Асосӣ: ЭЪЛОНҲО ВА ОГОҲИҲО ВАРАҚАИ МАТБУОТИИ
+++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм +++ ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон +++ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» иштирок намуданд +++ Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия +++ Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия +++ Таъиноти кадрӣ +++ ТАНОСУБИ ҚУВВАҲО ДАР АФҒОНИСТОН: СУЛҲХОҲОН ВА ҶАНГҶӮЁН +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз268
mod_vvisit_counterДирӯз903
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2035
mod_vvisit_counterДар ин моҳ23399
mod_vvisit_counterҲамагӣ1626013
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Mайи
22
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ВАРАҚАИ МАТБУОТИИ

Конфронси илмию амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ»

Фардо, 25 августи соли 2016, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмию амалии байналмилалиро дар мавзӯи «Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ» баргузор менамояд.

Дар рафти ин чорабинӣ аз ҷониби иштирокчиён дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимою фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи чаҳоряк асри Истиқлолияти давлатӣ, роҳ ва воситаҳои нигоҳдошти якпорчагии кишвар, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сулҳу субот, ояндабинии пешомадҳои рушди кишвар ва дигар масъалаҳои меҳварии вобаста ба Истиқлолияти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Дар Конфронси илмию амалӣ намояндагони вазорату идораҳои кишвар, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, сафорати кишварҳо дар Тоҷикистон, ВАО-и ватанию хориҷӣ, коршиносони варзида иштирок ва суханронӣ хоҳанд намуд.

Баргузории чунин ҳамоиш, ки бевосита ба мавзӯи Истиқлолияти давлатӣ бахшида мешавад, дар арафаи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ хеле муҳим мебошад. Зеро ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, ки аз он 25 сол пур мешавад, дар баробари муҳимтарин дастоварди сиёсии кишвар буданаш, ҳамзамон омили тақдирсози миллие мебошад, ки тавассути он Тоҷикистон тавонист аз вазъи куллан харобгаштаи иҷтимоию иқтисодӣ бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳои бузурги сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ноил гардад. Аз ин рӯ, ҳифз ва арҷгузории дастовардҳои даврони истиқлолият на камтар аз ҳифз ва арҷгузорӣ ба худи Истиқлолияти давлатӣ буда, баррасии мавзӯи мазкур дар шинохти воқеии дастовардҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ ва ояндабинии амиқи пешомади рушд бамаврид мебошад.

Қайди иштирокчиён: аз соати 08:00 то 08:30

Оғози Конфронс: соати 08:30

Барои дарёфти маълумоти иловагӣ доир ба ҳамоиши мазкур ба Маркази матбуоти МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути телефони 2-27-26-99 муроҷиат намоед. Хадамоти матбуотии Маркази тадқикоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти матбуотии Маркази тадқикоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон