Асосӣ: Амнияти минтақавӣ Қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир - омили таҳдидкунанда ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз318
mod_vvisit_counterДирӯз2557
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта10816
mod_vvisit_counterДар ин моҳ50938
mod_vvisit_counterҲамагӣ1896840
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Сентябри
20
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир - омили таҳдидкунанда ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

06.09.2019

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир имрӯз ба яке аз таҳдиду хатарҳои глобалӣ табдил ёфтааст, зеро он тамоми ҷомеаи ҷаҳониро фаро мегирад. Барои пешгирӣ намудани ин зуҳуроти номатлуб тамоми кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, мустақилона ва муштаракона чораҳои дахлдор меандешанд. Чунончи, ҳамасола садҳо қочоқчиён дастгир, лаборатория корхонаҳои истеҳсоли афюну ҳероин нобуд карда мешаванд. Асосҳои меъёрӣ-ҳуқуқии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир бо қабули санадҳои нави ҳуқуқӣ, аз қабили қонун, конвенсия, стратегия ва ғайра, мустаҳкам карда мешаванд.

Масъалаи мазкур дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва Президенти мамлакат дар Паёмҳои ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он диққати махсус зоҳир менамояд.

Қочоқи маводи мухаддир дар ҳоли ҳозир ба як тиҷорати байналмилалӣ табдил ёфтааст, ки ба туфайли он қочоқчиён шуҳрати пайдо карда, миллиардҳо доллар даромади муфт мегирад. Қочоқи маводи мухаддир барои пайдо ва инкишофи ҷинояткории муташаккил, аз ҷумла гардиши гайри конунии маводи мухадир, ифротгароӣ ва терроризм, заминаи мустаҳкам гузоштааст.

Пӯшида нест, ки қочоқи маводи мухаддир имрӯз яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории ҷиноятҳои ғайрианъанавӣ, ба монанди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароии хушунатомезро ташкил медиҳад, ки роҳҳои пурра пешгирӣ кардани он ҳам имконнопазир гаштааст. Чунин ҳолатро мо имрӯз дар Афғонистон, ки яке аз кишварҳои калидии киштукор ва истеҳсоли маводи мухаддир ба ҳисоб меравад, бараъло мушоҳида менамоем. Гурӯҳҳои террористии ҳаракати Толибон, ДИИШ/ ДИ ва ғайра барои ба даст овардани сарчашмаҳои маблағгузории фаъолияти худ аз ҳисоби маводи мухаддир, байни худ муборизаи беамон бурда истодаанд.

Ҳамсоягии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон минтақаро ба яке аз самтҳои интиқоли маводи мухаддир ба Русия ва Аврупо табдил додааст. Маҳз ин самтро таҳлилгарон бо номи «Масири шимолӣ» ёд мекунанд, ки вирди забон гаштааст. Тибқи омори мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақа, аз ин масир ҳамасола садҳо тонна маводи мухаддир ба Русия ва Аврупо интиқол дода мешавад. Муайян карда шудааст, ки интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир аз тариқи минтақаҳои кӯҳсори осебпазири сарҳади давлатӣ сурат мегирад. Сипас он бо роҳҳои заминӣ ва ҳавоӣ ба таври махфиёна ба Русия ва аз он ҷо ба Аврупо интиқол меёбад.

Бояд зикр кард, ки ахиран қочоқбарони байналмилалӣ аз дастовардҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии муосири интернетӣ, аз қабили «Киви - кошелёк» ва ғайра ба таври оқилонаю моҳирона истифода мекунанд. Кор то ҷое расидааст, ки онҳо аз кишвари иқоматашон набаромада, ба таври махфиёна «бор»-ро интиқол дода, маблағи онро аз тариқи «Киви - кошелёк» дарёфт мекунанд.

Даст доштани қочоқбарони маводи мухаддир ба аслиҳаи оташфишон ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо, ва рабудани одамон аз тарафи онҳо низ амнияти миллиро халалдор месозанд. Дар натиҷаи ин амалҳо даҳҳо одамони бегуноҳ ба ҳалокат мерасанд.

Дар ин асос метавон гуфт, ки қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир омили асосии ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдидкунанда ба ҳисоб меравад. Илова бар ин, омили мазкур барои рушди на танҳо ҷиноятҳои мухаддиротӣ, балки ҷиноятҳои дигар, ба монанди куштор, дуздӣ ва ғайра мусоидат мекунад. Барои пешгирии ин омил ва муқовимат ба он аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои дахлдор андешида мешаванд.

Чунончи, мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир дар ин самт чорабиниҳои дарозмуҳлат ва миёнамуҳлатро амалӣ менамоянд. Дар зимн, дар самти мазкур ҳамкории зич бо Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, созмону ташкилотҳои байналмилаливу минтақавии дигар (САҲА, ИДМ, СААД, СҲШ) ба роҳ монда шудааст. Гузаронидани Конфронси сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо маводи мухаддир ва прекурсорҳои он, ки моҳи майи соли 2015 дар шаҳри Душанбе доир гардид мисоли равшани гуфтаҳои боло шуда метавонад.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми мусодираи ғайриқонунии маводи мухаддир, содир гардидани ҷиноятҳои ба он вобаста ба ҳаҷми истеҳсол ва интиқоли маводи мухаддир дар Афғонистон марбут мебошад. Яъне, дар сурати хушксолӣ, ки боиси паст шудани ҳаҷми майдони киштукор мегардад, маводи мухаддир низ ба ҳаҷми кам мусодира мешавад ва ғайра.

Ҳамин тариқ, барои пешгирӣ кардани қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ё коҳиш бахшидани он, ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, ки ба он дар Паёми Пешвои миллат аз 26 декабри соли 2018 таъкид карда шудааст, минбаъд ҳам пурзӯртар карда шуда., ҳамкориҳо бо созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар самти мубориза бо қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир боз ҳам тақвият дода шаванд.

Саодат Содиқова, мутахассиси пешбари Раёсати

омузиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ

Маркази тадқиқоти Стратегии  назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон