Асосӣ: Сиёсати хориҷӣ Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев
+++ Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун +++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++ Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2017 01:56, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико +++ Суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ 30.08.2017 08:49, шаҳри Душанбе +++ Ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз62
mod_vvisit_counterДирӯз977
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1039
mod_vvisit_counterДар ин моҳ22429
mod_vvisit_counterҲамагӣ971656
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Декабри
18
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:

«Муҳтарам Шавкат Миромонович,

Дар иртибот ба пирузии баҳснопазиратон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо камоли хушнудӣ ва аз самими қалб ба Шумо беҳтарин табрикот ва таманниёти неки хешро ирсол медорам.

Интихоби Шумо ба ин маснади воломақому ҳамзамон сермасъул далели возеҳи ҷонибдории васеи мардуми Ӯзбекистон аз роҳи сиёсии интихобкардаи Шумо мебошад, ки ба мунтазам боло бурдани сатҳи некӯаҳволии мардум, таҳкими минбаъдаи сулҳу субот ва ризоият дар ҷомеа нигаронда шудааст.

Дар Тоҷикистон Шуморо ҳамчун пайрави рушди бемайлони муносибатҳои дӯстиву неки ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои гуногунсоҳаи кишварҳои мо медонанд ва ба шахсияти Шумо эҳтиром мегузоранд.

Итминон дорам, ки идомаи ҳамкории судманду самаранок миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷавобгӯи манфиатҳои асили мардумони мо мебошад. Халқҳои моро анъанаҳои чандинасраи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва эҳтироми мутақобила, ки аз даврони мутафаккирони бузурги Машриқзамин Ҷомӣ ва Навоӣ маншаъ мегиранд, ба ҳам мепайванданд.

Нигоҳ доштан ва васеъ гардонидани заминаи мусоиди мероси созандаи таърихии муносибатҳои мардумонамон бар дӯши мо масъулияти бузургеро вогузор менамояд ва мо омодаем, ки дар ин ҷода якҷо бо Шумо саъю талошҳои заруриро ба харҷ диҳем.

Ба Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович, сиҳатии комил, саодатмандиву хушрӯзӣ, дар фаъолияти давлатиатон дастовардҳои нав ба нав ба манзури рушду тараққии Ӯзбекистони дӯст ва ба мардуми барои мо бародари он сулҳу субот ва пешравии бардавом орзумандам»

Сарчашма: АМИТ «Ховар»