Асосӣ: Амнияти минтақавӣ Варақаи матбуотӣ
+++ Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун +++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++ Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2017 01:56, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико +++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1214
mod_vvisit_counterДирӯз1376
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта9301
mod_vvisit_counterДар ин моҳ24705
mod_vvisit_counterҲамагӣ1013287
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Январи
21
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Варақаи матбуотӣ

Имрӯз, 23 сентябри соли 2016 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо ҳаракати ҷамъиятии «Друзья России» («Дӯстони Россия») Мизи гирд дар мавзуи «Таҳдиду хатарҳои нав аз тарафи ДИИШ барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор гардид. Дар он коршиносони мустақил, намояндагони гурӯҳҳои ҷамъиятӣ, кормандони вазорату идораҳои дахлдор, инчунин, намояндагони корпуси дипломатӣ ширкат варзиданд.

Иштироккунандагони Мизи гирд қайд карданд, ки терроризми байналмилалии муосир ва экстремизми динӣ ба як проблемаи глобалии хатарноки муосир табдил ёфтааст ва ба амнияти тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид мекунад.

Дар рафти муҳокима ба масъалаи фаъолияти органҳои ҳифзи ҳуқуқ дар соҳаи мубориза ва пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба терроризм ва экстремизм, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд. Чунончи, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати ҳозиринро ба нақши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ки аз тарафи экстремистон фаъолона ба мақсади ҷалби ҷавонон ба сафҳои худ истифода мешавад, ҷалб намуд. Вазъияти ҳарбию низомӣ дар кишварҳои Шарқи Наздик мавриди мубоҳисаи васеи коршиносон қарор гирифт. Аз тарафи онҳо сенарияҳои эҳтимолии рушди вазъият дар Сурия, Ироқ ва Афғонистон дар робита ба ҳамкориҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза алайҳи ДИИШ пешгӯйӣ карда шуд.

Инчунин, қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз иштироккунандагони аз ҳама фаъоли мубориза алайҳи таҳдиду хатарҳои нав ба монанди экстремизм ва терроризми байналмилалӣ мебошад.

Дар хотимаи мизи гирд иштироккунандагон якдилона изҳор доштанд, ки бо терроризми байналмилалӣ ва экстремизми динӣ бояд дар миқёси ҷаҳон мубориза бурда шавад, зеро он дарду бадбахтии умумии тамоми инсоният аст.