Асосӣ: Маркази матбуот Дурнамои сиёсати «дарҳои боз» дар шароити нави ҷаҳонишавӣ
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз146
mod_vvisit_counterДирӯз1586
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1732
mod_vvisit_counterДар ин моҳ16218
mod_vvisit_counterҲамагӣ1428666
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Декабри
10
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Дурнамои сиёсати «дарҳои боз» дар шароити нави ҷаҳонишавӣ

Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии он дар мавзӯи «Дурнамои сиёсати «дарҳои боз»дар шароити нави ҷаҳонишавӣ» конфронси илмию амалӣ баргузор гардид. Конфронсро бо сухани муқаддимавӣмуовини аввали директори Марказ Сайфулло Сафаров кушода, суханро ба директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶумҳурииТоҷикистон Худобердӣ Холиқназар вогузор намуд. Ӯ дар мавзӯи «Аҳамияти сиёсии «дарҳои боз» вабисёрсамтӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»маъруза кард. Сипас сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Д. Смагулов дар мавзӯи «Татбиқи сиёсати хориҷиибисёрсамта:

таҷрибаи Ҷумҳурии Қазоқистон»,Сафири кабири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии ТоҷикистонАбдулғафури Орзу дар мавзӯи «Сиёсати хориҷии Афғонистон дар марҳалаи нав ва таъсири минтақавии он»,доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдунабӣ Сатторзода дар мавзӯи «Сиёсати дарҳои боз ва ҳузури кишварҳои хориҷӣ дарминтақа», мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Р.Нуриддинов дар мавзӯи «Сиёсати абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ ва таъсири он ба сиёсати бисёрсамтаи кишварҳои минтақа», сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Ш.Ризоев дар мавзӯи «Эҷоди навори боварӣ ваамният дар тӯли марзҳо ҳамчун парадигмаи нави сиёсати хориҷии ҶумҳурииТоҷикистон»,декани Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон Б.Сафаров дар мавзӯи «Таъсири омилҳои берунӣ ба рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон»,муовини директори МТС-и назди Президенти ҶТ Ф.Муминова дар мавзӯи «Сиёсати «дарҳои боз» ва ҳифзи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигарон суханронӣ намуданд. Аз рӯйи маърузаҳо дар нишасти мазкур баҳсу мунозираҳои муфид баргузор гардид.

Дар конфронс сафирони кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, роҳбарону намояндагони  созмонҳои байналмилалӣ, олимону коршиносон, рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ иштирок карданд.