Асосӣ: ЭЪЛОНҲО ВА ОГОҲИҲО МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз670
mod_vvisit_counterДирӯз1560
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4589
mod_vvisit_counterДар ин моҳ21179
mod_vvisit_counterҲамагӣ1348050
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Октябри
19
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) бо мақсади ташкили низоми доимоамалкунандаи муҳокимаю машваратҳои васеи самаранок доир ба масъалаҳои минтақавии рушди иҷтимоӣ – иқтисодии кишвар дар таърихи 27-28 – феврали соли 2014 дар шаҳри Душанбе аввалин Симпозиум «Рушди минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо» –ро баргузор менамояд.

Мақсадҳои Симпозиум:

• мусоидат ба такмили ҳамгироии фаъолияти мақомотҳои давлатӣ, соҳибкорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини рушди минтақаҳои кишвар;

• мусоидат ба инкишофи ҳамкориҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмӣ – техникӣ байни минтақаҳои кишвар;

• дастгирии пешниҳоду иқдомҳое, ки ба дарки беҳтари рафти ислоҳотҳои иқтисодӣ дар минтақаҳои кишвар мусоидат менамоянд.

Дар назар аст, ки дар Симпозиум гузориш ва муҳокимаи чунин масъалаҳо ташкил мегардад: • инкишофи низоми идоракунии давлатӣ;

• масъалаҳои ҳамбастагии фаъолияти мақомоти марказӣ ва минтақавии идоракунӣ;

• ташаккули низоми сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар минтақаҳои кишвар;

• масъалаҳои инкишофи худидоракунии маҳаллӣ; • равандҳои иҷтимоӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;

• банақшагирии стратегии инкишофи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;

• вазъ ва мушкилоти ояндабинии инкишофи иқтисодӣ – иҷтимоии минтақаҳои ҷумҳурӣ;

• механизмҳои ба ҳам мувофиқ намудани нақшаҳои инкишофи соҳаҳои воқеии иқтисод ва нақшаҳои инкишофи минтақаҳои ҷумҳурӣ;

• ҷолибияти сармоягузорӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ: имконият ва нақшаҳои стратегӣ;

• муҳити сармоягузорӣ дар миқёси минтакаҳои кишвар; • имконияту маҳдудиятҳои маблағгузории буҷетии инкишофи минтақаҳо;

• вазъ, тамоюлҳо, таҳдиду хатарҳо дар инкишофи фаъолияти соҳибкорӣ дар минтақаҳои кишвар;

• масъалаҳои муҳоҷират ва ташкили ҷойҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;

• минтақаҳои суст инкишофёфтаи ҷумҳурӣ ва имкониятҳои такон бахшидан ба рушди онҳо.

Марказ барои ташкили гузориш ва муҳокимаи муфассали масъалаҳои инкишофи минтақаҳои ҷумҳурӣ шароити мусоидро фароҳам меоварад.

Барои иштирок роҳбарони вазорату сохторҳои идоракунии давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ, марказҳову пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва муассисаҳои таълимии олӣ даъват карда мешаванд.

Забони кории Симпозиум – тоҷикӣ ва русӣ.

Аз ҳамаи хоҳишмандон тақозо менамоем, ки номи гузориш ва матни фишурдаи (тезиси) онро дар ҳаҷми то 5 саҳифа, дар шакли электронӣ ва ё чопӣ то 20 феврали соли ҷорӣ ба суроғаи зерин фиристонанд: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 40, ошёнаи 4, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи тадорукот:

Телефонҳо барои тамос:

(+992-37) 227 – 67-75, 918-64-50-13 Fax:

(+992-37) 221-11-00 E- mail:

Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript ва Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript