Асосӣ: Навигариҳо Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони доираҳои соҳибкорию молиявии Шри-Ланка
+++ Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун +++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++ Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2017 01:56, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико +++ Суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ 30.08.2017 08:49, шаҳри Душанбе +++ Ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз60
mod_vvisit_counterДирӯз977
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1037
mod_vvisit_counterДар ин моҳ22427
mod_vvisit_counterҲамагӣ971654
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Декабри
18
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони доираҳои соҳибкорию молиявии Шри-Ланка

Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка дар шаҳри Коломбо мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои ин кишвар баргузор шуд.

Дар оғоз сурудҳои миллии Тоҷикистону Шри-Ланка садо дода, чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии Шри — Ланка Ҳарша Де Силва ифтитоҳ намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар форуми соҳибкорон бо нутқи пурмуҳтаво суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат ин мулоқотро иқдоми муҳим дар самти роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодии кишварҳо арзёбӣ карда, барои доираи васеи намояндагони соҳибкорию молиявии Шри — Ланка имкониятҳои фарохи ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорон кафолатҳо ва имтиёзҳои зиёдеро муқаррар намудааст, аз ҷумла, дар доираи Кодекси андоз барои пешрафти соҳибкорӣ беш аз 240 номгӯй имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардидаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо шароити озоди рақобатро, ки ба тиҷорат ва воридоту содироти озоди сармоя, мубодилаи пурраи дохилии асъор мусоидат менамоянд, фароҳам овардаем.

Узвияти кишвари мо дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо аз мутобиқ будани қонунгузории мо ба меъёрҳои байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.

Таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон имрӯз дар чаҳорчӯбаи стратегияи дарозмуҳлати рушди миллии худ барномаҳои зиёд ва судовари иқтисодиро амалӣ менамояд, ки татбиқашон ҷалби сармояи бештари хориҷиро тақозо дорад.

Лоиҳаҳо дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди инфрасохтори туризм, иртибототу нақлиёт, содироти оби нӯшокӣ барои кишвари мо аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо доираи соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ мебошад.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки рушди муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун ва истифодаи имкону захираҳо барои мардумони ҳар ду кишвар судовар хоҳад буд.

Аз доираи соҳибкорон ва сармоягузорони Шри-Ланка даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати шиносоии наздик ва ба роҳ мондани ҳамкории зичу мутақобилан судманд ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар таъсиси корхонаҳои муштараки соҳаҳои асалпарварӣ, истеҳсолу содироти меваю сабзавот, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, нахи пахта ва алюминийи аввалия, ҳамчунин рушди соҳаи туризм, махсусан туризми кӯҳӣ, ки ба шарикони байналмилалӣ аз лиҳози иқтисодӣ фоидаи зиёд меоваранд, иштирок намоянд.

Дар анҷоми мулоқот имкониятҳои иқтисодии Тоҷикистон ба таври муфассал муаррифӣ гардида, миёни аъзои ҳайати расмии Тоҷикистон ва намояндагони доираи тоҷирону сармоягузорони Шри-Ланка мубоҳисаи судманд баргузор шуд.

Дар ҳамин ҷо ба хотири рушду густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Шри — Ланка ва Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи тиҷорати Коломбо оид ба рушди тиҷорати дуҷониба ва ҳамкории соҳибкорони ду кишвар ба имзо расид.

Сарчашма: АМИТ «Ховар»