Асосӣ: Амнияти минтақавӣ АВЗОИ СИЁСӢ ВА ГЕОПОЛИТИКӢ ДАР МИНТАҚА
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз431
mod_vvisit_counterДирӯз1581
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта8792
mod_vvisit_counterДар ин моҳ24076
mod_vvisit_counterҲамагӣ1350947
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Октябри
21
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АВЗОИ СИЁСӢ ВА ГЕОПОЛИТИКӢ ДАР МИНТАҚА

Солҳои охир равандҳои иртиҷоие ба монанди терроризм, экстремизм, ва ғайра дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба тадриҷ доман паҳн намуда, ба омили асосии мураккабшавии муносибатҳои байналхалқӣ табдил ёфтаанд. Ҷуғрофиёи густариши ин омилҳо маҳдуд ба марзҳои ин ё он минтақаи ҷудогона нест, балки фарогири тамоми минтақаҳо ва ҳатто кишварҳои мутараққии Ғарб низ мебошад.

Теъдоди аз кишварҳои абарқудрати ҷаҳонӣ бар зидди гурӯҳҳои ифротгароироӣ мубориза бурда, ҳамзамон қисми дигари кишварҳои аврупоӣ ҷиҳати амали намудани аҳдофи сиёсӣ, иқтисодӣ ва геополитикии худ, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ин гурӯҳҳои тундравро дастгирӣ менамоянд. Аз ҷумлаи чунин гурӯҳҳои ифротгаро – гурӯҳи муташаккили террористии ба ном «Давлати исломии Ироқ ва Шом» мебошад ки «тифли ба нозпарвардаи абарқудратҳо» ба шумор рафта, тайи солҳои охир ба кишварҳои Осиёи Миёна сар дароварда, барои дастёбӣ ба ҳадафҳои стратегии худ аз тамоми воситаҳо истифода менамояд.

Айни замон «Давлати исломии Ироқ ва Шом» ба яке аз омилҳои нисбатан хатарзои минтақава ҷаҳон табдил ёфтааст. Ин гурӯҳи ифротӣ гӯё бо мақсади пуштибонӣ аз дин. Аммо ҳадафи асосии ин гурӯҳ на пуштибонӣ аз ҳуқуқи кадом миллату

халқият ва арзишҳои исломӣ, балки мақсадҳои сирф сиёсӣ мебошанд. Саркардагони ин гурӯҳи ҷиноятпеша бо мақсади амалӣ кардани нақшаҳо ва ҳадафҳои сиёсиашон, ҷалб намудани теъдоди зиёди мардум, ҳамчунин афзудани тарафдоронашон, ниятҳои нопоки худро бо шиорҳои динӣ пардапӯш карда, худро ҳамчун “ҳомии ислом” муаррифӣ мекунанд. Барои онҳо шарҳу тафсири нодурусти динӣ ҳамчун механизми идеологии амалисозии ҳадафҳояшон ба ҳисоб меравад. Мафҳуми «ҷиҳод» ва шарҳи сиёсии он дар чор чуби илмӣ хеле маҳдуд, барояшон ба сифати аслиҳаи идеологӣ истифода мешавад. Имрӯз доираи таъсири ин гурӯҳ рушди зиёд дошта, аз Сурияву Ироқ хурӯҷ кардааст ва дигар минтақаҳои мусулмоннишин, аз ҷумла минтақаи Осиёи Марказиро зери ҳадаф қарор додааст. Он чи ки имрӯз аз ҷониби чунин гурӯҳҳо бисёр хатарнок аст, ин истифодаи моҳирона аз иттилооти бардурӯғ, яъне дезинформатсия ба шумор меравад.

 

Дастгоҳи таблиғотии ин гурӯҳи ифротӣ хело фаъол буда, аз тариқи шабакаҳои интернетӣ бо истифода аз маводҳои аудиовизуалӣ ва варақаҳои ташвиқотӣ дар тамоми минтақаҳои олам, аз ҷумла давлатҳои аврупоӣ ҷонибдорони худро барои иштирок дар ҷанги Сурия ва Ироқ, даъват менамоянд. Ба наздики дар сомонаи «Озодагон» мақолае гузошта шуд, ки тибқи маълумоти “The Guardian” «тайи се соли охир аз 2000 то 4000 муҳоҷири меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ аз тариқи Русия ба гурӯҳи ифротӣ - террористии “Давлати исломӣ” ҷалб шудаанд.

Бояд зикр намуд, ки тамоми он нафароне, ки ба истилоҳ ихтиёрӣ дар сафи ин гурӯҳҳо меҷанганд, танҳо барои амалӣ кардани ҳадафҳои муайяне истифода бурда мешаванд ва бо гузашти вақт аз ҷониби созмондиҳандагони ҳамин гурӯҳҳо ҳатман аз байн бардошта хоҳанд шуд.

Ҳар як фарди солимфикр, бахусус ҷавонон дарк намоянд, ки бо ширкат дар чунин гурӯҳ ва ҳаракатҳои тундрав ва харобиовар чӣ хизмате ба Ватан, миллат ва дину мазҳаби хуб хоҳанд кард? Оё хизмат ба гурӯҳи ифротие ба номи «Давлати исломӣ» ва харобу ба хок яксон кардани манзилу макони сокинони як маҳалли ободи мусулмонҳои минтақае, ки «ДИИШ»дар он ҳукумрон аст, аз байн бурдани ёдгориҳои таърихӣ, иншооти муҳими стратегӣ ва сохтани мардуми бечора магар хизмате дар роҳи ислом аст?

Ҷавон имрӯз ба ҷои ҷанг дар кишварҳои дигар бояд сай ва кушиши худро баҳри пешбурди ҳаёти солим ва орому осоиштаву шукуфоии Ватани худ истифода бурда, луқмаи хоми хоҷагони аҷнабӣ мегарданд. Дар қиболи халқиятҳое, ки пайрави дини мубини ислом мебошанд, бозингарони геополитикӣ аз ақидаҳои дин ҳамчун василаи самараноки таъсиррасонӣ васеъ истифода мебаранд. Далелу рақамҳои мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷомеаи Ғарб ҳанӯз сесад сол пеш зарурати бунёди давлати дунявиро ба таври бояду шояд дарк намудаву то имрӯз ба он устувор аст. Вале дар ҳамин ҳол давлатҳои ин минтақа гӯё ба арзишҳои динии давлатҳои ақибмондае, ки қисми зиёди сокинонашонро мусалмонон ташкил медиҳанд, «арҷгузорӣ» намуда, ба ҳеҷ ваҷҳ «роҳ намедиҳанд», ки онҳо дар ҷодаи бунёди давлати воқеан ҳам дунявӣ собитқадам бошанд, зеро замоне, ки чунин кишварҳо рӯй ба дунявият оварданд, аз муноқишаву низоъҳои динӣ дур мешаванд. Тамоми имконоту захираҳои дар ихтиёр будаи ин мамлакатҳо барои амалисозии ниятҳои нек, ки моҳияти бунёдкорию созандагӣ доранд, равона мегардад.

Табиист, ки чунин ҷараён гирифтани вазъият ба манфиати абарқудратҳо набуду нест, чунки онҳо мехоҳанд, ки мусалмонон ба таври ҳамешагӣ машғул ба мушкилоти дохилии хеш, ки он низ ба «шарофат»-и абарқудратҳо рӯйи кор омадааст, бошанд. Ин аст, ки айни замон аз ҷониби абарқудратҳо идеологияҳои зиёде, аз қабили салафия барои «ихтироъ»-и созмонҳо миёни мусалмонон ворид карда шудаанд, ки дар сурати аз даст додани дарки сиёсӣ аз ҷониби шаҳрвандон метавонанд рисолати хешро «сарбаландона» иҷро намоянд. Вазъи кунунии ҷаҳон, муносибати абарқудратҳо бо ҳамдигар ва дигар кишварҳо ва воқеияти геополитикӣ далели возеҳу равшани ин гуфтаҳоянд.

Маълум аст, ки амнияти давлат маънои вуҷуд надоштани таҳдидҳои ҷиддӣ ва хатарҳои амиқ ба мустақилият, тамомияти арзӣ ва вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимою фарҳангӣ ва ҳифзи манфиати миллиро дорад. Ва мо онро бояд чун дар замони муосир ва ҷаҳонишавӣ ҳамчун гаҳвараки чашм нигоҳдошта, ба ҳеҷ ваҷҳ нагузорем, то ба амнияти миллии кишварамон тавассути чунин ҳаракатҳову созмонҳои ифротгароёна латма ворид карда шавад. Аз ин лиҳоз қонунгузории ҶТ фаъолияти ҳаракатҳои тундгаро ва бунёдгароро дар қаламрави худ манъ намуд. Албатта, мавҷудияти чунин ҳаракатҳои иртиҷоӣ метавонад замина барои нооромии авзои ҷомеа шуда, ба дурнамои неки давлату миллат хатари ҷиддӣ эҷод кунад. Аз ҷониби дигар, сатҳи маърифати сиёсӣ ва дарки тафаккури сиёсии шаҳрвандон дар ин ҷода нақши калидиро дорад, зеро вақте ки сатҳи маърифати динию мазҳабии мардум паст аст, идора кардани чунин ашхос низ осон мебошад. Ҳукмати ҶТ-ро низ мебоист ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати динии мардум, ки аксарияташро пайравони мазҳаби ҳанафӣ ташкил медиҳад, бо ҳар роҳ мусоидат намояд. Дар ин самт алалхусус истифодаи телевизион, радио ва дигар воситаҳои иттилооти хеле муфид мебошад.

Солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри болобурди тафаккури динии мардум ва фароҳам овардани муҳити муносиб фаъолиятҳои гуногун амалӣ карда мешаванд. Вале ба ин нигоҳ накарда, гурӯҳҳои ифротӣ бо роҳу усулҳо ва шеваҳои гуногун мехоҳанд муҳити ороми кишварро ба як бӯҳрони ҷидии ноамнӣ гирифтор созанд. Тавре расонаҳои хабарӣ иттилоъ метиҳанд, ҷанг дар Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, шиддат гирифта, минтақаҳои Алиобод, Имом Соҳиб ва Гӯртеппаро фаро гирифта, садҳо тан ҳалок шудаанд. Имрӯз ҳаракатҳои радикалӣ - ифротгароии динӣ, чунон ки аз ахбори мақомоти қудратӣ бармеояд, торафт шакл ва хусусиятҳои нав касб карда, аз фаъолияти худ дарак медиҳанд, ки ин пеш аз ҳама, ба амният ва сулҳу суботи кишвар хатарзо мебошад. Албатта, ҳамаи ин ҳаракатҳои ифротгарои динӣ аз ҷониби баъзе ташкилот ва созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои манфиатдор дар минтақа дастгирии моливу идеологӣ мегиранд. Бо вуҷуди эъломияҳо аз хатари воридшавии гурӯҳи ДИИШ ба Осиёи Марказӣ, баъзе аз таҳлилгарон ва коршиносон бар ин ақидаанд, ки кишварҳои абарқудрати минтақа ин таҳдидро барои давомдор намудани қудрати худ ва аз саҳна хориҷ кардани рақибони сиёсиашон суиистифода мекунанд.

Дар шароити имрӯза яке аз омилҳои асосие, ки ҷавононро ба гирдоби чунин гурӯҳҳои ифротии ғайриқонунӣ ҷалб карда истодааст, ин ҳаллу фасл наёфтани масъалаҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Маҳз ҳамчун ҷузъи ҷомеаи шаҳрвандӣ онҳо наметавонанд мавқеи худро ёбанд. Аксар ҷавонон дар кишварҳои мусулмонӣ ҷои худро дар ҷомеа намеёбанд ва билохир худро дар сафи қувваҳои ифротгароӣ мебинанд. Дар натиҷа аз ҷавонон чиро интизор будан ягон касе пешгӯи кардан наметавонад. Зеро раванди тарғиботи идеологиро назорат кардан дар замони муосир бо пешрафти технологияи муосир ғайриимкон шудааст. Мутаассифона, имрӯз шомил шудани ҷавондухтарони тоҷик дар сафи ин ҳаракатҳо низ як амали муқаррарӣ шуда истодааст. Ин метавонад барои ояндаи кишвар мушкилотҳои нав пеш орад. Чун барои духтарон ҷалб намудани ҷавонон ба сафи ҳамин гурӯҳҳо хеле осон аст, ки инро низ аз таҷрибаи воқеӣ дида истодаем.

Баъзе аз роҳҳо ва усулҳо метавонанд то ҷое гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳараккатҳои ифротро коҳиш диҳад.

1. Пеш аз ҳама, таъмини шароит ҷиҳати дастраси доштани оммаи мардум ба таҳсил, аз сатҳҳои ибтидоӣ то донишгоҳӣ, барои боло бурдани сатҳи донишҳои дунявию илмии ҷавонон. Чуноне, ки мо дида истодаем ҳар сол масъалаи болоравии нархи маҳсулоти аввалиндараҷаи ҳаётӣ, бӯҳронҳои нави иқтисодӣ-иҷтимоӣ пеш оварда истодааст. Мутаассифона, дар паёмади ин бӯҳронҳо ҷавонони зиёд аз идомаи таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳо берун мемонанд ва барои пеш бурдани рӯзгор самтҳои дигарро пеш мегиранд.

2. Ҳамчунин дар сатҳи зарури ҷорӣ намудани таълимоти динӣ ва мувофиқ намудани барномаҳои таълимӣ дар доираи мазҳабу равияҳои суннатӣ мебошад. Зеро таҷрибаи солҳои 90-ум собит кард, ки дар сурати надоштани маърифати дурусти динӣ ҷавонон ба андешаву таълимоти бегона дода шуда, минбаъд онро ҳақиқати дин шуморида аз он пайравӣ мекунанд. Танҳо таълими исломи мӯътадил дар айни ҳол метавонад раванди интишори ифротгароии диниро то андозае гирад. Ҷилавгирӣ кардан аз ифроту тафрит яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад. 3. Таъмини ҷавонон бо ҷойи корӣ ва маоши муайяне, ки талаботи рӯзгорро қонеъ кунад. Дар сурати бекор мондан хоҳ-нохоҳ ба ягон ҷиноят даст мезананд. Ё шомили ягон гӯрӯҳ мешаванд ё даст ба фурӯши маводи мухаддир ё авбошӣ ва ғоратгарӣ мезананд.

Бо назардошти авзои минтақа имрӯз ҷомеаи Тоҷикистонро зарур аст, ки аз ҳар гуна ташкилоту гурӯҳҳои ифротӣ ҳазар намуда, барои таъмини якпорчагии давлату миллат талош варзанд.

Ҳикматулло Хоҷаев