Асосӣ: Сиёсати хориҷӣ Ҷавонон бояд осебпазир набошанд!

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз453
mod_vvisit_counterДирӯз2557
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта10951
mod_vvisit_counterДар ин моҳ51073
mod_vvisit_counterҲамагӣ1896975
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Сентябри
20
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ҷавонон бояд осебпазир набошанд!

22.08.2019

Масъалаи пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳу созмонҳои ифротгаро яке аз омилҳои асосии ҷомеаи башарӣ, аз ҷумла ҷомеаи муосири Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Таъсири ғояҳои террористию экстремистӣ, ки то ҳол дар ҷаҳон бо роҳу воситаҳои гуногун ҷавононро ба коми худ афкандаанд, боиси хатару нооромиҳои гӯшношунид гардида, ба ваҳдату амнияти кишварҳои соҳибистиқлол ҳамарӯза таҳдид менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки кӯшиши тамоми ҷомеаи мо дар заминаи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешгирӣ ва мубориза бар зидди чунин гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ сарчашма мегирад. Ҳамзамон, дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлатамон таъкид намуданд, ки «Терроризм ва экстремизми динию мазҳабӣ имрӯз ба як хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфта, боиси харобиву куштор ва фирорӣ гардидани мардумони бешумори кишварҳои олам гардидааст. Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Ба ин маънӣ, масъалаи терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ дар ҷомеаи имрӯза ба яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи башарӣ ба шумор меравад. Дар кишвари мо низ барои пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба чунин созмонҳои ифротӣ тамоми тадбирҳо андешида мешаванд. Дар ин замина, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои камолоти ҳамаҷонибаи ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси шаҳрвандиву ватандӯстӣ, фазилатҳои неки инсониву соҳибилмӣ ва худогоҳу ватандӯст шудани онҳо шароити мусоидро фароҳам овардааст. Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон таъмини тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандиву инсонии онҳоро кафолат медиҳанд.

Хусусан, таҳияи якқатор санадҳои меъёрии хусусӣ дар ин самт ҳамчун дастурамал ва роҳнамои ҳар як фарди солимфикри ҷомеа мавриди истифода қарор дода шудааст. Аз гуфтаҳои Сарвари давлат бармеояд, ки ҳодисаҳои охири баъзе аз кишварҳои шарқи наздик ҷомеаи моро ба изтироб оварда, метавонад ба сулҳу субот ва амнияти кишварамон хатар эҷод намояд. Чунки амалҳои ифротгароёна сабабгори нооромӣ ва таназзули миллат аз фарҳангу забон ва арзишҳои сиёсӣ чун истиқлолият, тамомияти арзӣ ва ваҳдати миллии давлатҳо мегардад.

Қайд намудан ба маврид аст, ки яке аз омилҳои гароиши ҷавонон ба ин равияҳои манфӣ доштани сатҳи пасти маърифати диниву дунявӣ, қадрдонӣ накардани арзишҳои сиёсӣ-истиқлолият, ваҳдат, ҳифзи якпорчагии марзу бум ва дигар арзишҳои инсонӣ ба шумор меравад.

Табиист, ки миёни баъзе аз ҷавонон чунин амалҳои зишти инсоние, ки хусусияти террористиву экстремистӣ дорад, ҳамчун амали осони ба ҳадаф расиданашон қабул гардидааст. Ҳаракату ҷараёнҳои экстримистӣ, ки фаъолияти онҳо дар мамлакат мамнӯъ мебошад, ин фурсатҳоро истифода бурда, аз хориҷи кишвар зери ниқобҳои гуногун то ба имрӯз хоҳони ноором кардани вазъи осудаи Тоҷикистони азиз мебошанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ин гурӯҳҳои ҷиноятпеша аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар чашми ҳасодати худро нисбати ин сарзамини биҳиштосо кушода буданд. Имрӯз низ ин гурӯҳҳои аҳриманхӯ баҳри ноил гаштан ба ҳадафҳои нопоки худ пайваста кӯшиш мекунанд, то ҷавонони камтаҷрибаи динӣ ва камбизоати бекорро ба доми худ афкананд. Бештари таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба ин равияҳои номатлуб ҷавонони гумроҳшуда ғарқи гирдоби онҳо мегарданд, ки аз илму фарҳанги динию дунявӣ бехабаранд ва аз ҳувияти миллию ватансолорӣ фарсахҳо дуранд.

Дар чунин шароити ҳассос чӣ кор бояд кард, то неруи муқтадири ҷавононро ба самти созандагӣ ва муттаҳидӣ равона намоем? Маълум аст, ки пешравии кишвар на танҳо аз натиҷаҳои бузурги иқтисодӣ вобастагӣ дорад, балки дар заминаи пояҳои фарҳангиву маънавии миллат метавонад рушд намояд. Вобаста ба ин, масъалаи тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ахлоқӣ, фарҳангӣ ва хештаншиносӣ яке аз масоили муҳим дар кишвар ба шумор меравад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки маҳз мустаҳкам намудани меъёрҳои ватандӯстӣ миёни ҷавонон яке аз усулҳои самарабахши нигоҳдории суботи ҷомеаамон ба шумор меравад, зеро меъёрҳои ватандӯстию созандагӣ бунёди сохтори иҷтимоии кишвар буда, асосҳои маънавии он аз ахлоқ ва шуури сиёсии ҷавонон сарчашма мегирад.

Айни замон дар ҷомеа зарурати таҳкими фаъолияти муштараки созмонҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар самти тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ахлоқи ҳамида ба миён омадааст.

Хатару паёмадҳои чунин фазои таҳдидкунанда дар олам кишвари моро водор менамояд, ки миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро беш аз пеш ҷоннок намояд. Рӯз то рӯз вусъат ёфтани домани амалҳои харобовари ин равияҳои ифротию террористӣ дар харитаи сиёсии ҷаҳон моро водор менамояд, ки пайваста барои решакан кардани буттаҳои бадбӯйи ин равияҳо даст ба дасти ҳам гузорем. Бо вуҷуди он, ки ҳалли ин масъала, бевосита аз фаъолияти мунтаззами мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятиву динӣ сарчашма мегирад. Ҳар як фарди кишварро зарур аст, ки саҳми худро дар ин кор дареғ надорад, зеро амнияти кишвар дар умум амнияти ҳар як фарди он аст.

Аммо, мутаассифона, дар ҷаҳони муосир омилҳои хатарноку фаромиллие вуҷуд доранд, ки дар сурати адами муборизаи босуботу муташаккилона зидди онҳо, метавонанд ҷавононро ҳамчун қувваи бузург аз шоҳроҳи созандагиву бунёдкорӣ берун кашида, онҳоро ба қувваҳои зиёнкору бадхоҳи кишвари азизамон бипайванданд. Имрӯз чунин омилҳои хатарнок на танҳо ба амнияти Тоҷикистон балки ба амнияти миллии тамоми давлатҳои соҳибистиқлол таҳдид менамояд.

Бинобар ин, бартараф кардани онҳо ҳамкории тарафайну фаъолонаи ҳамаи кишварҳои соҳибистиқлоли ҷаҳонро дар шароити нав тақозо менамояд.

Абдуллоҳ Шарифӣ,

сармутахассиси Раёсати таҳлил

ва ояндабинии сиёсати хориҷии

МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон