Асосӣ: Амнияти минтақавӣ Манфиати абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ: «ҳамкорӣ ё рақобат»
+++



Хабарҳои охирин

Меҳмонҳо

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз902
mod_vvisit_counterДирӯз1047
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4663
mod_vvisit_counterДар ин моҳ20456
mod_vvisit_counterҲамарӯза627208
Visitors Counter 1.5

Омор

Маводҳои аз назар гузаронидашуда : 1132013
Феврали
25
Шанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ulti Clocks content
Манфиати абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ: «ҳамкорӣ ё рақобат»

Тағйир ёфтани муносибатҳои абарқудратҳо дар саҳнаи сиёсии ҷаҳон ва бархӯрди манфиатҳои геостратегии онҳо ҷиҳати тасарруфи захираҳои ғании кишварҳои минтақа як амали муқаррарӣ шуда истодааст. Дастгирии рӯй рост ва ё пардапӯшонаи инқилобҳои ранга ва табадуллотҳи сиёсӣ бори дигар бархӯрди нобоварии муносибатҳои сиёсии миёни қудратҳои ҷаҳониро собит менамояд. Чунин бархӯрди манфиатҳоро метавон дар Сурия, Ироқ, Либия мушоҳида намуд. Имрӯзҳо тарҳрезии заминаҳои интиқоли чунин бархӯрдҳо аз он ҷумла ба Осиёи Марказӣ низ аз эҳтитмол дур нест.

Осиёи Марказӣ ҳамчун минтақаи муҳими ҳамкориҳои бисёрсамта ба ҳисоб меравад. Мавқеи ҷуғрофии мусоид, сарватҳои табиӣ, нафти хом, газ ва инчунин, дигар захираҳои табии диққати қудратҳои ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст.

Раванди таҳаввулоти Осиёи Марказӣ баёнгари он аст, ки минтақаро ба тадриҷ вориди бозии хатарнок мегардад. Дар вазъияти нави геополитикии ҷаҳон муносибати Русия ва Ғарб (хосса ИМА) тезутунд шуда истодаасту кишварҳои Осиёи Марказиро зарур аст то дар раванди амалигардонии стратегияи сиёсати хориҷии хеш ин омилро ба эътибор гиранд.

Қудратҳои манфиатдор, баҳсҳои ҳассоси марзии миёни кишварҳои минтақаро тақвият дода, бо ин роҳ мехоҳанд вазъи сиёсиро ноустувор карда, барои низоҳҳои дохили минтақа замина омода намоянд.

Ҳар яке аз абарқудатҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ барномаҳои мушаххаси стратегии дарозмуддати худро барои тасарруфи Осиёи Марказӣ тарҳрезӣ кардаанд, вале дар умум маълум нест, ки рушд ва амнияти минтақаро дар назар доранд ё не?

Дар айни замон се барномаи иқтисодии бузургҳаҷм; «Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё» - аз ҷониби Русия, «Камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим» аз ҷониби Чин ва «Осиёи Марказии Бузург» аз тарафи Амрико тарҳрезӣ ва амалӣ шуда истодаанд. Рақобат байни ин қудратҳо барои нақши калидиро дар минтақа касб кардан ба омили таҳдидкунанда ба амнияти минтақа табдил ёфтааст. Дар аксари лоиҳаҳо манофеъи миллию давлатии худи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар дараҷаи дуввум қарор дорад.

Барномаи «Камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим» равобити иқтисодии Чинро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самтҳои мухталиф тақвият медиҳад. Лоиҳаи мазкур аз ҷумлаи барномаҳои бузурги иқтисодии Чин маҳсуб ёфта, амалӣ шудани он нақши иқтисодии ин давлати абарқудратро дар Осиёи Марказӣ ва Аврупо куллан тағйир медиҳад. Бартарияти амалии барнома дар он аст, ки ба ғайр аз роҳи мошингард сохтмони роҳи оҳан низ дар нақша гирифта шудааст, ки кишварҳои минтақаро аз ҷиҳати робитаи коммуникатсионӣ пайванд мекунад. Бинобар ин, Чин дар ноором гардидани вазъи минтақа манфиатдор нест, вале рақибони дигар бо ноором кардани вазъи минтақа кушиши танг кардани нуфузи иқтисодии Чинро доранд.

Дар айни ҳол ҳамкории бисёрсамтаи ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна бо Чин ва Русия хеле назаррас аст ва таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, (СҲШ), Созмони Амниятии Дастаҷамӣ (СААД) ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИА) онро собит мекунад.

Русия, ки ташаббускори аслии ин барномаҳост, мехоҳад тавассути ин созмонҳо на танҳо амнияти Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро ҳифз намояд, балки дар навбати аввал манофеъи сиёсӣ ва геополитики худро пайгири кунад.

Аммо муаммои минтақа дар чист?

Амрико ва шариконаш барои касб кардани нақши сиёсӣ дар минтақа лоиҳаи «Осиёи Марказии Бузург»-ро тарҳрезӣ кардаанд, ки куллан хилофи ҳадафҳои Пекин ва Маскав мебошанд. Азбаски Амрико сардории эътилофи НАТО- ро ба уҳда дорад, бояд дар назар дошт, ки ҳама гуна ҳамкориҳои Амрико ба хотири танг кардани нуфузи ин кишварҳо дар минтақа мебошад. Ҳарчанд кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ бо барномаи «Ҳамкориӣ барои сулҳ» бо Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) имзо намудаанд, вале дар татбиӣи барномаҳои сиёсӣ ин ҳуҷҷат ягон нақши меҳварӣ надорад.

Дар шароити бархӯрди қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи сиёсиву иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба як муаммои сарбаста табдил ёфтааст. Дар ин бозиҳо ҳар як амали ноҷо аз ҷониби ин ё он абарқудрат метавонад сабаби аз байн рафтани амнияти минтақа гардад. Зеро бархурди манофеъи қудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ омили асосии таҳдидкунанда ба амнияти кишварҳои минтақа гардида, ба раванди сиёсӣ ва идеологии онҳо таъсир расонда ва метавонад боиси ба таҳрик даровардани низоҳои дохилӣ гардад.

Вобаста ба вазъи кунунии Осиёи Марказӣ метавон чунин ибрози назар кард:

-Ҷумҳрии Казоқистон аз лиҳози ҷуғрофӣ тарзе ҷойгир гардидааст, ки бо ду кишвари дорои силоҳи ҳастаи ҳамсарҳад аст. Бинобар ин, унсури таъмини амнияти дохилӣ дорад. Ягон марзи кишвари аз лиҳози сиёсӣ ноустувор ё нуқтаи ворид гардидани қувваҳои беруна надорад. Ин нуқтаи бисёр муҳим ва калидӣ аст. Аммо яке мушкилоте, ки давлатҳои Осиёи Марказиро бо ташвиш овардааст, паҳн гардидани ақидаҳои ифротгароист. Амалҳои терористии дар Қазоқистон ва Қирғизистон рухдода инро собит намуд.

- Ҷумҳурии Узбекистон дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир гардида аст, ва ин кишвар аз нигоҳи ҷуғрофӣ нақши хосро дорост. Узбекистон худро ҳамчун лидери Осиёи Марказӣ муаррифӣ намуда, иддаои таъмини амнияташро худро дорад. Ҳарчанд ин кишвар бо Ҷумҳурии Афғонистон ҳамсарҳад бошад ҳам, хатти марзи хеле кӯтоҳ дошта бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда ва таҷҳизоти пешрафта назорат мешавад. ҳамчунин, дар ҳамкорӣ бо минтақаҳои ӯзбекнишини Афғонистон барои худ «сарҳади сиёсӣ» ё пасҳавлӣ (буферная зона) сохтааст. Бинобар ин, Ӯзбекистон омилҳои таҳдидкунандаи худро берун аз сарҳад, дар ҳамин минтақа ҳаллу фасл мекунад. Давлатҳои дигари ҳамсарҳад барои он ҳеҷ хатаре эҷод намекунанд, зеро дар сурати рух додани ягон муноқиша метавонад марзи худро куллан бандад, чунин намунаро таърих собит намуд.

- Ҷумҳурии Қирғизистон мавқеи ҷуғрофии хеле мувофиқ дорад. Аввалан ҳамсарҳад будан бо Чин кафолати амнияти ин кишварро таъмин месозад ва аз тарафи дигар Русия ва Қазоқистон низ дар таъмини амнияти он саҳми калон доранд. Бинобар ин, аз лиҳози ҷуғрофӣ ягон нуқтаи хатарнок барои амнияти кишвар вуҷуд надорад. Илова бар ин баъзе омилҳои дохилие ҳастанд, ки ягон таҳдиди ҷиддӣ барои давлат надоранд.

Азбаски Туркманистон мақоми бетарафиро ихтиёр намудааст ва агар нақши Эронро дар минтақа ба назар гирем, ин ягона кишвари минтақа мебошад, ки бо Эрон 992 км марзи муштарак дорад. Ҳарчанд аз нигоҳи сиёсӣ як кишвари ором дар назар расад ҳам, вале ҳамчун давлати калидӣ ҳамавақт дар мадди назари бозиҳои ҷаҳонивю минтақавӣ қарор дорад. Ҳанӯз барномаи интиқоли гази Туркманистон аз тариқи Афғонистон ба Покистон ва Ҳиндустон сабаби пайдо шудани ҳаракати Толибон ва ба зери назорат қарор додани ин масир гардид. Аз лиҳози ҷуғрофӣ низ Туркманистон дар маркази минтақа ҷойгир аст, ва ноором кардани ин кишвар метавонад тамоми кишварҳои ҳамсоя ва ҳатто Эрон ва Қавқозро низ ноором кунад.

-Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози ҷуғрофӣ

сарҳади тӯлонӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дорад, ки дар тӯли зиёда сӣ сол гирифтори даргириҳои дохилӣ мебошад. Азбаски вазъи сиёсии ин кишварро пешгӯйи кардан ғайриимкон аст, он ҳамчун манбаи низоъҳои минтақавӣ боқӣ мемонад. Кишварҳои ғарбӣ ва Амрико, новобаста аз эълони таъмини сулҳу субот дар Афғонистон, ягон кори ҷиддие дар ин самт анҷом надода истодаанд. Аз ҳама масъалаи нигаронкунанда он аст, ки интиқоли қисмати ДИИШ ба марзҳои шимолии Афғонистон оғоз гардидааст, ки вазъи минтақаро мураккаб месозад. Чунин раванд метавонад вазъи кишварҳои ҳамсарҳадро низ ноамн гардонад, вале Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ кишвари нисбатан канора буда, ба вазъи минтақа таъсири калон дошта наметавонад, аммо онро ҳамчун пойгоҳи интиқоли қувваҳои бегона ба дохили минтақа метавонанд табдил диҳанд. Дар айни ҳол чунин барномаҳои геостратегӣ низ аз ҷониби баъзе коршиносон, аз ҷумла коршиноси рус В. Малашенко пешгӯйи шудааст. Фақат ҳифзи тавозуни (баланси) содиқона, одилона ва босуботи манфиатҳои Русия, Чин, ИМА ва Аврупо ва дигар қудратҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ амнияти минтақавиро кафолат дода метавонад. Хушбахтона, маҳз фаъолияти ин созмонҳо (СҲШ ва СААД) боис гардиданд, ки оташи ҷанги Афғонистон то имрӯз ба Осиёи Марказӣ роҳ наёфта истодааст.

Бо дар назардошти вазъи кунунӣ дар минтақа бояд сиёсати аз нигоҳи таҳлилӣ асосонокгардида амалӣ карда шавад. Нигоҳ доштани мувозинати сиёсӣ ва геополитикӣ бо абарқудратҳои ҷаҳонӣ хеле муҳим аст, зеро ноором гардидани вазъи сиёсии яке аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ боиси ноамнии кишварҳои дигари минтақа ва ҷаҳон шудан метавонад.

ЛОИҚНАЗАРИ МУЪМИН

Сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндибини сиёсати хориҷии

МТС- назди Президенди Ҷуҳурии Тоҷикистони