Асосӣ: Навигариҳо «ТУ ҶАВОНӢ, ҶАВОНИЯТ ЗЕБОСТ… » БА МУНОСИБАТИ СОЛИ ҶАВОНОН ЭЪЛОН ШУДАНИ СОЛИ 2017
+++



Хабарҳои охирин

Меҳмонҳо

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз60
mod_vvisit_counterДирӯз1380
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4867
mod_vvisit_counterДар ин моҳ23793
mod_vvisit_counterҲамарӯза655094
Visitors Counter 1.5

Омор

Маводҳои аз назар гузаронидашуда : 1165712
Марти
24
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ulti Clocks content
«ТУ ҶАВОНӢ, ҶАВОНИЯТ ЗЕБОСТ… » БА МУНОСИБАТИ СОЛИ ҶАВОНОН ЭЪЛОН ШУДАНИ СОЛИ 2017

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017-ро соли ҷавонон эълон намуданд. Аз ҷумла, дар Паём чунин омадааст:

«Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас мегузоранд. Дар баробари ин, ҷавонони мо дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои кишварамон зарур мебошанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд».

Ба таъкиди Сарвари давлат, ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд. Бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷавонон эълон карда шавад.

Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд, барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд. Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад.

Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавононро неруи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеаи навини мо мешуморанд ва ба сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзи аввали истиқлолият диққати ҷиддӣ медиҳанд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҷавонони тоҷик бояд тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд. Дар ин самтҳо ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд.

Паёми имсола барои ҷавонони кишвар дастурамали корӣ буда, дар маҷмӯъ як китоби мукаммалест, ки барои дастёбӣ ба роҳу усулҳои муосир дар самти беҳдошти иҷтимоию иқтисодӣ, маориф, фарҳанг,

тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷавонон ниҳоят зарур аст. Президенти мамлакат зикр намуданд, ки ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо муаллимони баландихтисос чораҷӯӣ карда, доир ба ҳалли масъалаи норасоии омӯзгорон, махсусан, аз фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, инчунин бо кадрҳои дорои таҳсилоти олии касбӣ таъмин намудани мактабҳои деҳот, ки ин нишондиҳанда то имрӯз 70 фоизро ташкил медиҳад, тадбирҳои зарурӣ андешида, то соли 2019 масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар мамлакат пурра бартараф карда шавад.

Пешвои миллат махсусан таъкид карданд, ки ҳамасола барои ҷавони кишвар 100 ҳазор ҷои кори нав таъсис дода шавад. Дастоварди дигари нодире, ки дар ҳаёти сиёсию фарҳангӣ ва иқтисодию маънавии ҷавонони кишвар такони ҷиддӣ бахшид, ин таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2015 тасдиқ гардидааст. Дар маҷмӯъ, ба хулосае омадан зарур аст, ки масъалаҳои муҳиме, ки дар Паёми имсолаи Сарвари давлат муайян карда шуданд, моро барои ташвиқи ҳамаҷонибаи онҳо уҳдадор ва масъул мекунанд. Вобаста ба ин дар самти кор бо ҷавонон чунин корҳоро бояд анҷом дод:

-аз устодону омӯзгорон ва падару модарон талаб карда мешавад, ки диққати наврасон ва хонандагону донишҷӯёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монанд. Инчунин ба касбомӯзии шогирдону фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро дар рӯҳияи донишомӯзиву меҳнатдӯстӣ тарбия намоянд;

-масъулони соҳаро зарур аст, ки ҷиҳати ташкил намудани марказу маҳфилҳои техникҳои ҷавон дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаю олии касбӣ ва инкишоф додани марказҳои дастгирии хонандагони болаёқат тадбирҳо андешанд;

-Вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд ҷиҳати рафъи камбудиҳои дар самти тарбияи ҷавонон ҷойдошта тадбирҳои иловагӣ андешида, бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва боло бурдани тафаккури техникии наврасон озмунҳо ва мусобиқаҳои илмиву эҷодиро роҳандозӣ намоянд.

Хуллас, соли оянда ҷавонони кишварро рӯйдодҳои муҳиму хотирмон интизоранд. Месазад бо чунин мисраъҳои устод Лоиқ ба ҷавонони кишвар муроҷиат кард:

Ту ҷавонӣ, ҷавоният зебост,

Айни сабзидану шукуфтанҳост.

Ту ҷавонӣ, ҷаҳони ту роҳ аст,

Арсагоҳат зи моҳӣ то моҳ аст.

Ҳикматулло ХОҶАЕВ,

коршиноси масоили сиёсии

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарчашма: АМИТ "Ховар"