Асосӣ: Маркази матбуот ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз358
mod_vvisit_counterДирӯз2557
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта10856
mod_vvisit_counterДар ин моҳ50978
mod_vvisit_counterҲамагӣ1896880
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Сентябри
20
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

06.09.2019

Рӯзи 6 сентябри соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷамъомадро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадзода Парвиз кушода, ҳозирини ҷамъомадро аз номи роҳбарияти Марказ ба ифтихори 28-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ табрику муборакбод намуд ва суханро ба Ёрдамчиии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашӯрбой Солеҳзода вогузор намуд.

Номбурда ба сухан баромада, нахуст салому табрикоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба ҳайати кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумиҳурии Тоҷикистон расонида, баъдан дар бораи пешрафту комёбиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи даврони Истиқлолият суханронӣ кард ва саҳми бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳамаи комёбиҳо таъкид намуда, нақши Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ниҳоди муътабари таҳлилӣ ва машваратии кишварамон дар амалишавии стратегияҳои давлатӣ ва механизми сиёсати дохиливу хориҷии давлати Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ карда, ба кормандони Марказ дар ҷодаи талошу пайкор баҳри ободии Ватани маҳбубамон муваффақиятҳои нав ба нав орзу намуд.

Дар охир Ашӯрбой Солеҳзода Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба сарфароз гардонидани котиби илмии Марказ Рухшона Одилова қироат намуда, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ ба ӯ супорид. Дар навбати худ, Рухшона Одилова ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қадрдонӣ изҳори сипос намуд ва ваъда дод, ки дар оянда низ пурсамар фаъолият хоҳад кард.

Ҷамъомадро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадзода Парвиз ҷамъбаст карда, ба Ёрдамчиии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашӯрбой  Солеҳзода изҳори ташаккур намуд ва ӯро бовар кунонид, ки ҳайати кормандони Марказ минбаъд низ барои татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош варзида, бо таҳияи маводҳои таҳлилӣ ва таклифу пешниҳодҳои муфиду арзишманд дар рушду пешрафти Тоҷикистони азиз саҳм хоҳанд гузошт.

Ҳамоиш дар вазъи тантанавӣ, самимият ва ҳусни тафоҳум доир гардид.

Хадамоти матбуоти Маркази

тадқиқоти стратегиии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон