Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Мақоми ахлоқи ҳамида дар пешрафти ҷомеаи муосир.
+++ Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун +++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++ Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2017 01:56, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико +++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1212
mod_vvisit_counterДирӯз1376
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта9299
mod_vvisit_counterДар ин моҳ24703
mod_vvisit_counterҲамагӣ1013285
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Январи
21
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Мақоми ахлоқи ҳамида дар пешрафти ҷомеаи муосир.

Шамолов П.

Тарбияи фарзанд, умуман тарбияи инсон ва хулқу атвори вай яке аз масалаҳои муҳими ичтимой маҳсуб мегардад, ки имрӯз диққати аҳли ҷомеаи моро ҳамаҷониба ба худ ҷалб намуда, дар ин самт қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падар ва модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амри воқеӣ, саривақтӣ ва зарурӣ мебошад. Қобили зикр аст, ки муаллими нахустини ҳар як инсон модари ӯ буда, аввалин маротиба кӯдак маҳз аз забони модари хеш меҳрубонӣ ва ё норозигиро нисбат ба рафторҳои худ мешунавад ва эҳсос менамояд. Таҷрибаи ҳазорсолаи инсоният исбот кардааст, ки ашхоси маъруфе, ки мо имрӯз аз онҳо ифтихор мекунем, маҳз тарбияи аввалинро аз Модар гирифтаанд ва ин натиҷаи кӯшишу заҳмати модарони бомаърифати онҳо мебошад.

Дар робита ба ин, маърифатнокии модар дар ташаккули ахлоқи кӯдак ва насли ҷавон нақши олӣ дорад. Тарафи дигари тарбия марбут ба хонавода, муҳити зист, ҷомеа, маориф, мактабу донишгоҳҳо, васоити ахбори умум ва дар маҷмӯъ, ҳамкории давлат ба хонаводаву оила мебошад. Ҷиҳати севвуми тарбия ин осори ба илми ахлоқбахшидаи ниёгонамон маҳсуб мегардад. Тарғибу ташвиқи тарбияи инсон ва ахлоқи ҳамидаи ӯ дар афкори мардумони Шарқ, махсусан, қавми форсу тоҷик решаи амиқ дошта, яке аз ҷанбаҳои муҳими онҳо мебошад. Ин масъала дар осори мутафаккирони мо, аз он ҷумла, “Китоб ул-ахлоқ”-и Форобӣ, “Рисола фӣ ахлоқ” ва “Ишорат ут-танбеҳот”-и Ибни Сино, “Эҳё-улум ад-дин” ва “Кимиёи саодат”-и Муҳаммад Ғазолӣ, “Ахлоқи Ҷалолӣ”- и Давонӣ “Ахлоқи Ҳусайнӣ”-и Мулло Мӯҳсин Файзи Кошонӣ ва дигарон инъикоси худро ёфтааст.

Ба хусус, мутафаккири шинохтаи мо Файзи Кошонӣ, ки аз орифони барҷаста ва муаллими ахлоқ буд, дар тарбияи ахлоқии ҷомеъа саҳми арзандае гузоштааст. Вай барои дар шакли васеъ баён намудани моҳияти ахлоқи ҳамида сарчашмаҳои асосии ташаккули онро ҷустуҷу намуда, бо маҳорати баланд раванди ташаккули онро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Мувофиқи таъбири ӯ, то он замоне, ки инсон ахлоқи писандидаро касб накунад ва онро комил насозад ба худшиносӣ расида наметавонад. Маҳз инсон дар натиҷаи доштани ахлоқи ҳамида ба худшиносӣ мерасад. Ахлоқ ба ибораи ӯ дар алоқамандӣ ва устуворӣ бо нафс аст. Агар шахс нафси хешро дар ҳадди эътидол нигоҳ дорад, аз корҳои зишту нописандида худро ҳифз намояд, ахлоқи ҳамида дар ӯ рушду такомул мекунад. Файзи Кошонӣ аз Пайғамбар (с) ҳадиси зеринро овардааст: “Касе, ки шикаму фарҷ ва забони худро аз гуноҳ парҳез диҳад, аз тамоми бечорагиҳо дар амон аст”.

Инчунин Кошонӣ меафзояд, ки зиёд шудани хоҳиши инсон нисбат ба молу ҷоҳталабӣ боиси косташавии хираду ақл ва бештар майл ба разилату ҳирси душманиву хашмгинӣ ва ҷаҳлро падид оварда, инсонро пойбанди рафтори ситамгариву бадкирдорӣ месозад.

Қобил ба зикр аст, ки мавҷудияти ахлоқ худ пояи устуворӣ ва пешравии ҷомеа аст. Аз ин рӯ, дар тамоми қарну ҷомеаҳои башарӣ ахлоқи наку барои халқу миллатҳо амри зарурӣ ва муҳим буда, пайвасти ногусастании наслҳоро таъмин менамояд. Ахлоқи накӯ ва кирдори хуб сабаби иззат ва обрӯмандии инсон гардида, мояи оромии рӯҳ, каромати нафс, беҳбудии зиндагӣ, оромии ҷомеа, насли солим ва даврони беозор мебошад.

Ҳамин аст ки пешвои аҳли суннат ва ҷамоат Имоми Аъзам вобаста ба масъалаи ахлоқ чунин меорад: Илми ахлоқ ҳамчун илми роҳбарикунанда буда, ҷой ва тамоюли фаъолияти инсонро дар ҷамъият ва олам муайян месозад. Абӯҳанифа хуб дарк карда буд, ки тавассути ин илм инсон ҳадафи аслии офариниши худро идрок намуда, ҷавҳари аслии хешро дармеёбад.

Ба қавли ин абармард ахлоқ дар ҷараёни амалҳои иҷтимоии мардум ба вуҷуд омада, ба ҳар як фард қоидаҳои амалии одобро омӯзонда, лекин махсуси як одам шуда наметавонад. Аслан ахлоқ зодаи ҷамъияти инсонӣ буда, маънои хиради зиндагиро дар худ меғунҷонад. Ҳамин аст ки дар андешаҳои Абӯҳанифа ахлоқ таълимот мебошад, ки он дар бораи касб намудани сифатҳои иродиву рӯҳонии инсон, ки сараввал дар ҳаёти иҷтимой ва баъдан, дар ҳаёти шахсии ҳар фард зарур ва ногузир аст. Ба ҳамин тариқ, барои вай ахлоқ офаридаи мардум буда, василае барои таҳкими манфиатҳо ва амалкарди инсонҳо мебошад.

Чунонеки гуфтем, ахлоқ дар таълимоти Абӯҳанифа ба воситаи ақли шахс ба вуҷуд меояд ва ба андешаву ҷаҳони ботинӣ ва фитрати вай робитаҳои мутақобила ва дуҷониба дорад. Ҳар як андешаи инсон ё барои фаъолияти амалии ӯ, ё барои эҷоди ҷизе ва ё барои фаъолияти назариявӣ равона гаштааст. Яъне инсон тавассути мафкураи хеш дар фаъолияти худ роҳи дурустеро интихоб менамояд, ки дар асоси дониш ва таҷриба сурат мегирад. Дар фарқият аз ҳикмати назарӣ, ки маърифати ҳақиқат ҳадафи ниҳоии вай мебошад, илми ахлоқ донишу таҷрибаро барои ба даст овардани мақсади ахлоқии инсонӣ, ҳамаҷониба истифода менамояд. Ба қавли Абӯҳанифа инсон на танҳо бояд дар бораи фазилат донад, балки худ дорои фазилатҳои хуби инсонӣ бошад ва тавассути онҳо бо разилатҳои нафсӣ мубориза намояд.

Ба қавли муҳаққиқи рус И.Т. Флорова умуман “ таърихи фалсафа ҳеҷ ҳакимеро ёд надорад, ки аз нафс баҳс накарда бошад” ва “нафс аз давраҳои қадим то ба имрӯз мавзӯи ҳамешагии осори фалсафии ба инсон бахшидашуда” мебошад. Барои Абӯҳанифа низ ин масъала бегона набуд. Вай дар ин хусус меорад:”Касе каромати инсонӣ ва қадри нафси худро бидонад, дунё дар назараш беарзиш бошад ва сахтиҳояш бар вай осон гарданд”.

Барои исботи мавҷудияти нафс ҳаминро бояд зикр намуд, ки зоҳиртарин ва возеҳтарин чиз барои инсон ин моҳият ва зоту ҳақиқати вай мебошад.

Сабаби ҳастии инсон, мавҷудияти вай ин нафси ӯ мебошад. Дар худи инсон, яъне дар моҳияти аслии вай нафс ниҳон аст, ки танҳо марбути худи вай мебошад.

Аз ин сабаб, Абӯҳанифа асоси ахлоқ, яъне хубу бад будани онро дар арзишҳои аслии инсонӣ мебинад. Ба қавли вай гузашта, оянда ва имрӯза танҳо дар асоси онҳо муайян мегардад Дар ҳақиқат, камолоти ахлоқии шахс, оғози муносибатҳои боақлона ва беақлонаи вай нишондиҳандаи он аст, ки ахлоқ сифати хоси инсонӣ буда, вай ба ҳайвонот тааллуқ надорад, зеро онҳо аз ақл маҳруманд. Он танҳо ба инсон хос аст, ҷунки дар инсон ҳам ақл ва ҳам ҳисҳои панҷгона мавҷуд мебошанд. Ба ибораи дигар, агар ахлоқ ченаки боақлии инсон бошад, инчунин ӯ ченаки инсонии инсонро ташкил медиҳад.

Дар ҳақиқат зарур аст, ки инсон бояд дорои ахлоқи ҳамида бошад, чунки пешравии ҷомеа низ аз ахлоқи ҳамида вобастагӣ дорад, зеро дар ҷомеаи феълии мо аз тарафи ҷавонон даст задан ба ҷиноят, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, дохил шудан ба ҳар гуна гурӯҳҳои радикалу ифротгаро аз надоштани ахлоқи ҳамидаи онҳо дарак медиҳад. Чуноне, ки Президенти кишвар дар баромади худ бахшида ба рӯзи дониш яне 1-уми сентябр қайд намуданд, танҳо дар худи ҳамин сол 500 ҷиноят аз тарафи ҷавонон аз ҷумла ноболиғон ба қайд гирифташудааст, ки ин ҷойи таасуф аст. Аз ин лиҳоз, имрӯз мо бояд ба ин масъалае, ки дар байни ҷавонон доғи рӯз гаштааст диққати махсус диҳем.

Дар иртибот ба гуфтаҳои боло пешниҳод менамоем:

1. Пеш аз зану шавҳар шудан, падару модарони ҷавон бояд педагогикаи миллӣ ва илми ахлоқро пурра аз бар намоянд.

2.Падару модари ҷавон худ тарбияёфта бошанд ва дар оилаи солими ақлӣ ба воя расида бошанд.

3.Тарбияи кӯдак аз замони ширхорагӣ шурӯъ гардида, то замони оиладор шудан ва баъд аз он низ идома ёбад.

4.Низоми тарбияи кӯдакон дар боғчаву кӯдакистон дар доираи илми ахлоқ ва арзишҳои умумибашарӣ ба роҳ монда шавад.

5.Илми ахлоқ аз нимаи дуввуми соли аввали хониш (синфи 1) ба роҳ монда шуда, аз илми ахлоқ муаллимони дорои таҷрубаи педогогӣ ва илмӣ дарс диҳанд.

6.Ҳамасола ин илм то хатми мактаби миёна дарс дода шавад ва солона имтиҳон гирифта шавад.

7.Дар курсҳои якум ва дуюми донишгоҳу донишкадаҳо низ илми ахлоқ ҳамчун илми асосӣ омӯхта шавад.

8.Аз ҷониби вазорати маориф дар байни тамоми донишгоҳу донишкадаҳо ва институтҳои тадқиқотӣ озмун дар бораи навиштани беҳтарин китоб аз фанни ахлоқ эълон карда шавад ва бо интихоби ҳакамони босалоҳият ба чоп тавсия карда шавад.

9.Осор ва китобҳои ба ахлоқ бахшидашудаи мутафаккирони пешин аз хатти ниёгон ба хатти кирилӣ баргардонида шуда, ҳамчун китобҳои берун аз дарсӣ дар шакли ҳатмӣ аз ҷониби талабагон ва донишҷӯён рефератҳо навишта шавад.

10. Дар ТВ- намоишҳои ба мисли “Беғараз панд” ва монанди он ҳафтае ду-се маротиба нишон дода шавад.

11.Дар байни маҳалҳо доир ба оилаи беҳтарин дар бахши тарбияи фарзанд озмунҳо гузаронида шавад ва аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ дастгирии молиявӣ ёбанд.

12.Фурӯши филмҳои зӯроварӣ, фаҳш ва ғайра, ки ба психологияи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд, пурра аз бозори фурӯши фитта бардошта шавад.