Асосӣ: Сиёсати дохилӣ МАНФИАТҲОИ МИЛЛИРО ҲИФЗ БОЯД НАМУД
+++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз790
mod_vvisit_counterДирӯз1205
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта7145
mod_vvisit_counterДар ин моҳ27494
mod_vvisit_counterҲамагӣ1236258
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июли
21
Шанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МАНФИАТҲОИ МИЛЛИРО ҲИФЗ БОЯД НАМУД

(Ин макола дар хафтаномаи "Љавонони Тоҷикистон" № 22 (9344.) аз 29.05.2014 чоп шуда аст.)

 

Равандҳои ҷаҳонишавии ҷомеаи муосир бо суръат идома доранд. Дар ин асно баҳсе ба миён меояд, ки оё ин омилҳо ба манфиатҳои миллӣ мухолифатпазир нестанду хавфи бегонапарастиро дар худ таҷассум намекунанд ва ғояи мазкур урфу одат, меҳанпарастӣ, забон, таърих, фарҳанг ва аз ҳама беш муттаҳидиро ғарқи худ намекарда бошад? Ба ин савол дар асоси хоҳиши ҳафтавора корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматулло Хоҷаев посух медиҳад.

Ба назари шумо мафҳуми манфиатҳои миллиро аъзоёни ҷомеъаи мо хуб дарк мекунанд?

 

Дар Тоҷикистон тафовут дар фаҳмиши манфиати миллӣ ончунон ки дар Руссия аст, ошкор нест. Бо вуҷуди ин, ҳатто мушоҳидаҳои сатҳӣ нишон медиҳад, ки дар ин масъала равишҳои гуногун вуҷуд доранд, ки онҳоро метавон ба чор равиш тақсим кард: равиши аввал дар он зоҳир мешавад, ки тарафдорони он дар инкишофи кишвар ба пайравӣ аз арзишҳои ғарбӣ афзалият медиҳанд; равиши дуввум онҳоеро муттаҳид месозад, ки Руссияро чун қутбнамо мешуморанд ва ба ақидаи онҳо ҳампайвандии наздик бо Руссия посухгӯи манфиати миллии Тоҷикистон мебошад, чунки ба татбиқи лоиҳаҳои миллии иқтисодӣ мусоидат мекунад; равиши севвум дар тамоюли бештар бо арзишҳои исломӣ ва зарурати ҳамгароии наздик бо давлатҳои исломӣ ва қабл аз ҳама, бо кишварҳои форсизабон зоҳир мешавад; тарафдорони равиши чаҳорум бар ин ақидаанд, ки сиёсати хориҷии бисёрқутбӣ бештар бо манфиати миллии Тоҷикистон созгор аст, зеро иҷрои вазифаҳои стратегии вобаста ба тақвияти истиқлолияти онро таъмин менамояд.

Пас тарафдорони кадом раванд бештаранд?

Зимнан, дар давраи бӯҳрони энергетикии Тоҷикистон равиши чаҳорум тарафдорони бештар пайдо кардааст. Нафарони алоҳида ақидаеро дастгирӣ мекунанд, ки вақти он расидааст, то мо ба манфиатҳои миллии худ афзалияти бештар диҳем. Бо он кишварҳое кор мебояд кард, ки онҳо омодаанд бо мо холисона ҳамкорӣ кунанд. Дар маҷмӯъ бо ин ақида баҳс намудан нашояд.

Яъне, дигар равандҳо барои мо бегонаанд?

Ҳаргиз. Бояд иброз дошт, ки нисбати равиши аввал, ки тарафдорони он дар инкишофи кишвар ба пайравӣ аз арзишҳои Ғарбӣ афзалият медиҳанд, як навъ тафовут дар ҷаҳонбинии онҳо ки берун аз дарки арзишҳои муҳимтарини миллӣ аст ба таври возеҳ аён мегардад. Аммо бовуҷуд худи ман шахсан тарафдори он муттафаккире ҳастам, ки мефармояд: «ман ба ақидаи Шумо розӣ шуда наметавонам, вале омодаам ҷонамро фидо кунам, то Шумо имкони баён кардани фикратонро дошта бошед». Бубинед, ки олами Шарқ майлу кӯшиши ба арзишҳои Ғарб эътибор додан ва онро пайравӣ карданро дорад, локин чуноне, ки нависандаи англис – Р.Киплинг гуфтааст: «Дар ҳар сурат Шарқ – Шарқ асту Ғарб-Ғарб ва онҳо ҳеҷ имкони бо ҳамдигар васл шуданро надоранд». Вале ин ақида низ ҳақиқати ниҳоӣ нест.

Дар мавриди ҳамкориҳо бо кишвари Россия чӣ назар доред?

Чуноне, ки қаблан гуфта будем, равиши дуввум онҳоеро муттаҳид месозад, ки Руссияро чун қутбнамо мешуморанд ва ба ақидаи онҳо ҳампайвандии наздик бо Руссия посухгӯи манфиати миллии Тоҷикистон мебошад. Ба ақидаи мо дар ҳамкорию сиёсати беруна нашояд ба як давлати алоҳида, новобаста аз он ки ин давлат дорои иқтидори азим аст ё на, ба он афзалият дода шавад. Чунки дар ин сурат манфиатҳои мо маҳдуд ва пойбанди якҷониба мешаванд, ва аз ин мо бурд намекунем. Бинобар ин Моро зарур аст, ки аз муносибатҳои вуҷуддошта рӯй нагардонда, имкониятҳои то ин дам бо дигар кишварҳои дунё истифоданабурдаро кашф кунем ва дар мавриди мувофиқ ба манфиатҳои ҳамаҷонибаи давлатамон истифода барем. Мутмаинем, ки роҳбарияти воломақом ин нуктаро аз мо дида бештар дарк мекунанд ва мавриди истифода қарор медиҳанд.

Пайравӣ ба арзишҳои исломӣ то кадом ҳад ба манфиатҳои миллӣ метавонад созгор бошад?

Арзишҳои исломӣ, ки онро тарафдорони равиши севвум ҷонибдоранд ва бо зарурати ҳамгироии наздик бо давлатҳои исломӣ ва қабл аз ҳама, бо кишварҳои форсизабон тамоюли бештар доштан асоснок мекунанд, нигоҳи яктарафаро мемонад. Зеро худи ҳамин давлатҳо дар пешбурди сиёсати берунаашон ҳамкориҳои иқтисодиашонро дар чорчӯбаи додугирифт танҳо бо ҳамдину ҳамзабонони худ маҳдуд намесозанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки пешрафти бомайлони онҳо дар асоси омӯхтан ва дар ҳаёт татбиқ намудани таҷрибаи пешқадами давлатҳои мухталиф сурат мегирад. Бинобар ин моро ҳам зарур аст, ки барои ҳифзи манфиатҳои миллии худ чунин роҳро пеш гирем.