Асосӣ: Амнияти минтақавӣ КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ ТАҚДИРСОЗ
+++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз791
mod_vvisit_counterДирӯз1205
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта7146
mod_vvisit_counterДар ин моҳ27495
mod_vvisit_counterҲамагӣ1236259
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июли
21
Шанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ ТАҚДИРСОЗ

Имсол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 сол сипарӣ мешавад. Конститутсия омили муҳими муттаҳидкунанда, ҳифзи сулҳу субот, оромӣ ва ризояти шаҳрвандӣ дар ҷомеа мебошад. Ин санади тақдирсоз ҳамаи паҳлуҳои ҳаёт ва фаъолияти инсон, сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро дар бар мегирад ва санади тақдирсозест, ки роҳи рушду пешрафти давлати тоҷиконро дар садсолаҳо равшан месозад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, аз 10 боб ва 100 модда иборат аст.

Ҳамчуноне ки дар дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карда шудааст, мардуми Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор медонад ва зимни таъмини соҳибихтиёрии давлат ва рушду камоли он озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас мешуморад, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор додааст. Мавриди тазаккур аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста дар ҳолати тағйиру таҳаввул қарор дорад ва хоcа Тоҷикистон, ки рӯ ба инкишоф аст, бинобар дигаргуниҳои дохилӣ ва хориҷӣ, қонунгузории хешро низ бояд мутобиқ бо ниёзҳои рӯз такмилу тагйир бидиҳад. Ин буд, ки дар давоми 25 соли Истиқлолияти давлатӣ се маротиба – 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 маи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Дар асоси тағйиру иловаҳои мазкур нахустин маротиба дар фазои сиёсии мамлакат парлумони дупалатагӣ таъсис ёфта, Маҷлиси намояндагони доимиамалкунанда ба фаъолият оғоз намуд. Чунин такмили фаъолияти мақомоти давлатӣ дар сатҳи баланд нигоҳ доштани мустақилияти ҳокимияти судӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ба ҳайси арзиши олӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст.

Дар натиҷаи ворид намудани тағироту иловаҳои охирин ба моддаи 49 –и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ба тасвиб расид, ки муофиқи он синни ниҳоии вакили Маҷлиси намояндагон ва узви Маҷлиси миллӣ синни 30 –солагӣ муқаррар гардид. Гузашта аз ин, чунин тағйирот дар моддаи 65 низ ворид карда шуд, ки тибқи он синни шахси ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобшаванда аз 35 ба 30 фароварда шуд. Ҳамчуноне мушоҳида менамоем, дар давоми чанд соли охир бинобар воқеият ва ниёзҳои ҷомеа дар мамлакат ҳудуди 1000 қонун дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат таҳия ва қабул шуданд. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба амалкарди Конститутсия чунин ибрози назар кардааст: «Эътирофи соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон ба василаи Конститутсияи он, бешубҳа, аз ҷумлаи арзишҳои гаронбаҳои миллат мебошад, зеро маҳз соҳибихтиёриву истиқлолият барои миллат имконияти интихоби озодонаи роҳи пешрафти мустақилонаро фароҳам оварда, халқро ба ҷаҳониён ҳамчун соҳибдавлату соҳибқудрат муаррифӣ карда истодааст». Бинобар ин, моро мебояд, ки ба он ҳамчун муқаддасоти миллӣ арҷгузорӣ намоем ва меъёрҳои онро, ки барои рушду суботи кишвар равона шудааст, риоя намоем. Дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».Қобили зикр аст, ки Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи даҳ сарқонуни аз ҳама одилонаву демократӣ ва дурандешонаву хайрхоҳонаи ҷаҳон маҳсуб меёбад, агарчи дар ҷараёни ҷанги шаҳрвандӣ қабул шуда бошад ҳам, самараи онро дар ин 25 соли истиқлолият дида истодаем. Ҳаёти сиёсии даврони истиқлол ва шароити хоси ҷаҳонӣ маҳз ҳаминро талаб менамуд, ки яккаҳизбии даврони Шӯравӣ аз байн бурда шавад ва дар кишвар гуногунҳизбӣ, ки хоси ҷомеаи демократист, арзи вуҷуд намояд. Аз ин рӯ, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳафт ҳизби сиёсӣ ва шумораи зиёди иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ амал мекунанд ва барои пешрафти ҷанбаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа саҳми босазои худро гузошта истодаанд. Дар Конститутсия яке аз нишонаҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ таҷзияи ҳокимият ба шохаҳо мебошад ва мувофиқи моддаи нуҳуми он ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунунгузор, иҷроия ва судӣ тақсим шуда, ҳамчунин дар модда ва бобҳои алоҳида дар мавриди сохтор ва самтҳои асосии фаъолияти шохаҳои ҳокимият зикр шудааст.

Дар боби дуввуми Конститутсияи ҷумҳурӣ мавқеи асосиро ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ташкил медиҳад. Қайд кардан бамаврид аст, ки 34 моддаи он ба ин мавзӯъ бахшида шудааст. Махсусан, тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, пас аз тағйиру иловаҳое, ки 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба Конститутсия ворид гардид, онро такмил дода, пурратар сохт. Дар моддаи панҷуми Конститутсия тағйироти муҳим ворид карда шуд, ки бар асоси он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф карда шуданд. Воқеан, меъёрҳои зикршуда ифодагари мазмуну моҳияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва меҳвари асосии Конститутсияи кишвар ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, ин санад барои мардуми мо санади тақдирсоз аст ва ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ онро азизу муқаддас меҳисобад. Дар шароити кунунӣ, қабл аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия кардани мардум ва ба ин роҳ ҳидоят намудани онҳо вазифаи аввалиндараҷаи тамоми сохторҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ба таври умумӣ метавон баён кард, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалӣ ва фарҳанги оламшумули динию суннатии мо иродаи кулли тоҷику тоҷикистониён ба таври мушаххас ифода ёфтааст ва шахсони мутасаддиро водор месозад, ки меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳоро комилан риоя намоянд. Тамоми мардуми тоҷик ва тоҷикистониёнро бо ҷашни 22 – солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, барояшон дар бунёди ҷомеи воқеъан демократӣ, ҳуқуқбунёд, пешрафтаву ободу озод барори кор ва комёбӣ орзумандам.

Ҳикматулло Хоҷаев, коршиноси сиёсӣ

Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти ҶТ