Асосӣ: Маркази матбуот БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ДУРНАМОИ СИЁСАТИ «ДАРҲОИ БОЗ» ДАР ШАРОИТИ НАВИ ҶАҲОНИШАВӢ»
+++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз370
mod_vvisit_counterДирӯз1586
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта370
mod_vvisit_counterДар ин моҳ27616
mod_vvisit_counterҲамагӣ1277972
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
20
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ДУРНАМОИ СИЁСАТИ «ДАРҲОИ БОЗ» ДАР ШАРОИТИ НАВИ ҶАҲОНИШАВӢ»

Дар доираи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №3 аз 3-юми январи соли 2014, рӯзи 25-уми ноябри соли 2014 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалии байнамилалӣ дар мавзӯи «Дурнамои сиёсати «дарҳои боз» дар шароити нави ҷаҳонишавӣ» баргузор шуд. Дар кори конфронс илова бар роҳбарият ва кормандони масъули Марказ, ҳамчунин муовини Вазири корҳои хориҷии ҶТ, муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, намояндагони Шӯрои амнияти ҶТ, вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ, вазорати корҳои дохилии ҶТ, вазорати мудофиаи ҶТ, вазорати молияи ҶТ, вазорати нақлиёти ҶТ, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ, Анҷумани дӯстии Тоҷикистон ва Афғонистон, Сафирони Фавқуллода ва Мухтори Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, ҶИ Афғонистон дар Тоҷикистон ва намояндагони сафоратҳои Белорусия, Туркманистон, ҶИ Ирон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Мақсади асосии Конфронс аз баррасии ҷанбаҳои назарӣ ва амалии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзёбии аҳаммияти сиёсати «дарҳои боз» дар шароити нави геополитикӣ ва муаррифии самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи феълӣ ва дурнамои он иборат буд. Тавре маълум аст, мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишварро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Бинобар ин, то имрӯз сиёсати хориҷии кишвар зери сарварии Роҳбари Давлат шакл гирифта, дар ҳақиқат Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар замони истиқлолият мебошад. Конфронси мазкур аз се нишасти корӣ таркиб ёфта буд, ки ҳар яки он ба таҳлилу баррасии самтҳои гуногуни сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва дурнамои он бахшида шуда буданд. Нишасти кории якум ба баррасии таҷрибаи миллӣ ва байналмилалии сиёсати «дарҳои боз» равона шуда буд, ки дар он мавзӯъҳое чун аҳамияти сиёсати «дарҳои боз» ва бисёрсамтӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати хориҷии Афғонистон дар марҳилаи нав ва таъсири минтақавии он, таҷрибаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар татбиқи сиёсати хориҷии бисёрсамта ва ғайра мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Нишасти кории дуюм таҳлили дурнамои сиёсати «дарҳои боз» ва масъалаҳои амнияти минтақавӣ дар шароити нави геополитикиро дар бар гирифта, мавзӯъҳои баррасишавандаи онро сиёсати «дарҳои боз» ва ҳузури кишварҳои хориҷӣ дар минтақа, сиёсати абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ ва таъсири он ба сиёсати бисёрсамтии кишварҳои минтақа, эҷоди навори боварӣ ва амният дар тӯли марзҳо ва ғ. ташкил доданд.

Нишасти кории сеюм ба таҳлили муносибати сиёсати «дарҳои боз» бо масъалаҳои ҳамгироии иқтисодӣ бахшида шуда буд, ки дар он мавзӯъҳое чун таъсири омилҳои берунӣ ба рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, танзими масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамчун самти муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати «дарҳои боз» ва ҳифзи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар конфронс зикр шуд, ки агар ду даҳсолаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусан, татбиқи сиёсати «дарҳои боз»-ро ба таври умумӣ ҷамъбаст намоем, метавон гуфт, ки он як сиёсати муваффақиятомез буда, дар ҳифзу таъмини манфиатҳои миллии Тоҷикистон саҳми ҷиддӣ гузоштааст. Маҳз бо туфайли чунин сиёсат бо вуҷуди фазои мураккаби сиёсӣ, амниятӣ ва геополитикии минтқа ва ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатҳои миллии худро таъмин намуда, муносибатҳои мӯътадили байналмилалӣ ва суботи умумии худро бо муваффақият ҳифз кардааст. Бинобар ин, барои Тоҷикистон зарур аст, ки он сатҳи ҳамкориҳои ҷиддие, ки дар тамоми самтҳо дар муносибат бо шарикони минатқавӣ ва байналмилалӣ ба даст омадааст, ҳифз намуда, онро дар сатҳи нав идома диҳад.