҳои гу-ногуни ҷаҳон батадриҷ доман паҳн намуда, ба омили асосии мураккабшавии муносибатҳои байналхалқӣ табдил ёфтаанд. Тамоми ҷараёнҳои номбурда дар фаъолияти худ аз чорабиниҳои радикалӣ истифода мекунанд. Аз ин лиҳоз онҳоро ҷараёнҳои террористӣ, радикалӣ ё экстремистӣ – радикалӣ ё ифротгароӣ-радикалӣ меноманд.

Созмону ҳаракатҳои радикалии террористӣ - экстремистӣ ба монанди “Ҷабҳат-ун-нусра”, «Давлати Исломӣ», «Ваҳҳобия», «Салафия», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Гурӯҳи исломии Туркистони Шарқӣ», «Ал-қоида», «Конгреси халқии Курд», «Асбат-ал-Ансар», «Бародарони мусалмон», ҳаракати «То¬либон» ва ғайра имрӯз ба пиёдакунандаи манфиатҳои абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла Осиёи Миёна, табдил ёфтаанд.

Аз воқеаҳое, ки вақтҳои охир дар хоки давлатҳои Сурия, Лубнон, Ироқу Афғонистон, Туркия, Сомалӣ, Нигерия, Яман, Миср ва ғайра сар зада истодаанд, маълум мегардад, ки барои афроди терро¬ристу ифротгаро ягон муқаддасот - ватан, миллат, дин, мазҳаб арзише надоранд. Барои расидан ба ҳадафҳояшон онҳо аз зӯроварию ваҳшоният даст намекашанд. Неруи асосии ҷангандаи онҳоро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон ба сабаби як силсила омилҳо чунин гурӯҳи иҷтимоие мебошанд, ки дар баробари ғояҳо ва рӯҳияи ҳизбу ҳаракатҳои радикалӣ таъ¬сирпазир ва ҳассос ҳастанд. Таҳти таъсири ақидаҳои тундгаро ҷавонҳо ба гурӯҳҳои мазкур шомил гардида, ба иҷрои ҳама гуна амалҳои ғайриинсонӣ, монанди қатлу ғорат кардани инсонҳо тай-ёранд.

Вижагии радикализми ҷавонон дар нобоварӣ ё кинаю ғазаб нисбат ба давлат ва муносибати беихтиёрона ё ихтилофнок дар сатҳи алоқамандии байнишахсӣ ме-бошад. Ғояҳои радикализм як навъ шакли ҷойивазкунандаи ҳамгироӣ мебошанд, чунки механизмҳо ва шартҳои ҳамгироии иҷтимоӣ– касбӣ, ҷалби иҷтимоии ҷавонон (маълумот, касб, таҳарруки ҳудудӣ) дар ҷомеа коҳиш ёфтааст.

Ба радикализм на танҳо ҷавонони камби¬зоат, балки ҷавонони соҳиби сатҳи миёнаи таъминот низ даст мезананд, ки имкониятҳои ниҳодӣ ва сохторӣ барояшон мутобиқат на¬мекунанд. Радикалзми ақидаи насли ҷавон дар арзёбии манфии падидаҳои ҷомеа ба монанди ноадолатии иҷтимоӣ, ихтилофоти байналмилалӣ, бюрократия, коррупсия зоҳир мешавад.

Сабаби асосии густариши радика¬лизм мавҷудияти ҷавонони боқувват ва серҳаракат, аммо бе ҷойгоҳ дар ҷомеа, бе оянда, бе илоҷ мебошад. Чунин вазъ дар ҷавонон бадбинии оштинопазиронаро нисбат ба ҷомеа ба вуҷуд меоварад. Дар зиндагии ҳаррӯза бунёдгароии ҷавонон бештар дар шакли рӯҳия зоҳир шуда, низоми ақидаҳо ва эҳсосоти ифротиро ифода менамояд. Ноқаноатмандии як идда ҷавонон аз зиндагӣ дар шакли бадбинӣ нисбат ба муҳоҷирон, хусумати қавмию миллӣ ва бунёдгароии ростгаро рӯнамо мегардад. Ҳадафи асосии ин гурӯҳҳо ҷалби ҷавонони синни 20 то 35-сола мебошад. Суоле матраҳ аст, ки «чаро маҳз ҷавонон?!». Кӯшиш мекунем сабабҳоро ошкор намуда, ба ин суол ҷавоб диҳем.

ЯКУМ

Ҷавонон аз нигоҳи сиёсӣ ва идеологӣ як бахши серҳаракат ва қобили меҳнати ҷомеа мебошанд, ки нақши мусбати онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ–иқтисодӣ ва маънавӣ яке аз омилҳои муҳими рушди ҷомеа мебо¬шад. Сарфи назар аз гуногуннавъии ғанои зеҳнӣ ва фарҳангӣ бисёр ҷавонон ба таври яксон дар баробари бунёдгароӣ осебпазир мебошанд.

ДУЮМ

Теъдоди бисёри ҷавонон ҳастанд, ки худро дар ҷомеа афтодарӯҳ эҳсос меку¬нанд - махсусан, фарзандон аз хонаводаҳои камбизоат.

СЕЮМ

Идеологҳои радикалии ифротгаро маъ¬мулан мусулмононро бо ғайримусулмонон муқобил гузошта, фишори эҳтимолӣ ба ҷомеаи мусулмонии ҷаҳониро махсус таъ¬кид мекунанд ва барои ҳифзи онҳо зӯрию хушунатро таҳрик карда, раво мебинанд. Бо назардошти ин, онҳо худро муҳофизони дин, суннатҳо ва асолати мазҳабӣ мешу-моранд.

ЧАҲОРУМ

Омили маҳдуд ва вазъи номусоиди иҷтимоию иқтисодии ҷавонон метавонад дар ҷалби онҳо ба гурӯҳҳои радикалии тер¬рористиву ифротгаро нақши ҳалкунандаро бозӣ намояд. Барои кишварҳои пасошӯравӣ, ки ифротгароӣ дар онҳо васеъ густариш ёфтааст, чунин вазъи иқтисодӣ хос аст ва ин ҳолат аксар вақт ҷанбаи доимӣ ва систе-миро дорад.

ПАНҶУМ

Дар ҷаҳони ислом эҳсоси решада¬вондаи беадолатӣ ва залилӣ (хорӣ ё зорӣ) ҷой дорад. Беадолатӣ дар ислом аҳамияти махсуси диниро дорад ва дар далеловарии ифротгароён нақши пеш¬барро доро аст.

ДАР МАҶМӮЪ

Ба хулосае омадан зарур аст, ки масъалаҳои муҳиме, ки имрӯз авзои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, ҷомеаи мо - Тоҷикистонро за¬рур аст, ки аз ҳар гуна ташкилоту гурӯҳҳои ифротӣ ҳазар намуда, таъмини якпор¬чагии давлату миллат ва сулҳу ваҳдати худро пос дошта, кишвари азизаморо барои имрӯзу фардои насли оянда ободу зебо гардонем.

Ҳикматулло ХОҶАЕВ,

коршиноси сиёсии Маркази тадқиқоти

стратегии назди Президенти