Асосӣ: Конференсияҳо ва мизиҳои мудаввар МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО СОЛИ 2030: АФЗАЛИЯТҲО ВА МЕХАНИЗМҲОИ АМАЛИГАРДОНӢ»
+++



Хабарҳои охирин

Меҳмонҳо

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз902
mod_vvisit_counterДирӯз1047
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4663
mod_vvisit_counterДар ин моҳ20456
mod_vvisit_counterҲамарӯза627208
Visitors Counter 1.5

Омор

Маводҳои аз назар гузаронидашуда : 1132014
Феврали
25
Шанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ulti Clocks content
МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО СОЛИ 2030: АФЗАЛИЯТҲО ВА МЕХАНИЗМҲОИ АМАЛИГАРДОНӢ»

Рӯзи 21 декабри соли 2016 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи гирд дар мавзуи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030: афзалиятҳо ва механизмҳои амалигардонӣ» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳо, коршиносон олимони иқтисодшинос ва мутахассисони соҳавӣ дар бораи пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ ва дурнамои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар ва мубодилаи афкор намуданд.

Ҳадафҳои мизи гирд чунин буданд:

• баррасии рушди ояндаи дарозмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мубоҳисаҳои коршиносӣ оид ба самтҳои калидии рушд;

• дастгирӣ ва пешбурди ташаббусҳое, ки ба таъмини самаранокии дигаргуниҳои иқтисодӣ дар доираи таъмини рушди устувор равона шудаанд;

• мусоидат ба рушди механизмҳои ҳамкории мақомоти идоракунии давлатӣ,

соҳибкорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини рушди устувор.

Мизи гирд ҳадафҳои стратегии кишварро дар бар гирифт, ки дар он фикру андешаҳои коршиносон, намояндагони вазоратҳои соҳавӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҷанбаҳои калидии рушди устувор мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтанд.

Дар доираи Мизи гирд доир ба ҷанбаҳои зерини рушди устувори дарозмуддат ибрози андеша карда шуд:

• шароитҳои макроиқтисодӣ ва сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

• ҳадафҳои рушди устувор ва вазифаҳои мақсаднок барои давраи баъди соли 2015;

• камбизоатӣ ва сиёсати давлатии мубориза бо камбизоатӣ;

• таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизо;

• таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва сарфаи захираҳо;

• дастгирии рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ;

• таъмини сармоявии амалисозии вазифаҳои рушди дарозмуддат;

• шарикӣ ва пешбурди рушди устувор;

• ҷанбаҳои минтақавии рушди иҷтимоию иқтисодӣ;

• инкишофи низоми нақлиёт ва амалигардонии неруи транзитии кишвар;

• рушди иқтисодӣ ва шуғл дар доираи рушди устувор;

• рушди неруи инсонии кишвар;

• ислоҳот дар низоми ҳифзи иҷтимоӣ.

Нишастро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, зимни суханронии худ иштирокчиёни мизи гирдро хайрамақдам гуфт ва изҳор дошт, ки ин нишасти илмию коршиносӣ барои татбиқи амалии «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030: афзалиятҳо ва механизмаҳои амалигардонӣ» аҳамияти калон дорад.

Нишасти якуми Мизи гирдро дар мавзӯи «Самтгирии рушди дарозмуддати кишвар» муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муминова барандагӣ намуд. Дар назди ҳозирин намояндаи котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳра Мамадҷонова дар мавзӯи «Дастгирии рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ дар доираи Стратегияи миллии рушд то соли 2030», намояндаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродова дар мавзӯи «Афзалиятҳои соҳаи нақлиёт дар партави Стратегияи миллии рушд ва роҳҳои татбиқи он», муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрам Рӯзизода дар мавзӯи «Вазъи саноати хӯрокворӣ ва таъмини амнияти хӯрокворӣ», муовини аввали Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинзода дар мавзӯи «Баъзе масъалаҳои рушди неруи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», сардори раёсати Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадхӯҷа Назруллоев дар мавзӯи «Инъикоси мақсадҳои рушди устувор дар Стратегияи миллӣ», сардори шуъбаи Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Бобоҷонов дар мавзӯи «Ҳамбастагии афзалияту вазифаҳои рушд ва механизмҳои мониторинг» суханронӣ карданд. Иштирокчиёни Мизи гирд пиромуни маърузаҳо фикру мулоҳизаҳои ҷолиб ва сӯдманд баён карданд.

Сипас нишасти дуюми Мизи гирд таҳти унвони «Ҳамбастагии рушди иқтисод ва иҷтимоӣ» доир гардид. Иштирокчиёни нишаст маърузаҳои муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддин Усмонзодаро дар мавзӯи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф», сардори Раёсати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Маҳмудзодаро дар мавзӯи «Самтгирии рушди соҳаи тандурустӣ», ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Маҳкамовро дар мавзӯи «Рушди бахши воқеиии иқтисод», ноиби Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷамол Тоҷиддин Саидро дар мавзӯи «Нақши Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар таъмини амнияти озуқавории кишвар», муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муминоваро дар мавзӯи «Масъалаҳои калидии таъмини рушди сармояи инсонӣ», муовини сардори Раёсати тадқиқоти иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷовид Икромовро дар мавзӯи «Инъикоси равандҳои муҳоҷират дар самтгирии рушди дарозмуддат» бо рағбати калон шуданд.

Сипас пиромуни суханрониҳо мубодилаи афкор сурат гирифт. Мутахассисону коршиносон ҷанбаҳои гуногуни «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030»-ро шарҳу тавзеҳ доданд.

Нишасти илмию коршиносиро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муминова ҷамъбаст карда, ба иштирокчиёни Мизи гирд изҳори сипос намуд. Мизи гирд дар фазои озод ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.

  1. Маркази матбуоти МТС-и назди
  2. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон