Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот ИНТЕРНЕТ ДАР ФАЗОИ СИЁСИЮ ҶАМЪИЯТИИ ТОҶИКИСТОН: ТАҲДИДҲО ВА РОҲҲОИ БАРТАРАФ КАРДАНИ ОНҲО

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз336
mod_vvisit_counterДирӯз2557
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта10834
mod_vvisit_counterДар ин моҳ50956
mod_vvisit_counterҲамагӣ1896858
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Сентябри
20
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ИНТЕРНЕТ ДАР ФАЗОИ СИЁСИЮ ҶАМЪИЯТИИ ТОҶИКИСТОН: ТАҲДИДҲО ВА РОҲҲОИ БАРТАРАФ КАРДАНИ ОНҲО

06.09.2019

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳон интернет ҳамчун воситаии асосии иттилоотрасон ва хамчун омилҳои хатарзову таҳдидовар ба амнияти кишварҳо ба шумор меравад. Дар робита ба ин, таҳдидҳои фазои интернетиро ба ду гуруҳ тақсим кардан мумкин: – таҳдид ба маълумотҳои махфӣ ва дастрасӣ ба маълумотҳои шахсӣ; – таҳдиди вайрон кардани талабот (меъёр) ба мундариҷаи (мазмуну моҳият) иттилоот. Навъи якуми таҳдид ба ҷанбаҳои техникии истифодабарии интернет марбут буда, вайрон кардани маълумоти ҳифзшуда, махфӣ ва дуздидани маълумоти шахсӣ, инчунин, ҳамлаҳои вируси ҷудогона, ки ба воситаҳои техникӣ ва ҳам ба иттилооти ҳифзшуда зарар мерасонад дар бар мегирад.

Навъи дуюми таҳдид хусусияти иттилоотӣ-психологӣ дошта, дар натиҷаи дастрасӣ ба маълумоти ғайриқонунӣ пайдо мешавад. Махсусан, дар шароити давлатҳои миллӣ ва рӯ ба инкишоф чунин таҳдидҳо бештар ба назар мерасанд.

Аз ин рӯ, давлатҳоро зарур аст, ки мақом ва нақши интернет ва махсусан таҳдидҳое, ки тавассути он ба истиқлолияти сиёсӣ ва амнияти миллӣ расонида мешаванд, мавриди таҳлил ва хулосагириҳои илмӣ қарор дода, барномаҳои мукамали мубориза бар зидди таҳдидиҳои фазои маҷозиро таҳия намоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мисли дигар кишвар дар фазои иттилоотӣ ба чунин мушкилот мувоҷеҳ аст. Ҳар як амал ё ҳаракате, ки дар сиёсати глобалӣ ба вуҷуд меояд, хоҳу нохоҳ таъсири худро ба сиёсати дохилии Тоҷикистон мерасонад. Имрӯзҳо аз интернет истифода намудани гурӯҳҳои гуногуни манфиатҷӯйи дохилию хориҷӣ бо мақсади амалӣ намудани барномаву ҳадафҳои ғаразноки хеш як амали маъмулӣ гардидааст, ки ин ҳолат дар ҳар сурат ба қисми муайяни аҳолӣ, хусусан, ҷавонони Тоҷикистон таъсири манфии хешро мерасонад.

Яке аз амалҳое, ки имрӯз барои гумроҳ намудани ҷавонон тавассути интернет ба роҳ монда шудааст, пахш намудани ҳар гуна маводу наворҳои фаҳшо ва порнографӣ мебошад. Истифода ва тамошо намудани ин гуна маводу наворҳо ахлоқи ҷавононро коста гардонида, онҳоро дар роҳи ҳимояи арзишҳои ахлоқии миллати хеш дур сохта, бадахлоқӣ ва муносибатҳои бегонапарастиро дар миёни мардум густариш медиҳад. Ин амал бештар аз ҷониби ҷаҳони Ғарб ва агентҳои минтақавию дохилии онҳо ба давлатҳои Шарқ равона карда шудааст. Дар ин ҷо саволе ба вуҷуд меояд, ки чаро Ғарб ин амалҳоро анҷом медиҳад ва ин амалҳо чӣ паёмади нохуше ба давлатҳои Шарқ, аз ҷумла Тоҷикистон, дошта метавонанд? Посух ба ин савол аз ҷониби муҳаққиқон нигоҳи ахлоқию тамаддуниро талаб менамояд.

Имрӯз интернет воситае гардидааст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ онро майдони иғвоангезии хеш қарор додаанд. Дар сиёсати ҷаҳонӣ акторҳои сиёсӣ онро барои ҳимояи манфиатҳои худ мавриди истифода қарор медиҳанд. Инчунин, тавассути интернет ҷавононро ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ҷалб менамоянд, ки ин таҳдиди ҷиддӣ ба ҳар як давлат мебошад. Воқеияти ин гуфтаҳоро мо солҳои гузашта ҳангоми шомил шудани як қатор ҷавонони гумроҳи тоҷик ба ташкилоти экстремистию террористии ба ном “Давлати исломӣ” мушоҳида намуда будем. Инчунин, дигар хатару таҳдидҳое низ ҳастанд, ки тавассути интернет ба ҷавонон таъсири манфии хешро мерасонанд.

Ҷомеаи Ғарб тавонист интернетро хеле хуб ба манфиати худ истифода намояд. Ҳангоми кор дар шабакаҳои интернетӣ мо мушоҳида мекунем, ки бештар ғояҳои ғарбгароӣ дар шакли видеороиликҳо ва аксҳо таблиғ карда мешавад, ки дар ҷомеаи мо хоҳу нохоҳ таъсири манфии хешро мерасонад. Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон зери таъсири ин тамоюлҳо тарзи либоспушии ҷавонон ва муносибатҳои он дар ҷомеа дигар гаштааст. Масалан, имрӯз дар байни ҷавонон баъзе тақлидҳо ба фарҳанги бегона мушоҳида мегардад, ки ин ба пояҳои фарҳанг ва ахлоқи миллии мо хатар дорад.

Дар шароити бо суръати кайҳонӣ рушд кардани техникаю технология ҳифзи маълумоти махфӣ, шахсӣ ва мубориза бар зидди вирусҳои ҷудогона, ки тавасути шабакҳои интернетӣ сурат мегирад, ба пуррагӣ ғайриимкон аст. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ чунин хатарҳо таҳдид мекунанд. Дар вазъияти кунунии Тоҷикистон ки чунин таҳдидҳо камтар аст, беш аз пеш таҷҳизонидани мақомоти назоратии шабакаҳои интернетӣ бо техникаҳои муосир аз манфиат холӣ нест.

Ҳамин тавр, таҳдидҳое, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ ба амнияти миллии кишварамон ба назар мерасанд, бештар хусусияти психологӣ доранд. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн кардани порнография, ғояҳои ифротӣ, иттилоти хусусияти иғвоангезӣ ва миллатгароӣ, инчунин, маълумоте, ки шаъну шарафи инсонро паст мезанад ва ё истифодаи маводи мухаддирро тарғиб мекунад, манъ карда шудааст, вале дар фазои иттилоотӣ татбиқи он комилан ғайри имкон аст. Барои муқовимат намудан бар зидди ин гуна амалҳо ва ба танзим даровардани шабакаи интернетӣ дар шароити Тоҷикистон мавриди эътибор қарор додани пешниҳодҳои зерин ба мақсад мувофиқ аст:

– Ташкил намудани семинарҳои омӯзишӣ доир ба самаранок истифода намудани интернет. Ба ҷавонон омӯзонидани психологияи дарк намудани мафҳуми “вақт”, зеро самаранок истифода намудани вақт ин худ яке аз роҳҳои раҳоӣ аз ҷоҳилият ва ҳар гуна амалҳои зараровар аст.

– Назорат намудани системаи интернетии таҳдидовар ва ғайриахлоқонаву ғайримиллии фазои Тоҷикистон. Дар ин маврид истифода намудан аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта ба маврид аст. – Қабул намудани Кодекси ягонаи ахлоқӣ барои истифодабарандагони интернет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мардуми тоҷик дар тӯли таърих, ҳамеша офарандаи тамаддуну ахлоқи башарият будааст. Ин омил метавонад тавассути ташвиқу тарғиби барномаҳои махсус ҷавононро аз ҳар гуна таҳдидҳои интернетие, ки аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро ба роҳ монда мешавад, нигоҳ дорад.

Хулоса, дар ҷаҳони имрӯза бояд ҳар як имкониятро самаранок истифода бурд, зеро дар ин ҳолат метавон ба муваффақият ноил гардид. Ҷавонони кишвари моро лозим аст, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини амнияти миллӣ ва рушду инкишофи Ватани маҳбубамон ҳамеша талош намоянд.

Шоҳрухи Ҷаббор, мутахассиси

пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабини

сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон