Асосӣ: Маркази матбуот КОНФРОНСИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
+++



Меҳмонҳо

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз785
mod_vvisit_counterДирӯз1279
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4992
mod_vvisit_counterДар ин моҳ29158
mod_vvisit_counterҲамарӯза694574
Visitors Counter 1.5
Апрели
28
Ҷумъа
BuaXua Calendar

Омор

Маводҳои аз назар гузаронидашуда : 1187178

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ulti Clocks content
КОНФРОНСИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи 9 январи соли 2017 конфронси матбуотии Маркази тадқикоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Нишасти мабуотиро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми директори Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров кушода, суханро ба директори МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар вогузор намуд. Ӯ дар доир ба фаъолияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 гузориш дод ва аз ҷумла қайд кард, ки МТС-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати яке аз марказҳои таҳлилӣ ва машваратии кишвар бо мақсади амалишавии стратегияҳои давлатӣ ва такмили механизми сиёсати дохилию хориҷӣ ва ташвиқу тарғиби сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Дар соли 2016 Марказ бо бештар кардани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни омма ва ҳамкориҳои дохиливу хориҷӣ, тайёр кардани маводҳои таблиғотӣ, пешниҳод кардани гузоришҳои махсуси таҳлилӣ дар доираи нақшаҳои корӣ дар самтҳои зерин фаъолият намуд:

1. Дар самти корҳои илмию тадқиқотӣ.

Аз рӯйи нақшаи корҳои илмию тадқиқотӣ барои соли 2016 дар доираи самтҳои мазкур тадқиқот дар мавзӯъҳои зерин гузаронида шуд:

• Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ, иҷтимоӣ, миллӣ ва минтақавӣ ҳамчун стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон

• Ташаккули низоми миллии баҳогузории индикативии амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тибқи нақшаи корҳои илмию тадқиқотӣ барои соли 2016 дар доираи самтҳои мазкур тадқиқот аз рӯйи мавзӯъҳои зерин анҷом гирифт:

• мақоми ҳокимияти давлатӣ дар таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

• таҳдиду хатарҳо ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави манфиатҳои абарқудратҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ;

• дастовардҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 25 соли Истиқлолият: таҳлили самтҳои асосӣ;

• дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди ҷомеаи иттилоотӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ;

• низом ва моҳияти таъмини амнияти иҷтимоӣ дар Тоҷикистон;

• таҳия ва коркарди амалии тарзу услуби баҳогузории индикативии рушди ҷараёнҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

• таҳия ва коркарди амалии тарзу усули баҳогузорӣ ва мониторинги сатҳи амнияти озуқаворӣ дар миқёси минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

• таҳия ва коркарди амалии тарзу усули баҳогузории фаъолнокии соҳибкорӣ

ва фазои соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар бахши сиёсӣ асосан дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷ самт баррасӣ шуда, масъалаҳои нави дар ин соҳаҳо ба вуҷуд омада муайян карда шуданд. Натиҷаҳои илмии ба даст омада, ки дар конфронсҳои илмӣ арзёбӣ шуданд, дар маҷалла ва рӯзномаҳо ба нашр расида, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ дар шакли гузоришҳо пешниҳод гардиданд.

Дар давоми сол натиҷаҳои тадқиқот дар доираи ҷаласаҳои Раёсатҳо, Шӯрои илмию методӣ ва Шӯрои олимони Марказ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҳамчунин, тақриздиҳандагони дохилӣ ва берунӣ ба корҳои иҷрошудаи бахши сиёсӣ ва иқтисодии иҷрошуда хулосаҳои худро пешниҳод карданд. Ин имкон дод, ки ҳисоботи илмию тадқиқотии Марказ дар муддати муайяншуда (дар охири сол) бо сифати ба талабот ҷавобгӯй пешниҳод гардад. Ба ғайр аз ин, иҷрои чорабиниҳои мушаххас бо мақсади таъмини натиҷанокии амалии тадқиқот ба нақша гирифта шудааст.

2. Шӯрои олимон ва маҷаллаи илмии Марказ.

Шӯрои олимони Марказ дар ҳайати 21 нафар, аз ҷумла 1 академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 доктори илм ва 7 номзади илм фаъолият менамояд. Бо мақсади амалӣ намудани стратегияи ягонаи давлатӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ба ҳайати Шӯрои олимони Марказ олимону мутахассисон аз дигар ташкилоту муассисаҳо низ ворид карда шудаанд. Ҳайати таҳририяи нави маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” тасдиқ карда шуда, он аз нав шомили рӯйхати Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати илм ва маорифи Федератсияи Русия гашт. Қобили қайд аст, ки Ҳукумати ҶТ 26 ноябри соли 2016, таҳти рақами 505, Низомномаи намунавӣ оид ба Шӯрои диссертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмӣ (дотсент, профессор) ва Тартиби ба қайдгирии давлатии рисолаҳои илмии ҳимояшударо тасдиқ кард ва дар ин самт кор хеле осон шуд.

3.Таҳия ва пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ

Дар доираи баргузории корҳои илмию тадқиқотӣ кормандони Марказ пешниҳодҳо, гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилиро барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои амният ва дигар вазорату кумитаҳои давлатӣ, созмону ниҳодҳои дахлдор омода намуда, ба идораҳои дахлдор ирсол намуданд.

Дар соли ҷорӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ 64 гузориши таҳлилӣ, иттилоотию таҳлилӣ дар ҳаҷми умумии 971 саҳифа, маводҳои ҷамъбастии тамоми соҳаҳо дар ҳаҷми 552 саҳ. ва 22 адад гузоришҳои махсус пешниҳод карда шуданд.

4. Иштирок дар Комиссияҳои Ҳукуматӣ ва Гурӯҳҳои корӣ.

Роҳбарият ва кормандони Марказ дар Гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ доир ба масъалаҳои мушаххас иштирок намуданд:

–доир ба таҳияи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 (Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон);

–доир ба ташкили минтақаи тиҷорати озод байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин (дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон);

–доир ба баррасии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон);

–узви ҳайати мушовараи АМИТ “Ховар” ;

–доир ба таҳияи Консепсияи миллии рушди ҶТ барои давраи то соли 2050 (Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон);

– узви гурӯҳи коршиносони Вазорати корҳои хориҷӣ; –доир ба мониторинг ва баҳодиҳии нишондиҳандаҳои асосии фонди сармоягузорӣ дар сатҳи лоиҳаиҳои Барномаи мусоидат нисбати тағйирёбии иқлим. –доир ба татбиқи Консепсияи ҳукумати электронӣ.

–вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва раиси Комиссияи доимӣ оид ба робита бо ҷомеа ва Комиссияи муваққатӣ оид ба номгузории кӯча ва хиёбонҳои шаҳри Душанбе

–доир ба дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва инкишофи иҷтимоию иқтисодии ҶТ.

Кормандони Марказ дар таҳияи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 нақши фаъол доштанд. 5. Ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, мактабҳои олӣ ва муасисаҳои илмию тадқиқотӣ.

Марказ робитаҳои кории машваратиро бо вазорат, кумитаҳо ва агентиҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии давлатӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, аз ҷумла Пажӯҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ, Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демография; Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қаттор мактабҳои олии мамлакат амалӣ намуд.

6. Ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ.

Марказ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла намояндагиҳои СММ, САҲА, СҲШ, СААД, Бонки ҷаҳонӣ, Фонди байналмилалии асъор, Созмони Олмонии ҳамкории байналмилалӣ, Маркази дипломатияи пешгиранда (шаҳри Ашқобод) ҳамкориҳоро густариш медиҳад. Марказ узви Маркази таҳлилии СААД, узви Форуми СҲШ ва яке аз муассисони Академияи САҲА дар шаҳри Бишкек мебошад. 7.Конфронсҳои илмию амалӣ, симпозиум ва мизҳои гирд.

–Семинари байналмиллалии “Корея–Осиёи Марказӣ: роҳҳои вусъатбахшии ҳамкориҳо дар шароити тағйирёбии низоми иқтисодии Авруосиёӣ” (31 март, ғайринақшавӣ);

–«Афғонистони муосир: таҳдиду хатарҳои нав» (Конфронси илмию амалӣ, 11 апрел), “Форуми Созмони Ҳамкории Шанхай” ( 27, 28 апрел, сатҳи баланд), «Вазъи мураккаби ҷаҳон ва таъсири он ба Тоҷикистон» (Мизи гирд, 1 июн, ғайринақшавӣ); «Омилҳои асосии таҳкими Ваҳдати миллӣ дар шароити муосир: вазъ ва дурнамо» (Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, 14 июн), “Таъмини рушди устувори иқтисодӣ дар шароити бесуботии глобалӣ” (Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, 17 июн, ғайринақшавӣ), “Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ” (Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, 25 август), “Таҳдиду хатарҳои нав аз тарафи ДИИШ барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ” (Мизи гирд, 23 сентябр, ғайринақшавӣ), “Рушд ва дурнамои илм дар замони Истиқлолият” (Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, 30 сентябр), “Самтҳои асосии фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар заминаи пешгирии тундгароии динӣ” (Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, 31 октябр), “Сиёсати сармоягузории кишвар: вазъ ва дурнамо” (Симпозиуми илмию амалии ҷумҳуриявӣ, 30 ноябр), “Нақши СААД доир ба ҳифзи субот дар Осиёи Марказӣ: самтҳои ҳамкорӣ ва дурнамо” (Мизи гирд, 2 декабр, ғайринақшавӣ). Марказ тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва баргузории тантанаҳои ҷумҳуриявии ҷашни “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Конфронси ҷумҳуриявиро якҷоя бо Академияи илмҳои ҶТ дар мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ» гузаронд, ки дар он кормандони Марказ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Гузоришҳо аз семинару конфронсу мизҳои гирд дар ВАО ба таври васеъ инъикос шуда, дар сомонаи МТС гузошта шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ кормандони МТС дар конфронсу ҷамъомадҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирд, ки аз ҷониби созмонҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор шуданд, низ ширкат варзида, 88 маърӯза ва суханронӣ намуда, қариб 400 мусоҳиба ба васоити ахбори омма пахш ва нашр гардид.

8. Фаъолияти нашриявӣ. Дар давраи ҳисоботӣ Марказ дар фаҳмонидани нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти ҶТ ба мардуми кишвар саҳм гузошта якчанд маводҳои таблиғотӣ таҳия карда, ба теъдоди 200 адад дар ҳаҷми 14 саҳ. чоп кард, ки он ба тамоми вилоят, шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд. Инчунин, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китоберо бо номи «Шиорҳо аз Паёму суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» (Душанбе: “Андалеб-Р”, 2016, 80 саҳ.) бо теъдоди 300 адад ба табъ расонида, ба гурӯҳҳои тарғиботӣ тақсим ва ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ирсол намуд. Марказ дар раванди таблиғи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китобчаи “Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дар ҳаҷми 38 саҳ. бо теъдоди 150 адад, инчунин, бо мақсади таблиғу фаҳмондадиҳии лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ва омодагиҳо ба раъйпурсии умумихалқӣ (22 май соли 2016) китобчаи дигареро таҳти унвони “Шарҳи лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (бо теъдоди 100 адад дар ҳаҷми 24 саҳ.), маҷмӯаи “Шиорҳо дар боби Ваҳдати миллӣ аз Паёму суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон” (дар ҳаҷми 10 саҳ., ба ифтихори ҷашни 19 солагиии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон), инчунин, маводи зарурӣ барои тарғиботчиён дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ ва рушди ВМКБ дар замони Истиқлолияти давлатии ҶТ” (дар ҳаҷми 24 саҳифа) ва ба муносибати “Рӯзи Президент” китобчаи “Эмомалӣ Раҳмон–Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (дар ҳаҷми 27 саҳ.) таҳия ва нашр кард.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ва сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Марказ Абдуллоҳи Раҳнамо китоберо бо номи “Хатари тафаккури ифротӣ ва гурӯҳҳои ифротгарои динӣ дар чист?” (Душанбе: “Андалеб-Р”, 2016, 80 саҳ.), бо теъдоди 300 адад дар ҳаҷми 78 саҳифа ба нашр расонида, ба гурӯҳҳои тарғиботӣ ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳо фиристоданд. Дар давраи ҳисоботӣ китобҳои Худобердӣ Холиқназар “Саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва рушди Созмони ҳамкории Шанхай” (солҳои 1996–2014) (Душанбе: “Ирфон”, 2016, 536 саҳ.), ”Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза ба зидди терроризм ва экстремизми динӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ” (Душанбе: “Ирфон”, 2016, 300 саҳ.), ”Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамгироии минтақавӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ” (Душанбе: “Ирфон”, 2016, 114 саҳ.), китоби сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ А.Ш. Қурбонов “Амнияти зеҳнӣ ва истиқлолияти давлатӣ (таҳлили иҷтимоию сиёсӣ) (Душанбе: “Ирфон”, 2016, 108 саҳ.), китоби муовини сардори Раёсат Икромов Ҷ. “ Тоҷикистон дар оинаи муҳоҷират” (Душанбе: 2016, 132 саҳ.), китоби мутахассиси пешбар Нуриддинов П.Р. “ Ҳизбҳои сиёсӣ ва сохтори ҳизбии Афғонистон” (Душанбе: “Андалеб-Р”, 2016, 408 саҳ.), ҳамчунин, маҷмӯи мақолаҳои Абдуллоҳи Раҳнамо “Эмомалӣ Раҳмон–Пешвои миллат” (Душанбе: “Ирфон”, 2016, 54 саҳ.) чоп гардиданд. Дар китоби “Пешвои миллат”, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳия ва нашр гардид, мақолаҳои Худобердӣ Холиқназар, Сайфулло Сафаров ва Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзӯъҳои “Президент ва миллат”, “Пешвои миллӣ доштан зарурати таърихии миллат аст”, “Пешвои миллӣ будани Эмомалии Раҳмон рисолати ӯст” бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба нашр расиданд.

Тибқи талаботи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китобхонаи Марказ барои соли 2016 ба 11 номгуйи рӯзномаву маҷаллаҳои кишвар обуна шуда буд.

Дар давраи ҳисоботӣ 5 шумораи нашрияи илмии Марказ – маҷаллаи «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” нашр гардид.

9. Ҳамкорӣ бо Марказҳои таҳлилии дигар кишварҳо.

МТС-и назди Президенти ҶТ бо як қатор марказҳои таҳлилии дигар давлатҳо, аз ҷумла бо марказҳои таҳлилии Федератсияи Русия, Қазоқистон, Чин, Афғонистон, Ҳиндустон, марказҳои тадқикоти стратегии Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва, Лаҳистон низ робитаҳои хуби корӣ дорад.

10. Таҷрибаомӯзии донишҷӯён.

Дар соли 2016 ба Марказ дар маҷмӯъ, 212 нафар донишҷӯ аз мактабҳои олии ватанӣ ва хориҷӣ таҷриба омӯхтанд.

11. Сомонаи интернетии Марказ.

Сомонаи Марказ ба таври доимӣ фаъол буда, дар он маводҳои илмию таҳлилӣ, хабарҳо, маърӯзаҳо, гузоришҳо, суханрониҳо, мақолаҳои илмии маҷаллаи «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз» ва китобҳои кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва МТС-и назди Президенти ҶТ ҷой дода шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ дар сомонаи интернетии Марказ беш аз 240 хабару гузориш ва мақолаҳои илмии кормандони Марказ интишор ёфтаанд.

12.Корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ. Дар соли 2016 роҳбарият ва кормандони Марказ дар як қатор чорабиниҳои сиёсӣ ва тарғибу ташвиқи сиёсати Президенти ҶТ саҳми фаъол доштанд. Шумораи умумии суханрониҳо дар мактабҳои олӣ, идораҳои давлатӣ ва минтақаҳо аз 200 бештар буд. Кормандони Марказ дар ҳайати гурӯҳҳои тарғиботӣ доир ба фаҳмондадиҳии нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Норак, Хоруғ, Бӯстон, Исфара, Ванҷ, Темурмалик, Рӯшон, Гулистон, Конибодом, Қубодиён, Ишкошим, Шуғнон, Вахш, Панҷ, Ховалинг, Шасиддини Шоҳин, Роштқалъа, Шаҳринав, Рашт, Хуросон ва ғайра суҳбатҳои пурмазмун доир намуданд.

Кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ дар баробари фаъолияти илмию тадқиқотӣ дар тарғибу ташвиқи ҳамаҷонибаи дастовардҳо дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ, сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар амалӣ намудани стратегияҳои давлатӣ дар таъмини рушди устувор, ҳифзи амнияти иттилоотӣ, ҳамчунин, татбиқи нақшаи табдил додани Тоҷикистон аз кишвари аграрию саноатӣ ба саноатию аграрӣ ва барои фаҳмондадиҳӣ фаъолона ширкат варзиданд. Ҳамчунин, дар чорабиниҳо ба муносибати “Рӯзи Президент” доир ба ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат дар мактабҳои олӣ, вазоратҳо ва дигар идораю ниҳодҳои давлатӣ суханронӣ намуда беш аз 50 мусоҳибаҳо бо намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор намуданд.

Дар охир роҳбарияти МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: директори он Худобердӣ Холиқназар, муовини якуми директори Марказ Сайфулло Сафаров, муовини директори Марказ Фарида Муминова ба саволҳои рӯзноманигори ватанию хориҷӣ ҷавобҳои қаноатбахш доданд.

Нишасти матбуотӣ дар фазои самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда ба анҷом расид. ХАДАМОТИ МАТБУОТИИ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ

ТОҶИКСТОН