Асосӣ: Амнияти минтақавӣ ПАЁМ - ФАРОГИРИ МАСОИЛИ МУБРАМИ ҶОМЕА
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз449
mod_vvisit_counterДирӯз1581
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта8810
mod_vvisit_counterДар ин моҳ24094
mod_vvisit_counterҲамагӣ1350965
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Октябри
21
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ПАЁМ - ФАРОГИРИ МАСОИЛИ МУБРАМИ ҶОМЕА

Дар шароити имрӯза, ки сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ, норасоии соҳаи тандурустӣ барои нигоҳдошти вазъи саломатии сокинони кишвар яке аз масъалаҳои ҷиддии сиёсати иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад, таъкиди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон оид ба таъсис додани муасисаи нав барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тиб нуқтаи ҷиддӣ ва саривақтӣ ба ҳисоб меравад. Ҳоло аз 170 ҳазор донишҷуёни кишвар 50 ҳазор нафар бо ихтисосҳои омӯзгорӣ ва беш аз 10 ҳазор нафар аз рӯи ихтисосҳои тиббӣ таҳсил доранд. Вале бо вуҷуди ин, имрӯз дар муассисаҳои тандурустӣ қариб 6 ҳазор табибон, 8100 нафар кормандони миёнаи тиббӣ намерасанд ва талаботи солона ба кадрҳои омузгорӣ 3600 нафар мебошад.

Президенти Тоҷикистон ба Додситонии кулл ва сохторҳои салоҳиядор супориш дод, ки дар зудтарин фурсат стратегияи миллии мубориза бо терроризму ифротгароӣ, кочоқи маводи мухадир барои солҳои 2016-2020-ро таҳия намояд. Таҳияи чунин стратегия имконият медиҳад, ки сатҳи зуҳуроти номбурда дар кишвар коҳиш дода шавад. Диққати Пешвои Миллат ба проблемаи мазкур бесабаб нест. Маҳз экстремизм ва терроризм яке аз проблемаҳои асосии башарият мебошанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омилҳои гуногуни асосии бавуҷудоии тамоюли ифротгароӣ мавҷуд мебошанд. Аз ҷумла: ташвиқи васеъ пайдо намудани ғояҳои экстремистӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ; дар сатҳи баланд қарор доштани ришваситонӣ дар муассисаҳои давлатӣ, ки эътирозро дар байни аҳолӣ ба вуҷуд меорад; афзоиши шумораи ҷавонони бекор ва бемаълумот; сатҳи пасти маърифати динии ҷомеа, бахусус ҷавонон, ки байни дини ҳақиқӣ ва таассубу хурофот тафовут намегузоранд; бетаваҷҷуҳии волидон нисбат ба тақдири ояндаи фарзандон ва аз тарбияи волидон дур мондани аксари ҷавонон; нигаронкунанда будани низоми имрӯзаи маориф ва паст будани сатҳи донишомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ; дарк нагардидани мафҳуми асосии ҷиҳод аз дидгоҳи таълимоти исломӣ; исломикунонии маҷбурии ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ворид намудани фарҳанги бегонаи исломӣ, аз қабили ҳиҷоб ва либосҳои бегона; пайдоиши тафриқа миёни мусалмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вуҷуд омадани як зумра гурӯҳҳои ғаразноки динӣ, аз ҷумла «Салафия», «Ваҳҳобия», «Такфириҳо», “Ҳизб-ут-таҳрир” ва гурӯҳҳое, ки мақсадҳои ғаразнокро пайгирӣ менамоянд; аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дар минтақаи нисбатан хатарзо ва наздикӣ ба кишварҳои тавлидгари экстремизми динӣ (Ҷумҳурии Покистон ва Афғонистон) ҷойгир будани Ҷумҳурии Тоҷикистон; муқовимат нишон дода натавонистани исломи «расмӣ» бар муқобили исломи «ғайрирасмӣ»-и аз хориҷа воридгашта; талоши кишварҳои хориҷӣ барои ноором кардани вазъи сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ бо суистифода аз «омили исломӣ».

Намунаи аёни онро мо дар кишварҳои Сурия, Ливия ва Ироқ воқеан дида истодаем. Ҷавонони ноогоҳ фирефтаи «хоҷагони хориҷӣ» шуда имрӯз хуни нобарҳақ мерезанд. Ин гувоҳи бесаводии диниву дунявӣ, мубтало гаштан ба ҷаҳолат, фисқу фуҷур ва бешарафӣ мебошад. «Илоҷи он ҷаҳолат дарди ҷонкоҳ асту дармонаш бувад таълим». Яъне корро аз зинаи аввали таълим то ба макотиби олӣ тавре роҳандозӣ кардан зарур аст, ки талабаву донишҷӯи мо донишу саводи казоии диниву дунявӣ дошта бошанд. Барои ин маводҳои аёнӣ аз гуфтаҳои андешамандон таълиф гарданд.

Пешвои миллат дар Паёми имсолааш махсусан ба тарбияи ҷавонон диққати ҷиддӣ дод. Қайд намуд, ки ҷавонони Тоҷикистон пеш аз ҳама ба омузиши технологияи иттилооти комуникатсионии муосир ва забонҳои англисиву русӣ таваҷҷуҳ намоянд, зеро бе ин ду омили зикршуда пешрафти ҷомеа номумкин аст. Ба ин мақсад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсиси мактаби истеъдодҳои инкишофи зеҳнӣ ишора намуданд. Оид ба ин масъала ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм супориши дахлдор дода шуд. Қобили зикр аст, ки соли 2016 барои тараққиёти соҳаи маориф 3 миллиарду 150 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2015–ум, 10 фоиз ва дар муқоиса бо 10 - соли пеш 13 баробар зиёд мебошад.

Ба ҳамагон маълум аст, ҷаҳони имрӯзаро буҳрони шадиди молиявию иқтисодӣ фаро гирифтааст, ки таъсири он ба ҳамаи кишварҳо мерасад. Ба ин нигоҳ накарда Президент дар Паёми имсола оид ба баландшавии маоши кормандони буҷавӣ, нафақаи куҳансолон, стипендияи донишҷуён ишора кардаанд. Буҷети соли 2016 бо дарназардошти истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва иҷрои афзалиятҳои миллии муайяншуда дар ҳаҷми 18 миллиарду 300 миллион сомонӣ қабул шуд, ки ин нисбат ба соли 2015 беш аз 3 миллиард сомонӣ ё 20 фоиз зиёд мебошад. Дар Паёми соли 2015 омадааст, ки дар доираи барномаҳои давлативу соҳавӣ беш аз 205 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд. Дар Паёми имсола вобаста ба ҳамин масъала қайд гардид, ки аз тарафи Ҳукумати ҶТ барномаи давлатии «Мусоидат бо шуғли аҳолӣ барои солҳои 2016-2017» қабул мегардад ва дар асоси он беш аз 300 ҳазор ҷойҳои кори нав таъсис дода мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав - ифротгароӣ ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархурди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани давлатҳои ҷаҳон ва вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра ба сар мебарад. Барои пешгирӣ ва мубориза ба муқобили ин таҳдиду хатарҳо ба сохторҳои дахлдори қудратӣ оид ба таъмини амният ва суботи шаҳрвандон супориши дахлдор дода шуд.

Илова ба масъалаҳои зикршуда, дар Паёми имсола проблемаҳои кам кардани сатҳи камбизоатӣ, зиёд гардидани ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ, маблағи пасандозҳо, тавлид ва фуруши неруи барқ ба ҳамсоякишварҳои минтақавӣ хусусан Қирғизистон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Эрон дар доираи лоиҳаи САSА - 1000, бунёди минтақаҳои саноатии нав, корхонаҳои коркарди нафту семент, сохтмони шоҳрохҳои нақлиётӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳои байни шаҳру ноҳияҳо, баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, боғу токзорҳо ва масъалаҳои дигари иқтисодиву саноатӣ алоҳида қайд гардидаанд. Татбиқи тамоми чорабиниҳои мазкур ба мо имконият медиҳад, ки зиндагии борифоҳ ва пурфайзи халқамон, махсусан насли наврас ва ояндаи хуби он муҳайё карда шаванд.

Дар маҷмӯъ ба хулосае омадан зарур аст, ки масъалаҳои муҳиме, ки дар Паёми имсолаи сарвари давлат муайян карда шуданд, моро барои ташвиқи ҳамаҷонибаи онҳо уҳдарор ва масъул кардаанд.

Ҳикматулло ХОҶАЕВ,

коршиноси масоили сиёсии

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон