Асосӣ: Маркази матбуот ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ОЛИМОНИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
+++



Хабарҳои охирин

Меҳмонҳо

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз59
mod_vvisit_counterДирӯз1380
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4866
mod_vvisit_counterДар ин моҳ23792
mod_vvisit_counterҲамарӯза655093
Visitors Counter 1.5

Омор

Маводҳои аз назар гузаронидашуда : 1165709
Марти
24
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ulti Clocks content
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ОЛИМОНИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи 14 декабри соли 2016 ҷаласаи Шӯрои олимони Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих Худобердӣ Холиқназар ифтитоҳ намуда, дар бораи фаъолияти илмию тадқиқотии Мараказ дар соли 2016 ба таври мухтасар маълумот дод.

Сипас дар назди ҳозирин сардорони раёсатҳои Марказ дар бораи фаъолияти раёсатҳо дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017 ҳисобот доданд. Дар маҷмӯъ, дар соли 2016 Марказ дар доираи нақшаи кории илмию тадқиқот дар мавзӯъҳои зерин пажӯҳишу тадқиқ гузаронид:

1. Дар самти корҳои илмию тадқиқотӣ:

• масоили таъмини амнияти иттилоотӣ, иҷтимоӣ, миллӣ ва минтақавӣ ҳамчун стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон

• ташаккули низоми миллии баҳогузории индикативии амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

• мақоми ҳокимияти давлатӣ дар таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

• таҳдиду хатарҳо ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави манфиатҳои абарқудратҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ;

• дастовардҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 25 соли истиқлолият: таҳлили самтҳои асосӣ;

• дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди ҷомеаи иттилоотӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ;

• низом ва моҳияти таъмини амнияти иҷтимоӣ дар Тоҷикистон;

• таҳия ва коркарди амалии тарзу услуби баҳогузории индикативии инкишофи ҷараёнҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

• таҳия ва коркарди амалии тарзу усули баҳогузорӣ ва мониторинги сатҳи амнияти озуқаворӣ дар миқёси минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

• таҳия ва коркарди амалии тарзу услуби баҳогузории фаъолнокии соҳибкорӣ ва фазои соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар давоми сол натиҷаҳои қаблии тадқиқот дар доираи ҷаласаҳои Марказ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ин имконият дод, ки ҳисоботи илмию тадқиқотии Марказ дар муддати муайяншуда (дар охири сол) бо сифати ба талабот ҷавобгӯ пешниҳод гардад. Ба ғайр аз ин, иҷрои чорабиниҳои мушаххас бо мақсади таъмини натиҷанокии амалии тадқиқотҳо ба нақша гирифта шудааст.

2.Шӯрои олимон ва маҷаллаи илмии Марказ

Шӯрои олимони Марказ дар ҳайати 21 нафар, аз он ҷумла 1 академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 доктори илм ва 7 номзади илм фаъолият менамояд. Ба мақсади амалӣ намудани стратегияи ягонаи давлатӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ба ҳайати Шӯрои олимон кормандони варзидаи Марказ, олимону мутахасисон аз дигар муассисаҳои илмию пажӯҳишӣ низ ворид карда шудаанд. Ҳайати таҳририяи нави маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони нав” тасдиқ карда шуда, худи нашрия аз нав шомили рӯйхати Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати илм ва маорифи Федератсияи Русия гардид.

3.Таҳия ва пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ

Дар доираи баргузории корҳои илмию тадқиқотӣ кормандони Марказ пешниҳодот, гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои амният ва дигар вазорату кумитаҳои давлатӣ, созмону ниҳодҳои дахлдор омода намуда, ба идораҳои дахлдор фиристода шуданд.

Дар соли 2016 ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ 64 гузориши таҳлилӣ, иттилоотию таҳлилӣ дар ҳаҷми умумии 971 саҳифа пешниҳод карда шудааст.

Гузоришҳои раёсатҳо мавриди баррасӣ ва арзёбии амиқ қарор гирифтанд. Аъзоёни Шӯрои олимон фикру андешаҳои худро пиромуни фаъолияти илмию тадқиқотии ҳар як раёсати Марказ изҳор намуданд.

Сипас нақшаи корҳои илмию тадқиқотии Марказ барои соли 2017 баррасӣ ва тасдиқ гардид.

Муовини якуми директори МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Сайфулло Сафаров дар бораи нақшаи тарбия ва бозомузонии кадрҳо, такмили тахассуси онҳо барои соли 2017 (оид ба омӯзиши забонҳо ва такмили маҳорати таҳлил) суханронӣ намуд. Баъди баррасию муҳокима нақшаи мазкур тасдиқ карда шуд.

Дар охир ҷаласаи Шӯрои олимони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро директори Марказ Худобердӣ Холиқназар натиҷагирӣ ва ҷамъбаст намуд.

Маркази матбуоти

МТС-и назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон