Асосӣ: Маркази матбуот МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ "ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ВА МАРҲИЛАИ НАВИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ"

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз362
mod_vvisit_counterДирӯз2557
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта10860
mod_vvisit_counterДар ин моҳ50982
mod_vvisit_counterҲамагӣ1896884
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Сентябри
20
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ "ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ВА МАРҲИЛАИ НАВИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ"

03.09.2019

Рӯзи 2 сентябри соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзӯи "Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ" баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш намояндагони Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ, олимону коршиносон, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Ҳамоиш бо мақсади баррасии масъалаи таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, рушди давлатдории миллӣ дар фазои ташаккули низоми нави ҷаҳонӣ ва дигар масъалаҳои рушди устувори давлати миллӣ дар замони муосир доир гардид. Дар мизи гирд масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор гирифтанд:

–заминаҳои таърихии давлатдории навини тоҷикон;

–хусусиятҳои рушди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоляти давлатӣ;

–ҷойгоҳи Истиқлолияти давлатӣ дар рушди арзишҳои демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

–ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ дар шароити равандҳои ҷаҳонишавӣ;

–масъалаҳои ҳифз ва таҳкими Ваҳдати миллӣ дар партави Истиқлолияти давлатӣ;

–Истиқлолияти давлатӣ ва масъалаҳои ҳувияти динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

–эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

–нақши забони давлатӣ дар замони Истиқлолияти Тоҷикистон.

–адабиёт ва нақши он дар тарғиби арзишҳои меҳварии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода кушода, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва сухани ифтитоҳиро ба директори Марказ Диловар Қодирзода вогузор намуд. Номбурда зимнан қайд кард, ки истиқлолияти сиёсӣ барои мардуми Тоҷикистон арзиши бузург дорад. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар мулоқоту вохӯриҳои худ бо сокинони кишвар таъкид мекунанд. Тавре Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳои худ ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатӣ иброз доштанд: "Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд ва дар даврони Истиқлолият дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои стратегии давлатамон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардидаанд. Зеро ин ҳадафҳои стратегии миллӣ заминаҳои бунёдии рушди устувору босуботи кишвар ва шарти муҳимтарини болоравии сатҳи некуаҳволии сокинон ба шумор мераванд".

Ҳамаи мо аз таърихи сиёсии Тоҷикистон медонем, ки мамлакати мо бо соҳиб гардидан ба Истиқлолияти давлатии худ ба низоъи дохилӣ мувоҷеҳ гардид. Ин ҷанги шаҳрвандии таҳмилшуда пояҳои давлатдории моро муддати панҷ сол фалаҷ карда, ба кишварамон миллионҳо сомонӣ хисорот ворид намуд. Хушбахтона, бо шарофати шуҷоату корнамоии фарзандони фарзонаи миллат, пеш аз ҳама, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гардид ва ба ин ҷанги бародаркуш хотима дода шуд. Мардуми шарафманди Тоҷикистон дар ибтидои соҳибистиқлолӣ аз имтиҳони сахту вазнини таърих сабуронаву сарбаландона гузашта, роҳи минбаъдаи рушди давлати худро муайян карда, баҳри ободии сарзамини аҷдодии худ кӯшиш ва талоши пайваста доранд.

Имрӯз давлати озоду соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон соҳиби мақому манзалати шоиста буда, ташаббусҳои сулҳҷуёнаву созандаи онро ҷаҳониён ҳаматарафа дастгирӣ менамоянд. Махсусан, иқдомоти ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва экология пайваста мавриди ҷонибдории аксари кишварҳои ҷаҳон мегардад, ки бевосита ба баланд гардидани обрӯву эътибори сиёсии давлат дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат мекунад. Ин ҳама пешрафту созандагии Ватани азизи мо ба шарофати Истиқлол аст. Ин неъмати бебаҳои таърих ба мо имкон дод, ки дар як муддати кӯтоҳ амният ва суботро дар ҷомеа таъмин намуда, барои рушди соҳаҳои гуногуни он замина фароҳам оварем.

Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми шарафманди Тоҷикистон оғози марҳилаи навини давлатдории миллӣ, омили муҳими ваҳдат, воситаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи равшани ҳастии миллат ба шумор меравад.

Дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле зиёд мебошанд ва дар ин маврид танҳо ҳаминро гуфтан кифоя аст, ки мо ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ба муҳимтарини санади сиёсию ҳуқуқӣ, яъне Конститутсия, ки ифодакунандаи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шаҳрванди кишвар аст, соҳиб гардидем. Дар ин давра дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ислоҳоти комили сиёсӣ ва ҳуқуқиро татбиқ намуда, барои пешрафти устувори иқтисод заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Дар соҳаҳои дигари муҳими иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноату энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, кишоварзӣ ва бахшҳои дигар ба дастовардҳои назаррас муваффақ шуда, дар соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус, илму маориф ва тандурустиву фарҳанг, пешрафтҳои сифатӣ ба вуҷуд омаданд.

Рӯйдодҳои охири ҷаҳон ба ҳамаи мо маълум аст, ки чӣ қадар воқеаҳои даҳшатноку фоҷиабор дар як қатор кишварҳои ҷаҳон, ки дар натиҷаи бархӯрди манфиатҳои қудратҳои сиёсии ҷаҳонӣ ба амал меоянд ва барои хатару таҳдидҳои нав, ба монанди вусъат ёфтани фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ замина фароҳам оварда, амнияту осудагии давлатҳоро аз байн мебаранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози геополитикӣ дар чорроҳаи манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ ҷойгир аст, ки ҳар лаҳза имкон дорад дар ин ҷо бархӯрди манфиатҳо ба вуҷуд биёянд. Аз ин хотир, моро зарур аст, ки дар раванди пуртазоди геополитикии замони муосир аз ҳар вақта дида бештар зираку дурандеш бошем, то тавонем манфиатҳои миллии худро ҳимоя намуда, қарзи шаҳрвандии хешро дар назди наслҳои оянда баҷо биёрем. Барои иҷрои ин вазифаҳо, пеш аз ҳама, ҳар як фарди ватандӯсти мардуми Тоҷикистонро зарур аст, ки муттаҳид бошанд ва ин арзиши бузургро, ки таърих ба мо насиб кардааст, ҳифз намуда, дар ободиву пешрафти кишвари азизамон пайваста қадамҳои устувор гузоранд.

Сипас, дар назди ҳозирин вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Абдусалимзода Миралиён дар мавзӯи "Ҷойгоҳи Истиқлолияти давлатӣ дар рушди арзишҳои демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", мудири шуъбаи аккредитатсияи хабарнигорони хориҷӣ ва иттилооти Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳло Абдураҳимзода дар мавзӯи "Хусусиятҳои рушди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ"; директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода дар мавзӯи "Истиқлолияти давлатӣ ва масъалаҳои ҳувияти динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", муовини раиси Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рӯдобаи Мукаррам дар мавзӯи "Масъалаҳои ҳифз ва таҳкими Ваҳдати миллӣ дар партави Истиқлолияти давлатӣ", муовини директори Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Ҳайдаров дар мавзӯи "Ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ дар шароти равандҳои ҷаҳонишавӣ: воқеият ва дурнамо", сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ғуломзода дар мавзӯи "Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон", сардори кафедараи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултаи №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Манучеҳр Алимардонов дар мавзӯи "Заминаҳои таърихии давлатдории навини тоҷикон" суханронӣ намуданд.

Баъдан, пиромуни маърӯзаҳои мазкур иштирокчиёни мизи гирд фикру андешаҳои судманд иброз карданд.

Ҳамоишро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода ҷамъбасту натиҷагирӣ кард ва ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти

стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон