Асосӣ: Амнияти минтақавӣ ПЕШВОИ АРЗАНДА
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз390
mod_vvisit_counterДирӯз1581
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта8751
mod_vvisit_counterДар ин моҳ24035
mod_vvisit_counterҲамагӣ1350906
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Октябри
21
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ПЕШВОИ АРЗАНДА

Бешубҳа, Сарвари давлати мо, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бидуни қонун ҳам пешвои миллати тоҷик буданд ва ин рисолати худро имрӯз ҳам бо муваффақият иҷро мекунанд.

Таърихи навтарини давлати моро тахминан ба ду давра ҷудо намудан мумкин аст: давраи то соли 1997 ва давраи баъд аз соли 1997-ум. Тавре мо медонем, кишвари мо то соли 1997, амалан, пойбанди моҷарои дохилӣ буд ва вазифаи Роҳбари давлат, ки онро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худашон ҳанӯз дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии мамлакат муайян намуда буданд, хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш ва ба Ватан баргардондани фирориён буд. Бо мақсади иҷрои ин ниятҳои нек Роҳбари давлати мо ҳамчун пешвои воқеии мил¬лат намунаи аз худ гузаштанҳоро намоиш дода, ҳамаи ҷонибҳои аз сулҳи тоҷикон манфиатдорро гирди ҳам оварданд ва дар ниҳоят ба сулҳ ва оштии миллӣ ноил гаштанд. Мардуми кишва¬ри мо дар атрофи пешвои арзандаи худ муттаҳид гашта, ба ҳаёти осоишта ва созандагӣ оғоз намуд.

Минбаъд давраи барқарорсозии мамлакат оғоз шуд. Аз санадҳои оморӣ маълум аст, ки соли 1997 сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат 84 фоизро ташкил медод. Роҳбари давлат минбаъд дар назди худ мақсад гузоштанд, ки ба¬рои рушди

мамлакат ба паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ муваффақ шудан зарур аст. Бо ҳамин мақсад Бар- номаи давлатии паст намудани сатҳи камбизоатӣ қабул гардид. Натиҷаи барномаи мазкур ин аст, ки сатҳи камбизоатӣ тибқи маълумотҳои расмӣ ба 38 фоиз расидааст. Дар шароити қарордоштаи давлати мо ба чунин нишондод расидан дастоварди беназир аст ва мо медонем, ки таҷрибаи сулҳи моро имрӯз дар кишварҳои олам меомӯзанд.

Самти дигари пешгирифтаи Роҳбари давлати мо бароварди Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ буд, зеро бидуни ҳалли ин масъала ба рушди босуботи иқтисодии мамлакат умед бастан мушкил буд. Маҳз тавассути роҳбарии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон имрӯз тавассути нақбҳои Истиқлол, Шаршар, Шаҳристон, Хатлон, роҳҳои Душанбе- Хуҷанд-Чанок, Душанбе - Кӯлоб-

Хоруғ, Қулма кишвари мо бо тамоми минтақаҳои олам пайваст гардида, ба¬рои рушди минбаъдаи иқтисодии мам¬лакат шароит фароҳам омад.

Мо метавонем заҳматҳо ва ҷонфидоиҳои Рохбари давлатамонро дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа номбар кунем. Ҳамин тариқ Пешвои миллати тоҷик дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеаи кишвари маҳбубамон ба пешрафту комёбиҳо ноил гашта, мардумро ба фардои неки ватанамон дилпур сохтанд.

Ҳикматулло ХОҶАЕВ,

коршиноси масолили сиёсии

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон