Асосӣ: Амнияти минтақавӣ РАЪЙПУРСӢ ҲАМЧУН ШАКЛИ ДЕМОКРАТИЯИ БЕВОСИТА ДАР НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКИСТОН
+++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++ Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз98
mod_vvisit_counterДирӯз1636
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1734
mod_vvisit_counterДар ин моҳ27196
mod_vvisit_counterҲамагӣ1153633
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Mайи
21
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

РАЪЙПУРСӢ ҲАМЧУН ШАКЛИ ДЕМОКРАТИЯИ БЕВОСИТА ДАР НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар ташаккули давлатдории муосири Тоҷикистон ниҳодҳои бевоситаи демократия ҷойгоҳи муҳимро доро мебошанд.

Раъйпурсӣ (референдум) ва интихобот - ниҳодҳои бевоситаи демократия мебошанд, ки аз ҷиҳати мақсад ва субъект бо ҳам монанд буда, вале аз ҷиҳати объект ва натиҷа гуногунанд. Максади онҳо ифодаи иродаи мардум аст. Қисмати субъективии он, шаҳрвандоне мебошанд, ки ҳуқуқи дар раъйпурсӣ ва интихобот иштирок карданро доранд.

Фарқи асосии байни тартиби интихобот аз тартиби раъйпурсӣ дар объекти ифодаи иродаи интихобкунандагон мебошад. Дар интихобот номзад ба вакили мақомоти намояндагӣ, ё ба ягон мансаб аст. Дар раъйпурсӣ бошад, объекти ифодаи ирода на шахс (номзад), балки саволи мушаххас–қабули қонун, тағйирот ё бекор кардани он, ё ягон мушкилоте мебошад, ки ба давлат, минтақа ва ё ҳудуде дахл дорад.

Лозим ба ёдоварист, ки солҳои 90-уми асри ХХ ин давраи ташаккули давлатдории тоҷикон, ниҳодҳои демократӣ, аз ҷумла рушди демократияи бевосита мебошад. Агар оид ба масъалаи гузаронидани интихобот аз давраи Шӯравӣ таҷрибаи амалии муайяне мавҷуд буд, онҳо дарҳол дар низоми давлатдорӣ ва худиидоракунии маҳаллӣ ба таври васеъ истифода мешуданд, аммо чунин шакли қабулшудаи қонунӣ, ҳамчун раъйпурсӣ, фаҳмиши мауйян ва таҷрибаи татбиқи онҳоро талаб мекард.

Дар илми сиёсатшиносӣ зери шаклҳои демократия усулҳо ё воситаҳои муайяни таърихӣ, ва ё воситаҳои нишон додан, ифодаи ирода ва манфиатҳои табақаҳои гуногуни ҷомеа фаҳмида мешаванд.

Вобаста ба он, ки бо кадом роҳ – бевосита ё бавосита ин ирода ва манфиати ҷамъияту халқ изҳор мешавад, ду навъи шакли демократия ҷудо карда шудааст. Ин шакли намояндагии демократия–интихобот (мақомоти интихоботии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти интихоботии ҳизбӣ ва ҷамъиятӣ) мебошад, ки тавассути он халқ ҳокимиятро ба воситаи намояндагони худ интихоб менамояд ва шакли бевоситаи демократия–раъйпурсӣ (ҷаласаҳо, вохӯриҳо, мулоқот ва ғайра), ки ба воситаи он масъалаҳои асосии давлатӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ аз ҷониби халқ бевосита ҳал карда мешавад.

Тавре дар моддаи 6–и Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1994 омадааст: “Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст”, ки ин тасодуфан нест.

Дар мақолаи мазкур мо мақсад гузоштем, ки дар бораи чунин шакли демократияи бевосита–раъйпурсӣ ибрози андеша намоем.

Раъйпурсӣ (аз калимаи лот. referendum – чизе, ки бояд хабар дода шавад) - пурсиши оммавӣ, овоздиҳие, ки дар он шаҳрвандони дорои ҳуқуқи интихоботӣ, иштирок менамоянд.

Раъйпурсӣ ҳамчун шакли демократия дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон барои таъмини изҳори озоди иродаи шаҳрвандон оид ба доираи васеи масъалаҳо аҳамияти хосса дорад. Дар моддаи 1 -и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чунин гуфта шудааст: «Раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоздиҳии умумихалқӣ оиди масъалаҳои муҳими ҳаёти давлатию ҷамъиятии ҷумҳурӣ мебошад. Ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо роҳи раъйпурсӣ тағйиру иловаҳо дохил карда мешаванд».

Дар адабиёти илмӣ раъйпурсии конститутсионӣ, қонунбарорӣ ва машваратӣ муайян карда шудаанд. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон раъйпурсии конститутсионӣ амал мекунад, ки моҳияти он баррасии масъалаҳо оид ба қабули конститусияи нав ва ё тағйиру иловаҳо ба он пешниҳод мегардад. Ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ танҳо дар ҳолати мавҷудияти ниҳодҳои ташаккулёфтаи демократияи бевосита устувор ва самаранок фаъолият менамоянд. Густариши пайвастаи иштироки шаҳрвандон дар идоракунии корҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсӣ хеле зарур аст.

Ба андешаи мо, барои омӯзиши дақиқи ниҳоди раъйпурсӣ, бояд онро дар доираи демократияи ғарбӣ, ки дар он раъйпурсӣ шакли нави иштироки бевоситаи аҳолӣ дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ, инчунин, дар ҳалли мушкилоти ҳудудӣ, дохилидавлатӣ ва байнидавлатӣ нест, дида бароем.

Дар адабиёти илмӣ ва ҳуқуқӣ санаи баргузории аввалин раъйпурсӣ дар таърихи инсоният соли 1439 ва «ватан»-и он Швейтсария ҳисобида мешавад. Дар асрҳои минбаъда то замони ҳозира дар ин кишвар дар сатҳҳои гуногун бисёр раъйпурсӣ гузаронида шуд, ки беш аз садтои он танҳо ба масъалаҳои конститутсионӣ дахл дошт.

Дар Фаронса, Италия, Дания, Норвегия, Ирландия, Бразилия, Уругвай ва кишварҳои дигар чандин маротиба раъйпурсӣ баргузор гашт. Аз ҳама машҳуртарин раъйпурсӣ, ки пеш аз оғози Ҷанги Якуми Ҷаҳон сурат гирифта, таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалиро ба худ ҷалб кард, метавон раъйпурсии соли 1905 дар Норвегияро ном бурд. Хусусияти ин раъйпурсӣ дар он буд, ки аввалан тавассути он масъалаи муҳим, яъне ҳузури минбаъдаи ин давлат дар иттиҳоди воқеӣ бо Шветсия ҳаллу фасл мегардид, баъдан қарори он аз ҷониби афкори ҷомеа, ки ба манфиати озодии Норвегия аз ин иттиҳод буд, пешакӣ муайян карда шуд.

Ниҳоди раъйпурсӣ дар охири асри XIX ва аввали асри XX дар сарқонунҳои як қатор штатҳои ИМА мавқеи қонунӣ пайдо кард. Бархе аз олимони сиёсии Амрико менависанд, ки шурӯъ аз соли 1898 як қисм штатҳои алоҳида “ба одамон барои иштироки бевосита дар раванди қабули қонун бо истифода аз чунин шаклҳо ҳамчун “ташаббус ва раъйпурсӣ " тибқи қонунгузорӣ имкон доданд .

Метавон бо тасдиқи олимони ҳуқуқшиноси рус оид ба раъйпурсӣ, ки дар ибтидои асри XX танҳо дар Швейтсария дар ҳамаи сатҳҳо, инчунин, дар ИМА (дар сатҳи давлатӣ ва маҳаллӣ) ва дар Австралия амалӣ мегашт, розӣ шуд.

Ҳоло кишвареро, ки дар он раъйпурсӣ дар ин ё он дараҷа истифода нашуда бошад ё ҳадди ақал баррасӣ нагардида бошад, номбар кардан мушкил аст. Гузашта аз ин, истифода аз раъйпурсӣ, хусусан дар солҳои 60-80 –ум бошиддат афзоиш ёфт.

Барои мисол, дар ИМА, ки тибқи қонунгузорӣ баргузории раъйпурсӣ тақрибан дар сатҳи ҳар як штат (ба истиснои Делавэр) ва дар сатҳи маҳаллӣ пешбинӣ гардидааст, ҳар сол ба ин ниҳод аз 12 то 15 ҳазор ҳолати муроҷиат ба ҳисоб гирифта мешавад. Дар кишварҳои Аврупои Ғарбӣ (ба истисно аз Швейтсария) фақат дар сатҳи миллӣ аз давраи дорои мақоми конститутсионӣ пайдо кардан, зиёда аз 100 раъйпурсӣ гузаронида шудааст.

Тибқи арзёбии давлатшиносон ва ҳуқуқшиносони швейтсарӣ, дар ин мамлакат, ки аз ҷиҳати истифодаи раъйпурсӣ дар сатҳи федералӣ ва “умумимиллӣ” дар ҷойи аввал меистад, шурӯъ аз соли 1843, беш аз 240 раъйпурсӣ гузаронида шуд.

Ҳар як раъйпурсӣ ҳамчун падидаи нодир ин ё он вокунишҳои ҷамъиятиро ба вуҷуд меорад. Барои мисол, баъди ҷанг дар Фаронса раъйпурсӣ оид ба қабули Конститутсия (соли1958 ), дар Алҷазоир оид ба хотимаи ҷанг (соли 1961 ), тағйирот дар муқаррароти Конститутсия дар бораи тартиби интихоби Президенти ҷумҳурӣ (соли 1962 ), ислоҳоти Сенат ва таъсиси минтақаҳо (соли1969), васеъ намудани ҷомеаи иқтисодии Аврупо тавассути қабули Британияи Кабир, Дания, Ирландия ва Норвегия (1972) ва дигарон, ба он сару садоҳои зиёдеро ба вуҷуд овард.

Раъйпурсӣ дар қатори дар мамлакатҳои капиталистӣ васеъ истифода шудан, инчунин дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ мавриди истифода қарор гирифт .

Чунончи, баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро, ки садҳо ҳазор ҷони инсониро аз байн бурд, паси сар кард. Бинобар ин, роҳбарияти сиёсии кишвар қарор қабул кард, ки соли 1994 раъйпурсӣ оид ба қабули Конститутсия ва интихоботи Президент баргузор гардад.

Қабули қарор дар бораи баргузории раъйпурсӣ барои Конститутсия ва интихоби Президент метавонист қадами дуюм ва ҳалкунанда ба сӯйи ҷалб намудани оммаи халқ дар раванди идоракунии давлат табдил ёбад. Ин қадам дорои якчанд ҷанбаҳои мусбат буд:

• Якум, барои шаҳрвандон имкон дода шуд, ки иродаи худро изҳор намуда, пояҳои давлати мустақилро, ки барои ҳалли мушкилоти мураккаби иҷтимоӣ ва сиёсӣ қодир бошад, муайян кунад.

• Дуюм, кӯшиш карда шуд, ки шаҳрвандон дар амалӣ намудани ҳокимият ҷалб карда шаванд.

• Сеюм, дараҷаи иштирок ва намояндагии манфиатҳои гуногуни аҳолӣ муайян карда шуд.

• Чаҳорум, барои бартараф намудани бегонашавии сиёсии аҳолӣ кӯшиш ба харҷ дода шуд.

• Панҷум, ба халқ имконият дода шуд, ки бо дарназардошти иштирок дар интихобот дар оянда ҳуқуқи назорат аз болои ниҳодҳои давлатиро пайдо кунад.

Сабаб аз он иборат буд, ки дар вазъияти мураккаби иҷтимоию сиёсӣ ташкил ва гузаронидани интихобот ва раъйпурсӣ ба таҳкими асосҳои меъёрию ҳуқуқии давлат ва интихоби раҳбари сиёсии арзанда, ки тавонад давлати тоҷиконро аз марги ногузир наҷот диҳад, мусоидат намуд.

Маҳз фаъолнокии захираҳои инсонӣ ва сафарбарии онҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳо дар фаъолияти ҳаётии системаи сиёсӣ мусоидат намуда, барои сарф намудани имкониятҳои худ дар фаъолияти минбаъда, кумак менамояд.

Ҳамин тариқ, баргузории раъйпурсӣ оид ба қабули Конститутсия ва интихоботи Президентӣ дар сарҷамъ намудани захираҳои инсонӣ дар ҷомеаи тоҷик, бартараф кардани бегонашавии сиёсӣ ва фаъолнокии шаҳрвандон, қадами аввалин ва ҳалкунанда гардид.

Ризояти ҷамъиятӣ дар шароити муайян, ки иҷрои тағйироти зиёдеро, чи дар сохтори давлатӣ, чи дар санадҳои меъёрию ҳуқуқии кишвар талаб менамуд, ба даст оварда шуд. Дар ин замина ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи амалкунанда лозим буд.

Тибқи суханони доктори илмҳои ҳуқуқ Ф.Т.Тоҳиров “... сатҳи устувории меъёрҳои конститутсионӣ дар бисёр ҳолатҳо аз объекти меъёрӣ, ки то чи андоза оптималӣ аст, муайян карда мешавад. Меъёрҳои конститутсионӣ муносибатҳои муваққатиеро, ки тамоюли устувор ва қонунии рушди иҷтимоиро инъикос намекунад, бояд танзим накунад”.

Бо дарназардошти эҳтиёҷоти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон ва мувофиқи талабот ва пешрафти он, дар солҳои 1999 ва 2003 ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки ин барои таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, оғози раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, шароити мусоид фароҳам овард.

Дар хотима, оид ба раъйпурсӣ ҳамчун ниҳоди демократияи бевосита дар низоми давлатдории Тоҷикистон метавон чунин хулосабарорӣ кард:

1. Раъйпурсӣ дар низоми демократияи бевосита, ки бо хусусиятҳои муқарраршудаи худ дар шакли овоздиҳии умумихалқӣ, яъне ифодаи иродаи шаҳрвандон дар ҳудуди таъсисёфтаи омавии ҳуқуқӣ, ки ба қабули ниҳоии қарори ҳукуматӣ равона карда шудааст, ҷойгоҳи махсусро доро мебошад.

2. Муқоисаи раъйпурсӣ бо интихобот, ҳамчун ниҳодҳои демократияи бевосита, ба мо имкон медиҳад, то изҳор намоем, ки раъйпурсӣ ин шакли мустақили таърихии демократияи бевосита мебошад.

3. Аҳамияти раъйпурсӣ ҳамчун роҳи амалишавии ҳуқуқи шаҳрвандон барои иштирок дар идоракунии давлат ва ҳалли масъалаҳои дорои аҳамияти маҳаллидошта, истифодаи муносиби он дар ҳолатҳои муайян бо далелҳои таърихӣ, таҳаввулоти раъйпурсӣ дар давраҳои тӯлонии мавҷудияташ, тасдиқ мегардад .

4. Ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раъйпурсӣ – низоми изҳори озоди дастаҷамъонаи шаҳрвандони ба балоғат расидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси меъёрҳои маъмули ҳуқуқи байналмилалӣ эътирофшуда, имкониятҳои ҳуқуқии конститутсионӣ тавассути иштироки бевосита дар корҳои идоракунии давлатӣ ва татбиқи худидоракунии маҳаллӣ мебошад.

М.Р.КАМОЛОВА,

номзади илмҳои сиёсӣ,

Муовини сардори Раёсати омӯзиши

масъалаҳои амнияти минтақавии

Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон