Асосӣ: Соҳибкорӣ ва рушди сектори хусусӣ Тадкикот, нашрияю баромадхо ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ТАЪСИРИ ОН БА РУШДИ БАХШИ ХУСУСӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз318
mod_vvisit_counterДирӯз2557
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта10816
mod_vvisit_counterДар ин моҳ50938
mod_vvisit_counterҲамагӣ1896840
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Сентябри
20
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ТАЪСИРИ ОН БА РУШДИ БАХШИ ХУСУСӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ

04.09.2019

Таърихи башар собит намудааст, ки ҳифзи истиқлолияту озодӣ кори бисёр сангину душвор мебошад.

Имсол аз қабули Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон гардидани истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 28 сол сипари мегардад». Яъне, бисту ҳашт сол муқаддам миллати мо ба дастоварди бузургтарини таърихӣ, яъне истиқлолияти давлатӣ ноил шуд, ки ҳоло тамоми мардуми кишварамон дар остонаи истиқбол ва таҷлили он қарор доранд.

Соҳибистиқлолӣ ва хусусан, солҳои аввали он барои мардуми мо марҳалаи бисёр вазнин ва озмоишҳои сангин буданд.

Кишвари мо дар натиҷаи фитнаву дасисаи қувваҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллат ба воқеияти талху даҳшатнок табдил ёфта буд.

Дар таърихи миллати тоҷик ин фоҷиаи гарон чун саҳифаи фаромӯшнашаванда сабт шудааст, то дарси ибрати наслҳои имрӯзу оянда гардад.

Вале, мардуми шарифи Тоҷикистон бо саъю талоши ватандӯстонаву фидокорона ба хотири ҳимояи истиқлолияти давлати ҷавони худ ин имтиҳони сахту сангини таърихро паси сар намуданд.

Ба хотири дарки арзиши таърихӣ ва дарёфти роҳҳои таҳкими он мо паҳлуҳои гуногуни ин неъмати азизи худододро гаштаву баргашта мавриди арзёбӣ қарор медиҳем.

Тавре, ки аён аст баъди касби истиқлолияти давлатӣ, кишвари мо ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуд. Зеро дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта, давлати тозаистиқлоли мо ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони сиёсие, ки кишвари моро фаро гирифта буд, боиси хисороти азими иқтисодӣ ва гузашта аз ин, фалаҷ шудани иқтисодиёт ва коҳиши бесобиқаи нишондиҳандаҳои тамоми соҳаҳо гардид.

Агар мо ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодӣ дар солҳои аввли соҳибистиқлолии мамлакат назар афканем, дар ин ҷодда талафот хеле зиёд ба назар мерасад.

Масалан, агар соли 1991 ҳаҷми маҷми маҳсулоти дохилӣ (ММД) нисбат ба соли 1990 – 6 дарсад кам шуда бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 1992 якбора то 40 дарсад поён рафта буд. Тамоми бахшҳои иқтисодиёт, тақрибан фалаҷ гашта буд. Кормандон аз истиҳсолот берун монда буданд ва ин шумора рӯз аз рӯз тамоюли афзоиш дошт. Мардуми кишваро хатари гуруснагӣ таҳдид мекардад. Яъне, таъмини нон, хӯрок ва ашёи зарурии рӯзгор масъалаи асосӣ, ба ҳисоб мерафт.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва истеъмолӣ, маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 70 дарсади нишондиҳандаи соли 1991- ро ташкил дода буд. Умуман, кулли нишондиҳандаҳои иқтисодии соли 1992 яку якбора поён рафт.

Дар ин давра, агар сатҳи поёнравии миёнасолонаи ММД дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҳисоби миёна 9 дарсадро ташкил дода бошад, пас ин рақам дар иқтисодиёти кишвари мо ба 25 дарсад баробар буд.

Дар маҷмӯъ, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти кишвари азизамон, беш аз 10 миллиард доллар хисороти молиявӣ ворид намуд. Табии аст, ки дар чунин шароит барқарор намудани инфрасохтори иқтисодӣ-иҷтимоии фалаҷшуда, кори сахту сангин буд.

Таъҷилан аз байн бурдани хавфи гуруснагӣ, барқарор намудани фаъолияти корхонаҳои фалаҷгардида, манзилҳои зист ва иншооту биноҳои сӯхтаву валангоргашта вазифаи фаврӣ ва аввалиндараҷа, ба ҳисоб мерафт.

Ин ҳолат, андешидани тадбирҳои муассир ҳамзамон, таҳияву татбии қонун ва стратегияву барномаҳои мушаххаси давлатие, ки ба ҷорӣ намудани муносибатҳои бозаргонӣ мусоидат мекунанд, талаб менамуд.

Ин ҷо таъкид кардан зарур аст, ки қабули фармонҳои сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тақсими 75 ҳазор гектар замин ба мардум дар таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва наҷот додани мардум аз хатари гуруснагӣ тадбири ниҳоят ҷиддӣ ва саривақтӣ буд.

Бо азму талошҳои пайваста ва бо дарки баланди масъулиятшиносии Пешвои муаззами миллат ҷиҳати идораи иқтисодиёти миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол сохтори нави ҳукумат ташкил карда гардида, Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки ҳамаи самтҳои муносибатҳои иқтисоди бозориро танзим ва равандҳои ислоҳотро дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт муайян менамоянд, таҳия ва қабул гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки дар барқарор намудани сохторҳои асосии пурра фалаҷгардидаи ҳукумат, аз ҷумла бахшҳои иқтисодии он Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ, нақши муҳим гузошт.

Ҳамин тавр, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муассир, танҳо аз ибтидои солҳои 2000-ум сар карда, кишвари мо ба марҳалаи рушд ворид шуд ва пешрафти босуботи иқтисодиёт ва тадбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ низ таъмин гардид.

Ҷорӣ намудани навъҳои гуногуни моликият, шаклҳои гуногуни ташкили хоҷагидорӣ, пеш гирифтани сиёсати хусусигардонии моликияти давлатӣ, ба муомилот баровардани асъори миллӣ, озод намудани нархҳо, бунёди корхонаҳои муштарак ва ғайра имконият доданд, ки барои рушди устувори иқтисодиёти Тоҷикистон, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва таҳкими дастовардҳои истиқлолият қадамқои устувор тававсути рушди бахши хусусӣ гузошта шаванд. Авалин қадаме, ки дар пиёдасозии омилҳои рушди иқтисодӣ ва ҷалби бештари бахши хусусӣ дар идоракунии давлатӣ гузошта шуд, таҳия ва қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи майи соли 1997 «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» мебошад.

Ин санад, иртиботи байни давлатро дар шахси мақомоти ваколатдори он ва шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ муайян намуда, барои рушду тараққиёти шаклҳои мухталифи фаъолияти соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам овард. Маҳз дар шароити мураккаби сиёсию иқтисодӣ ба соҳибкорон ва дигар шахсони алоҳида вогузор намудани моликият боиси рушди иқтисодиёт гардид.

Дар солҳои соҳибистиқлоли дар натиҷаи тадбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» иншоотҳои зиёди хурд ва корхонаи миёнаю калон хусусӣ гардонида шуда, ки ин раванд дар муътадил гашатани вазьияи макроиқтисодӣ нақши муҳим гузошт.

Ҳоло аграр мо, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва рушди бахши хусусиву соҳибкориро аз замони бадаст овардани истиқлолияти давлатӣ то кунун мавриди таҳлилу барассӣ қарор диҳем, пас дар ин росто кишвари мо ба дастоварҳои назаррас ноил гаштааст.

Агар дар солҳои аввали эълон гардидани истиқлолияти давлатӣ ҳаҷми, ММД 13,4 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда, дар соли 2018 беш аз 68,8 миллард сомонӣ ва афзоиши воқеии он бошад, ба 7,3 дарсад баробар гаштааст. Дар ин давра, ММД ба ҳар сар аҳолӣ аз 2,5 сомонӣ то зиёда аз 7597,4 сомонӣ зиёд гардида аст.

Тибқи маълумоти оморӣ соли 2018 даромади пулии аҳолӣ беш аз 27,6 миллиард сомониро ташкил кард, ки ин рақам дар соли 1997 ба 45,8 миллион сомонӣ баробар буд.

Тайи бисту ҳашт соли соҳибистиқлолӣ сатҳи камбизоатии аҳолии кишвар аз 81 дарсад то 28 дарсад коҳиш ёфт ва дар назар аст, ки ин нишондиҳанда то соли 2030 ба 15 дарсад расонида шавад. Ҳамаи ин боиси, беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ин васила то 73,5 сол боло рафти дарозумрии миёнаи шаҳрвандон дар кишвар гардид. Зикр кардан ба маврид аст, ки сатҳи миёнаи дарозумрии шаҳрвандон дар солҳои аввали истиқлолият ба 67,6 сол баробар буд.

Аз баракати истиқлолияти давлатӣ, бо амали гардидани тадбирҳои муассири давлатӣ ва амалисозии барномаҳои қабулгардида дар масири дастгирии рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, ҳиссаи ин бахши муҳими иқтисодиёт дар истеҳсоли ММД мунтазам афзуда, дар соли 2019 беш 70 дарсадро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда дар қиёс бо соли 1998 тақрибан 2,5 маротиба зиёд мебошад. Давоми солҳои 1991-2019 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ бо назардошти хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) беш аз 37 маротиба, шумораи корхонаҳои хурде, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд ва мақоми шахси ҳуқуқиро доранд, тақрибан 2 баробар ва ҳаҷми даромад аз фурӯши маҳсулоташон бошад, 5,5 маротиба зиёд гардидаанд.

Дар 28 соли истиқлолият бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ садҳо корхонаи хурду бузурги истеҳсолӣ бунёд ва ҷойҳои корӣ таъсису барқарор карда шуданд.

Бо вуҷуди дастовард ва тамоюлҳои мусбӣ, ҳоло ҳам баъзе масъалаҳои ҳассоси дигари ҳалталаб, аз ҷумла иқтидори нокифояи захираҳои қарзӣ молиявӣ, мизони (ставкаи) баланди кредитӣ, кӯтоҳ будани мӯҳлати бозгардонидании қарз, мавҷуд набудани иттилооти зарурӣ барои ташкил ва идоракунии тиҷорат, мукаммал набудани механизмҳои дастгирии молиявию қарзӣ ва суғуртаи хавфҳои соҳибкорӣ, шароитҳои номусоиди қарздиҳӣ, рушди нокифояи механизми лизинг инчунин меёрҳои нисбатан баланди андозбандӣ ва ғайра низ мавҷуд мебошанд, ки дар рушди устувори фаъолияти соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ монеа эҷод мекунанд. Аз ин ру, ислоҳот ва дастгириҳои пайвастаи давлатӣ дар иртибот ба ҳалли масоили ҷойдоштаи марбут ба рушди соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ бо ҳам фаъолтар гардонида шаванд.

Хулоса ҳаминро ментавон қайд намуд, ки дар раванди бисёр мураккабу пурпечутоби ҷаҳонишавӣ ва таҳдиду хатарҳои торафт афзояндаи замони муосир ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ва таҳкими ваҳдати миллии ҳар як кишвар аз бисёр ҷиҳат ба сатҳи баланди рушди иқтисодиёти он бо такя ба инкишофи бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, вобастагии зич дорад.

Ҳарқадаре, ки сурати рушди иқтисоди миллӣ таъмин гардад, ҳамон андоза кафолати бештари давлати соҳибистиқлоли мо аз таъсири чунин тазодҳои ҷаҳони имрӯза эмин нигоҳ хоҳанд шуд.

Бинобар ин, мо хурду бузурги кишвар, аз ҷумла, соҳибкорони бо нангу номус ва намояндагони бахши хусусӣ ба хотири таъмини рушди иқтисоди миллӣ ва ҷашни истиқлолияти давлатӣ, боз ҳам бештар заҳмат кашем, корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд кунем, иқтидори иқтисодӣ ва имкониятҳои содиротии мамлакатро тақвият бахшем, ҷойҳои нави кор муҳайё намоем ва ба ин васила сатҳу сифати зиндагии мардумро мунтазам баланд бардорем.

Одинаев А.И. , муовини сардори

Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ

ва инкишофи бахши хусусии МТС назди

Президенти Чумҳурии Тоҷикистон