Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз318
mod_vvisit_counterДирӯз2557
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта10816
mod_vvisit_counterДар ин моҳ50938
mod_vvisit_counterҲамагӣ1896840
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Сентябри
20
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Истиқлол – ганҷи бебаҳост,

04.09.2019

Мо дар арафаи истиқболи ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ки ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.

Истиқлол пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки бисту ҳашт сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Ин ҳодисаи фараҳбахш 9-сентябри соли 1991 ба вуқӯъ омад, ки то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад. Дар паҳнои замонҳо миллати тоҷик аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст.

Даврони Истиқлол барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои Истиқлол худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар мардумро, ки бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардида буданд, ба ҳам овард. Ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки доир ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдоршавии сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо мебошад.

Моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ иртиботи ҳамаҷониба доранд.

Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият, асосҳои сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардид. Танҳо бо шарофати Истиқлол давлатӣ ва заҳматҳои шабонарӯзии роҳбари кишвар мо тавонистем яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ, Конститутсия, Суруди миллӣ, Нишон, Парчам, шиносномаи миллӣ ва пули миллиро соҳиб гардем.

Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 28-соли Истиқлолият ин сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдории миллӣ мебошад, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, офарандаи ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, созандаву бунёдкор мебошад.

Самараи неки Истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар ҷаҳон чун давлати сулҳхову сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми миллати тоҷик аст.

Ногуфта намонад, ки Тоҷикистони азизи мо узви Созмони Милали Муттаҳид гашт ва ба оилаи кишварҳои озоди ҷаҳон пазируфта шуд, ки ин яке аз дастовардҳои бузурги халқи тоҷик дар тӯли даврони Истиқлол мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли ҷумҳуриҳои дигар озодии воқеӣ ба даст овард, ки беш аз сад давлати дунё имрӯз моро расман пазируфтаанд.

Сарбаландиву хушбахтии мо дар он аст, ки тақдири имрӯзу фардои ватанамон дар ихтиёри худамон мебошад ва ҳар фарди бонангу номуси миллат ҳастӣ ва ҳаёти худро ба хотири озодиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ бахшидааст. Имрӯз Тоҷикистон роҳи мустақили пешрафти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро пеш гирифта, ба озодии сухан, озодии виҷдон ва гуногунандешӣ, ки аз ҷумлаи асосҳои давлати демократӣ мебошанд, арҷи тамом мегузорад. Ба шарофати Иститиқлолияти давлатӣ нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон пайваста боло меравад ва ташаббусҳои кишвари мо ба хотири саодати тамоми сокинони сайёра дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта мешаванд.

Истиқлол Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ ва ҳамешагӣ бахшид ва дарвозаҳои чаҳор самти олами беканорро ба рӯяш боз намуд. Танҳо бо шарофати Истиқлолият мо тавонистем, ки аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишварамонро ҳадафи стратегии худ қарор диҳем ва бо заҳмати содиқонаи мардумамон ба сӯйи ин ҳадаф босуръат пеш равем.

Боиси хушнудист, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангу варзиш ба маҷрои қуллаи нав ворид гардида, сол то сол рушд меёбанд. Имрӯз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи тадбирҳо амалӣ шуда истодаанд, ки сифати хизматрасониҳо дар низоми маорифу тандурустӣ баланд гардида, ба сатҳи меъёрҳои ҷаҳонӣ расонида мешаванд. Ҳукумати Тоҷикистон инкишофи илмро дар баробари маориф ва фарҳанг самти афзалиятноки стратегияи рушди миллӣ амалӣ мегардонад. Вобаста ба ин, маҳз бо шарофати Истиқлолият сиришти маънавии миллати тоҷик расмияти ҷаҳонӣ пайдо кард. Барои эмин мондан аз таъсири омилҳои манфӣ дар шароити басо мураккабу печидаи ҷаҳони муосир ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он вазифаи ҷонӣ, масъулияти виҷдонӣ ва қарзи имонии ҳар як фарди бонангу номуси миллат мебошад.

Бинобар ин, мо бояд насли имрӯз ва фардоро бо суннатҳои воло ва бо мероси бузурги ниёгонамон ҳарчӣ бештар ошно намуда, дар зеҳну шуури онҳо ҳисси ифтихор аз давлатдории миллии худ, эҳтиром нисбат ба озодиву истиқлол, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз ватани аҷдодиро инкишоф диҳем. Дар раванди ҷаҳонишавӣ мо бояд забону фарҳанги худро ҳамчун неъмати беназир ва мероси гузаштагонамон эҳтиёт кунем.

Бигузор нури дурахшони Истиқлол то абад роҳи Тоҷикистони азизамонро ба сӯйи ояндаи обод равшан созад, Тоҷикистони маҳбуби мо зери парчами Истиқлол пеш равад ва барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кӯшоишҳо оварад.

Саидмумин Тагайбеков,

мутахассиси Раёсати таҳлили

масъалаҳои иҷтимоии Маркази

тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон