Асосӣ: Маркази матбуот ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ ШӮРОИ ИЛМИИ МТС
+++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм +++ ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон +++ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» иштирок намуданд +++ Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия +++ Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия +++ Таъиноти кадрӣ +++ ТАНОСУБИ ҚУВВАҲО ДАР АФҒОНИСТОН: СУЛҲХОҲОН ВА ҶАНГҶӮЁН +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз253
mod_vvisit_counterДирӯз903
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2020
mod_vvisit_counterДар ин моҳ23384
mod_vvisit_counterҲамагӣ1625998
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Mайи
22
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ ШӮРОИ ИЛМИИ МТС

Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои илмӣ доир гардид. Нишастро Директори Марказ Худобердӣ Холиқназар бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ намуд. Сипас барои ҳисобот суханро ба муовини директори МТС Сайфулло Сафаров вогузор намуд. Ӯ зимни гузориши худ қайд кард, ки «яке аз омилҳои муҳимми таҳкими давлатдории миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиш ва таҳлили васеи фарҳанги сиёсӣ ба шумор меравад, ки барои тақвияти субот ва амният миллӣ таъсири мусбат мерасонад. Дар ин росто тадқиқоти ташаккули хусусиятҳои миллии фарҳанги нави сиёсӣ дар кишвар барои дарки равандҳои муосири сиёсати дохилӣ ва таҳияи пешниҳоду мулоҳизаҳои амалӣ мусоидат мекунад.

Дар кори илмию тадқиқотии Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ дар солҳои 2011–2013 масъалаҳои назариявӣ, методологӣ ва хусусиятҳои ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва таъсири он ба низоми сиёсӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта буданд ва нақши афзори муҳимми ташаккулдиҳандаи он, аз қабили ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳо, ҳаракатҳои мардумӣ ва ВАО низ муайян гардида буд. Пиромуни ташаккули хусусиятҳои миллии фарҳанги нави сиёсӣ дар кишвар бояд зикр намуд, ки дар кори илмию тадқиқотии мазкур ҷанбаҳои мухталифи он мавриди омӯзиш ва таҳлил карор гирифтаанд». Маърӯзагар таъкид намуд, ки соли 2014 кормандони ин раёсат 44 адад гузориши таҳлилӣ, 11 мақолаи илмӣ, як монография–«Гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир» таҳия намуда, дар конфронсу нишастхои байналмилалӣ иштирок кардаанд.

Ҳамчунин Сайфулло Сафаров кори кормандони Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоиро мавриди баррасӣ қарор дода таъкид карданд, ки кормандони ин ду Раёсат дар соли 2014 заҳмати зиёде кашида, он вазифаҳоеро, ки роҳбарияти Марказ дар наздашон гузошта буданд бо сарбаландӣ иҷро карданд. Ҳамҷунин, дар ҷаласаи Шӯрои илмии Марказ: муовинони раиси Марказ: Муҳаммадӣ Сафолов ва Фарида Муминова доир ба фаъолияти тадқиқотӣ, таҳлилӣ ва илмии раёсатҳои зертобеъашон дар соли 2014 гузориш доданд. Дар ҷаласаи Шӯрои илмии Марказ аъзоёни Шӯрои илмии Марказ иштирок доштанд ва фикру андешаи худро иброз доштанд.