Асосӣ: Маркази матбуот АВЗОИ ГЕОПОЛИТИКӢ ДАР МИНТАҚА ВА ТАЪСИРИ ОН БА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
+++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз276
mod_vvisit_counterДирӯз1873
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2149
mod_vvisit_counterДар ин моҳ24565
mod_vvisit_counterҲамагӣ818945
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
21
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ulti Clocks content
АВЗОИ ГЕОПОЛИТИКӢ ДАР МИНТАҚА ВА ТАЪСИРИ ОН БА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Солҳои охир равандҳои иртиҷоие ба монанди терроризм, экстремизм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ботадриҷ доман паҳн намуда, ба омили асосии мураккабшавии муносибатҳои байналхалқӣ табдил ёфтаанд. Ҷуғрофиёи густариши ин омилҳо маҳдуд ба марзҳои ин ё он минтақаи ҷудогона нест, балки фарогири тамоми минтақаҳо ва ҳатто кишварҳои мутараққии Ғарб низ мебошад. Теъдоде аз кишварҳои абарқудрати ҷаҳонӣ бар зидди гурӯҳҳои ифротгаро мубориза бурда, ҳамзамон қисми дигари кишварҳои аврупоӣ ҷиҳати амалӣ намудани аҳдофи сиёсӣ, иқтисодӣ ва геополитикии худ, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ин гурӯҳҳои тундравро дастгирӣ менамоянд. Аз ҷумлаи чунин гурӯҳҳои ифротгаро – гурӯҳи муташаккили террористии ба ном «Давлати исломии Ироқ ва Шом» (ДИИШ) ё бо ибораи дигар Давлати Исломӣ (ДИ) мебошад, ки «тифли навзод ва парвардаи худи абарқудратҳо» ба шумор рафта, тайи солҳои охир ба кишварҳои Осиёи Миёна сар дароварда, барои дастёбӣ ба ҳадафҳои стратегии худ аз тамоми воситаҳо истифода менамояд.

Айни замон ДИИШ ба яке аз омилҳои нисбатан хатарзои минтақавии ҷаҳон табдил ёфтааст. Ин гурӯҳи ифротӣ гӯё бо мақсади пуштибонӣ аз дин таъсис ёфта, ҳадафи асосии ин гурӯҳ на пуштибонӣ аз ҳуқуқи кадом миллату халқият ва арзишҳои исломӣ, балки мақсадҳои сирф сиёсӣ мебошад.

Саркардагони ин гурӯҳи ҷиноятпеша бо мақсади амалӣ кардани нақшаҳо ва ҳадафҳои сиёсиашон, ҷалб намудани теъдоди зиёди мардум, ҳамчунин афзудани тарафдоронашон, ниятҳои нопоки худро бо шиорҳои динӣ пардапӯш карда, худро ҳамчун “ҳомии ислом” муаррифӣ мекунанд. Барои онҳо шарҳу тафсири нодурусти динӣ ҳамчун механизми идеологии амалисозии ҳадафҳояшон ба ҳисоб меравад. Мафҳуми «ҷиҳод» ва шарҳи сиёсии он дар чорчубаи илмӣ хеле маҳдуд, барояшон ба сифати аслиҳаи идеологӣ истифода мешавад. Имрӯз доираи таъсири ин гурӯҳ рушди зиёд дошта, аз Сурияву Ироқ хуруҷ кардааст ва дигар минтақаҳои мусулмоннишин, аз ҷумла минтақаи Осиёи Марказиро зери ҳадаф қарор додааст. Он чи ки имрӯз аз ҷониби чунин гурӯҳҳо бисёр хатарнок аст, ин истифодаи моҳирона аз иттилооти бардурӯғ, яъне гумроҳсозанда ба шумор меравад.

Дастгоҳи таблиғотии ин гурӯҳи ифротӣ хело фаъол буда, аз тариқи шабакаҳои интернетӣ бо истифода аз маводҳои аудиовизуалӣ ва варақаҳои ташвиқотӣ дар тамоми минтақаҳои олам, аз ҷумла давлатҳои Аврупоӣ ҷонибдорони худро барои иштирок дар ҷанги Сурия ва Ироқ, Лубнон даъват менамоянд. Додситони кулли Тоҷикистон дар яке аз мусоҳибаҳояш ба хабарнигорон қайд карда буд, ки 85 дарсади тоҷикони дар муҳорибаҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ ҷанганда собиқ муҳоҷирони меҳнатиянд ва аз ҳудуди Русия ба муҳорибаҳо рафтаанд. Чунончи, дар сафи “Давлати исломӣ”, «Ҷабҳат – ан – нусра» ва ғайра дар Ироқу Сурия 1 ҳазору 94 шаҳрванди тоҷик меҷанганд, ки аксарашон пайрави ҷараёни салафия мебошанд. Аз ҷумла, 400 нафарашон аз вилояти Хатлон, 272 нафар аз Суғд, 254 нафар аз навоҳии тобеи марказ, 139 нафар аз Душанбе ва 26 нафарашон аз Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон мебошанд («Оzodagon» (28 -03 2016).

Бояд зикр намуд, ки тамоми он нафароне, ки ба истилоҳ ихтиёрӣ дар сафи ин гурӯҳҳо меҷанганд, танҳо барои амалӣ кардани ҳадафҳои муайяне истифода бурда мешаванд ва бо гузашти вақт аз ҷониби созмондиҳандагони ҳамин гурӯҳҳо ҳатман аз байн бардошта хоҳанд шуд. Ҳар як фарди солимфикр, бахусус ҷавонон бояд дарк намоянд, ки бо ширкат дар чунин гурӯҳ ва ҳаракатҳои тундраву харобиовар чӣ хизмате ба Ватан, миллат ва дину мазҳаби хуб хоҳанд кард? Оё хизмат ба гурӯҳи ифротие ба номи Давлати Исломӣ ва харобу ба хок яксон кардани манзилу макони сокинони як маҳалли ободи мусулмонҳои минтақае, ки ДИИШ дар он ҳукмрон аст, аз байн бурдани ёдгориҳои таърихӣ, иншооти муҳими стратегӣ ва аъмоли ношоиста ба мардуми бечора магар хизмате дар роҳи ислом аст?

Ҷавонон имрӯз ба ҷои ҷанг дар кишварҳои дигар бояд саъй ва кушиши худро баҳри пешбурди ҳаёти солим ва орому осоиштагӣ ва шукуфоии Ватани худ истифода бурда, луқмаи хом ё бозичаи дасти хоҷагони аҷнабӣ нагарданд. Дар қиболи халқиятҳое, ки пайрави дини мубини ислом мебошанд, бозингарони геополитикӣ аз ақидаҳои дин ҳамчун василаи самараноки таъсиррасонӣ васеъ истифода мебаранд. Далелу рақамҳои мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷомеаи Ғарб ҳанӯз сесад сол пеш зарурати бунёди давлати дунявиро ба таври бояду шояд дарк намудаву то имрӯз ба он устувор аст. Вале дар ҳамин ҳол давлатҳои ин минтақа гӯё ба арзишҳои динии давлатҳои ақибмондае, ки қисми зиёди сокинонашонро мусалмонон ташкил медиҳанд, «арҷгузорӣ» намуда, ба ҳеҷ ваҷҳ «роҳ намедиҳанд», ки онҳо дар ҷодаи бунёди давлати воқеан ҳам дунявӣ собитқадам бошанд, зеро замоне, ки чунин кишварҳо рӯй ба дуниявият оварданд, аз муноқишаву низоъҳои динӣ дур мешаванд. Тамоми имконоту захираҳои дар ихтиёри ин мамлакатҳобуда барои амалисозии ниятҳои нек, ки моҳияти бунёдкорию созандагӣ доранд, равона мегарданд.

Табиист, ки чунин ҷараён гирифтани вазъият ба манфиати абарқудратҳо набуду нест, чунки онҳо мехоҳанд, ки мусалмонон ба таври ҳамешагӣ машғул ба мушкилоти дохилии хеш, ки он низ ба «шарофат»-и абарқудратҳо рӯйи кор омадааст, бошанд. Ин аст, ки айни замон аз ҷониби абарқудратҳо идеологияҳои зиёде, аз қабили «салафия» барои «ихтироъ»-и созмонҳо миёни мусалмонон ворид карда шудаанд, ки дар сурати аз даст додани дарки сиёсӣ аз ҷониби шаҳрвандон метавонанд рисолати хешро «сарбаландона» иҷро намоянд. Вазъи кунунии ҷаҳон, муносибати абарқудратҳо бо ҳамдигар ва дигар кишварҳо ва воқеияти геополитикӣ далели возеҳу равшани ин гуфтаҳоянд.

Маълум аст, ки амнияти давлат маънои вуҷуд надоштани таҳдидҳои ҷиддӣ ва хатарҳои амиқ ба мустақилият, тамомияти арзӣ ва вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимою фарҳангӣ ва ҳифзи манфиати миллиро дорад ва мо онро бояд чун дар замони муосир ва ҷаҳонишавӣ ҳамчун гаҳвараки чашм нигоҳ дошта, ба ҳеҷ ваҷҳ нагузорем, то ба амнияти миллии кишварамон тавассути чунин ҳаракатҳову созмонҳои ифротгароёна зарба ворид карда шавад. Аз ин лиҳоз қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳаракатҳои тундгаро ва бунёдгароро дар қаламрави худ манъ намуд. Албатта, мавҷудияти чунин ҳаракатҳои иртиҷоӣ метавонад замина барои нооромии авзои ҷомеа шуда, ба дурнамои неки давлату миллат хатари ҷиддӣ эҷод кунад. Аз ҷониби дигар, сатҳи маърифати сиёсӣ ва дарки тафаккури сиёсии шаҳрвандон дар ин ҷода нақши калидиро дорад, зеро вақте ки сатҳи маърифати динию мазҳабии мардум паст аст, идора кардани чунин ашхос низ осон мебошад.

Солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри болобурди тафаккури динии мардум ва фароҳам овардани муҳити муносиб фаъолиятҳои гуногун амалӣ карда мешаванд. Вале ба ин нигоҳ накарда, гурӯҳҳои ифротӣ бо роҳу усулҳо ва шеваҳои гуногун мехоҳанд муҳити ороми кишварро ба як бӯҳрони ҷиддии ноамнӣ гирифтор созанд. Тавре расонаҳои хабарӣ иттилоъ метиҳанд, ҷанг дар Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, шиддат гирифта, минтақаҳои Алиобод, Имом Соҳиб ва Гӯртеппаро фаро гирифта, садҳо тан ҳалок шудаанд. Ду маротиба забту ишғоли Қундуз намунаи баръало ё равшани гуфтаҳои болост. Имрӯз ҳаракатҳои радикалӣ - ифротгарои динӣ, чунон ки аз ахбори мақомоти қудратӣ бармеояд, торафт шакл ва хусусиятҳои нав касб карда, аз фаъолияти худ дарак медиҳанд, ки ин пеш аз ҳама, ба амният ва сулҳу суботи кишвар хатарзо боқӣ мемонад. Албатта, ҳамаи ин ҳаракатҳои ифротгарои динӣ аз ҷониби баъзе ташкилот ва созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои манфиатдор дар минтақа дастгирии моливу пулӣ ва идеологӣ мегиранд. Бо вуҷуди эъломияҳо аз хатари воридшавии гурӯҳи ДИИШ ба Осиёи Марказӣ, баъзе аз таҳлилгарон ва коршиносон бар ин ақидаанд, ки кишварҳои абарқудрати минтақа ин таҳдидро барои давомдор намудани қудрати худ ва аз саҳна хориҷ кардани рақибони сиёсиашон суистифода мекунанд.

Бо назардошти авзои минтақа имрӯз ҷомеаи Тоҷикистонро зарур аст, ки аз ҳар гуна ташкилоту гурӯҳҳои ифротӣ ҳазар намуда, барои таъмини якпорчагии давлату миллат талош варзанд. Қобили зикр аст, ки дар самти баргардонидани ҷавонони тоҷик аз ин манотиқи ҷангзада дар қонунгузории миллӣ тағйироти зарурӣ ва сабуккунанда дохил карда шуд, ки ихтиёран баргаштагонро аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод менамоянд.

ҲИКМАТУЛЛО ХОҶАЕВ,

Коршиноси МТС Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарчашма: Нашрияи кумитаи

андози назди Ҳукумати ҶТ

№44(1036) 3-11-2016