Асосӣ: Таҳқиқи лоиҳаҳо Арзёбии талабот ба таълим дар низоми таҳсилоти касбӣ-техникӣ дар сатҳи миллӣ бо таваҷҷуҳи асосӣ ба бахшҳои калидии иқтисоди Тоҷикистон: кишоварзӣ, нақлиёт ва энергетика
+++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз804
mod_vvisit_counterДирӯз391
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта804
mod_vvisit_counterДар ин моҳ22317
mod_vvisit_counterҲамагӣ1192021
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июни
18
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Арзёбии талабот ба таълим дар низоми таҳсилоти касбӣ-техникӣ дар сатҳи миллӣ бо таваҷҷуҳи асосӣ ба бахшҳои калидии иқтисоди Тоҷикистон: кишоварзӣ, нақлиёт ва энергетика

МУҚАДДИМА

Алҳол дар аксарият кишварҳои дорои иқтисоди гузариш, аз он ҷумла дар Тоҷикистон, сарфи назар аз дастовардҳои сиёсати иҷтимоӣ, баъзе падидаҳои бозори меҳнат (масалан, коҳиши боздеҳии маориф) сиёсатмадорон, олимон ва коршиносонро дар ҳайрат меандозад.

Маълум аст, ки низоми маълумоти касбӣ наметавонад ба таври бояду шояд боиси суръатбахшии рушди иқтисодӣ гардад, агар дониши гирифташуда дар муассисаҳои таълимӣ аз тарафи корфармоён талабгор надошта бошад ё ин ки ҷавобгӯи ниёзмандиҳои иқтисоди кишвар намебошад.

Дарк намудани аҳамияти малака ва қобилияти мушаххас, махсусан, дар сатҳи маълумоти миёнаи касбӣ-техникӣ муҳим аст.

 

Дар айни замон, тавонмандии маълумот мавқеи рақобатпазирии кормандонро тақвият мебахшад: яъне ҳар андоза он бештар бошад, ба ҳамон андоза фаъолмандии иқтисодӣ ва шуғл бештар мешавад; хатари дохил шудан ба сафи бекорон камтар мегардад, муддати бекорӣ низ камтар мешавад; музди меҳнат баландтар хоҳад шуд ва дастрасӣ ба ҷойҳои кории ҷолиб васеътар аст ва фаъолмандии касбӣ низ бештар хоҳад буд. Неруи кории маълумотноктар ба тағйирот дар фазои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ хубтар мутобиқ мешавад, дониш ва малакаро зудтар азхуд мекунад, ба дастовардҳои илмӣ-техникӣ тезтар ошно мешавад ва онро дар амалияи ҳаррӯзаи худ бакор мегирад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маълумоти миёна бештар фаро гирифта мешавад, аммо проблемаи сифати таълим дар мактаб ҷой дорад. Ҳамчунин, дар бобати омодагии касбӣ ва нигоҳ доштани коршиносони баландихтисос дар ин соҳа низ мушкилот вуҷуд дорад.

Дар айни замон, як силсила стратегия ва барномаҳои (ҳам умумимиллӣ, ҳам соҳавӣ) равонашуда ба ҳаллу фасли пайгиронаи проблемаҳои бунёдӣ – мутобиқати низоми омода кардани кадри корӣ бо талаботи бозори меҳнат амалӣ мешаванд.

Талаботи иқтисоди ҷумҳурӣ ба коршиносони дорои маълумоти касбӣ аз динамикаи мақроиқтисодӣ вобастагии мустақим дорад, ки аз он ҷумла, тағйироти онро бар асари ноустувории талабот ва ҷараёни маблағгузорӣ муайян менамояд. Дар айни замон, хусусияти соҳавии ноустуворӣ ба шаклгирии сохтори талабот ба кадр дар сатҳи гуногуни омодагии касбӣ таъсир мерасонад. Қонеъ намудани ин талабот аз он ҷумла, аз ҳисоби омода кардани кадрҳо ба воситаи низоми асосӣ ва иловагии маълумоти касбӣ сурат мегирад.

Гузориши мазкур ба таҳқиқоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи тарҳи Созмони Байналмилалии Меҳнат «Бакоргирии стратегияи омӯзиши гурӯҳи бист» такя менамояд, ки дар он кӯшиш шудааст вазъи маълумоти касбӣ-техникӣ бо таваҷҷуҳ ба хусусияти талаботи соҳаҳои асосии иқтисод – энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ арзёбӣ гардад.

Download: Арзёбии талабот ба таълим дар низоми таҳсилоти касбӣ-техникӣ дар сатҳи миллӣ бо таваҷҷуҳи асосӣ ба бахшҳои калидии иқтисоди Тоҷикистон: кишоварзӣ, нақлиёт ва энергетика