Асосӣ: Инкишофи иҷтимоӣ Тадкикот, нашрияю баромадхо Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз319
mod_vvisit_counterДирӯз2557
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта10817
mod_vvisit_counterДар ин моҳ50939
mod_vvisit_counterҲамагӣ1896841
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Сентябри
20
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф

03.09.2019

Маориф дар ҷомеа яке аз қадимтарин ниҳодҳои иҷтимоӣ ба шумор рафта, дар замони муосир соҳаи афзалиятнок мебошад, зеро ҳамчун омили муҳими таъмини ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсию фарҳангии ҳар як давлат баромад намуда, рушди босуботи давлату миллатро таъмин менамояд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки имрӯз дар он техникаю технология босуръат рушд меёбад, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва дастрасии он хеле муҳим мебошад. Дар ин самт илму маориф нақши муҳим дорад. Чи хеле, ки Пешвои миллат 26 декабри соли 2018 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид карда буданд: «Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад».

Яке аз муҳаққиқони соҳаи илму маориф А.Ш. Қурбонов маорифро категорияи афзалиятҳои миллӣ ва ҷаҳонӣ донистаанд. Ба гуфтаи ӯ, вобаста ба равандҳое, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтаанд ва дар ин замина афзудани нақши маориф дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаи муосир, таъмини рақобатпазирии байналмилалии иқтисоди миллӣ дар ҷаҳони пешрафта таваҷҷуҳи доираҳои сиёсӣ, илмӣ ва иҷтимоӣ низ ба масъалаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилот тағйир меёбад. Бинобар ин, маориф аз категорияи афзалиятҳои миллии мамлакатҳои пешрафта ба категорияҳои афзалиятҳои ҷаҳонӣ табдил ёфта, таҳқиқу таҳлили он барои илми муосир хислати актуалӣ касб намудааст. Ҳадафи асосии давлат дар ин самт аз он иборат аст, ки дар чаҳорчӯбаи фазои таҳсилоти ватанӣ ва ҷаҳонӣ, ҷиҳати таъмини раванди ҳадафноки тарбия ва таълим ба манфиати шахсият ва ҷомеа дар ин марҳилаи рушд шароити мусоид фароҳам созад. (ниг.: Қурбонов А.Ш. Илм ва маориф: тамоюлот, мушкилот, дурнамо - Душанбе: Ирфон, 2019. – 406 с.).

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос меёбад, ки хусусиятҳои умумии сиёсати давлат дар соҳаи маорифро муайян менамояд. Дар қонунгузорӣ соҳаи маориф ҳамчун раванди таълиму тарбия ба манфиати шахс, ҷомеа ва давлат фаҳмида мешавад. Ҳар як кишвар бо фароҳам овардани шароити хубу мувофиқ дар соҳаҳои гуногуни маориф ҳуқуқҳои шаҳрвандони худро таъмин менамояд. Дар моддаи 41-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст: «Ҳар як шахс ҳуқуқи таҳсил карданро дорад ва давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад».

Дар замони Истиқлолияти давлатӣ, дар соҳаи маорифи кишвар муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омада, ҳамаи он дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда дар соҳаи маориф ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа дарҷ гардидаанд. Новобаста аз мушкилоти замони гузашта, Ҳукумати кишвар соҳаи маорифро ҳамчун яке аз соҳаҳои афзалиятнок дониста, барои ба танзим даровардани муассисаҳои таълимӣ санадҳои меъёрию ҳуқуқии зиёде таҳия ва ба тасвиб расонидааст, зеро маҳз маориф ҳамчун неруи зеҳнӣ дар рушду нумӯи соҳаҳои гуногуни ҷомеа нақши асосиро мебозад.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба таври зайл омадааст:

1. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

2. Давлат барои амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил намуда, фаъолияти онро ба таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил равона мекунад.

3. Давлат бо мақсади рушди соҳаи маориф ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро таъмин менамояд.

4. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф дар асоси дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии рушди маориф тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

5. Дар муассисаҳои таълимӣ тарғиб, таъсис ва фаъолияти сохторҳои ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои сиёсии ҷамъиятӣ ва динӣ манъ аст.

Усулҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф аз баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар гирифтани таҳсилоти босифат, ҳатмӣ будани таълими умумии асосӣ, дастрасии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва идомаи таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот дар асоси озмун, рушди озодонаи шахс, мустақилияти муассисаҳои таълимӣ, рушди соҳаи маориф бо дарназардошти стандартҳои байналмилалии сифати таълим ва меъёрҳои байналмилалии таҳсилот, ҳамгироии таҳсилот, илм ва истеҳсот ва ғайра иборат мебошад.

Аз рӯйи ин усулҳо сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маориф бо фароҳам овардани шароит баҳри тадбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсилоти босифат, баробарии гендерӣ дар фазои таълим, ташкили фазои мусоиди босифат дар таълим ва ҳамгироии он дар муҳити таҳсилоти ҷаҳонӣ равона гардидааст. Сарвари давлат маорифро яке аз самтҳои афзалиятнок ва ҳалкунандаи соҳаҳои гуногун дар низоми сиёсати иҷтимоии давлат эълон намудаанд. Бинобар ин, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани кишварамон дар радифи соҳаҳои дигари ҷомеа маориф ҳамчун соҳаи сарнавиштсоз фаъолият намуда, барои пешрафти самтҳои гуногуни он аз тарафи давлату ҳукумат ва аҳли ҷомеа доимо таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ҳар суханронии худ аз нуқтаҳои заифи онро таъкид мекунанд. Яке аз иқдомҳои неки Сарвари кишвар баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа ва бо ҷаҳони муосир ҳамқадам намудани насли наврас, бахусус аҳли маориф соли 2010 «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон гардида буд. Зеро дар ҷаҳони муосир кишварҳое, ки маърифатнокии аҳолӣ ва фарҳанги техникӣ босуръат пеш меравад, метавонад дар соҳаҳои гуногуни кишвар ба дастовардҳои бузург ноил гардад. Соли 2010 эълон гардидани «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» барои рушди маорифи тоҷик ва баланд гардидани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимии кишвар мусоидат намуд. Дар ин раванд яке аз вазифаҳои маорифи кишвар баланд бардоштани илму техника, аз ҷумла компютерикунонии соҳа мебошад, ки айни замон бе истифодаи он ба ҳадафҳои гузошташуда ноил гардидан ғайриимкон мебошад. Хушбахтона имрӯз новобаста аз он, ки дар муассисаҳои таълимии кишвар, бахусус дар ноҳияҳои дурдаст фарогирӣ бо технологияҳои муосир масъалаи ҳалталаб ба ҳисоб меравад, наврасону ҷавонони мо мустақилона майлу рағбати аз худ намудани технологияҳои муосирро доранд.

Дар мавриди омӯзиши забонҳо низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар қайд карда буданд, ки «Ҳанӯз соли 2003 Фармони Президенти кишвар дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ қабул карда шуда буд, вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки натиҷаҳо дар ин масъала чандон қонеъкунанда нестанд. Агар мо хоҳем, ки бо ҷомеаи пешрафтаи башар баробар қадам гузорем, бояд ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳем». Дар ҳақиқат, барои ҳамқадам шудан бо ҷаҳони муосир мо бояд баҳри ояндаи насли наврас кӯшишу талош намоем. Доир ба ин масъала аз ҷониби Пешвои миллат ба як қатор муассисаҳои дахлдори соҳа супориш дода шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намоянд.

Маҳз сиёсати пешгирифтаи сарвари кишвар дар соҳаи маориф боиси он гардид, ки имрӯз аксари қишрҳои осебпазири ҷомеа, наврасону ҷавонон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Нисбат ба солҳои пешин дар фазои таҳсил баробарии гендерӣ боло рафтааст. Бо шарофати Пешвои миллат ва дастуру ҳидоятҳои он кас ҳамасола сафи духтарон аз муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ то муассисаҳои таҳсилоти олӣ зиёд гардида истодаанд.

Фарогирӣ ва ҷалби духтарон ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст хеле мушкил буд. Ҳоло бошад, баъди ба 18 расонидани синни никоҳ (ғайр аз ҳолатҳои истисноии муқарраргардида) барои духтарон, падару модарон низ масъулият эҳсос намуданд, ки давлату ҳукумат маҳз барои маърифатнок гардидани насли наврас кӯшиш менамояд. Аз ин рӯ, дар баробари духтарҳо волидонашон низ кӯшиш менамоянд, ки фарзанди онҳо муассисаи таҳсилоти умумиро хатм намуда, дар баробари он соҳиби ягон касб гарданд. Мувофиқи маълумоти оморӣ фарогирии духтарони синни ҳабдаҳсола дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли таҳсили 2011/2012 ҳамагӣ 34 732 нафарро ташкил медод, ки ин шумора дар соли таҳсили 2018/2019 ба 53 071 нафар расидааст.

Инчунин, бо шарофати сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ва ғамхориҳои он кас барои идома додани таҳсил дар муассисаҳои таълимии олию касбӣ имрӯз ҷавонони мо дар баробари таҳсил намудан дар муассисаҳои таҳсилоти олию касбии кишвар, дар муассисаҳои таълимии хоричи кишвар низ таҳсил менамоянд, ки теъдоди онҳо низ сол то сол зиёд мегардад.

Барои ҳамаи ин ғамхорию дастгириҳои давлату ҳукумат, бевосита Президенти кишвар, ки барои рушди самтҳои гуногуни маориф таваҷҷуҳ менамоянд, аҳли ҷомеа низ бетараф набуда, барои пешрафти соҳа саҳмгузор бошанд.

Назирова М.Н., сармутахассиси

Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон