Асосӣ: Конференсияҳо ва мизиҳои мудаввар МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «ХУСУСИЯТҲОИ ҲАМГИРОИИ МИНТАҚАВӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ: МАСЪАЛА ВА ДУРНАМО»
+++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз273
mod_vvisit_counterДирӯз1873
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2146
mod_vvisit_counterДар ин моҳ24562
mod_vvisit_counterҲамагӣ818942
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
21
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ulti Clocks content
МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «ХУСУСИЯТҲОИ ҲАМГИРОИИ МИНТАҚАВӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ: МАСЪАЛА ВА ДУРНАМО»

Рӯзи 30 декабри соли 2016 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи гирд дар мавзӯи «Хусиятҳои ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ:

масъала ва дурнамо» баргузор гардид. Дар ҳамоиши илмию амалӣ намояндагони сафоратҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ, Федератсияи Русия, коршиносону мутахассисони масоили байналмилалӣ, намояндагони вазорату сохторҳои дахлдор, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, намоядагони воситаҳои ахбори омма ширкат намуданд. Дар нишасти мазкур масъалаҳои муҳими ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтанд.

Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар бо сухани муқаддимавӣ кушода, иштирокчиёни нишасти илмию амалиро хайрамақдам гуфт ва мухтасаран дар бораи ба равандҳои ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ: вазъияти имрӯза ва дурнамо маълумот ироа намуд. Сипас сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон И.С.Лякин-Фролов, намояндагони сафоратҳои ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Қирғизистон суханронии табрикӣ намуданд.

Ҳамин тавр, нишасти якуми кории Мизи гирд зери унвони “Ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ: баррасии таъсири омилҳои дохилӣ ва хориҷӣ” таҳти раёсати муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров ба кори худ шурӯъ кард. Дар аввал рӯйнамоии китоби директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих Худобердӣ Холиқназар “Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ” баргузор гардид. Муаллиф зимни суханронии худ роҷеъ ба мазмуну муҳтавои асараш, ба ҳозирин маълумоти арзишманд ироа намуда, ба суолҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш дод. Баъдан профессори кафедраи таърих ва назарияи муносибатҳои байналмилалӣ, директори Маркази тадқиқоти геополитикии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Г.М.Майтдинова дар мавзӯи “Таъсири омилҳои геополитикӣ ба раванди ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ”, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Ф.М. Муминова дар мавзӯи “Таҳдидҳо ва имкониятҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ”, мудири кафедраи минтақашиносии хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ А.Шарипов дар мавзӯи “Авлавиятҳои минтақавии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ карданд. Дар охири нишасти аввали корӣ иштирокчиёни ҳамоиши илмию амалӣ пиромуни маърузаҳои ироашуда фикру андешаҳои ҷолиб баён намуданд.

Нишасти дуюми кории Мизи гирд зери унвони “Ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ: омилҳои иқтисодӣ ва амниятӣ”-ро сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо барандагӣ кард. Дар назди ҳозирин муовини директори Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор А.Б.Мирсаидов дар мавзӯи «Эҳёи бозори ягона ҳамчун омили асосии ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ», сармутахассиси Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Н.Сангинов дар мавзӯи “Таҳдидҳои муштараки амниятӣ ҳамчун омили ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ”, сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон З. А. Давлатов дар мавзӯи « Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ: хусусиятҳо ва дастовардҳо” маърузаҳои илмӣ намуданд. Пиромуни маърузаҳо иштирокчиёни ҳамоиш фикру андешаҳои ҷолибу судманд изҳор намуданд.

Ҳамоишро муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров ҷамъбаст карда, ба иштирокчиёни Мизи гирд барои ширкати фаъолона ва ибрози фикру андешаҳои арзишманд изҳори сипос намуд ва ба онҳо дар Соли Нави милодӣ барори кор ва комёбиҳои бешумор таманно намуд.

Мизи гирд дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда сурат гирифт.

Маркази матбуоти МТС-и назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон