Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот ИФРОТГАРОӢ Ё ЭКСТРЕМИЗМ: ШАКЛҲОИ ЗУҲУР ВА РОҲҲОИ МУБОРИЗА БО ОН
+++ Ҷавонон бояд осебпазир набошанд! +++ Аҳамияти гулугоҳи Ҳурмуз чун шоҳраги ҳаётӣ барои интиқоли нафт дар ҷаҳон (дар пасманзари афзудани танишҳо миёни ИМА ва Эрон) +++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1664
mod_vvisit_counterДирӯз2420
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта17596
mod_vvisit_counterДар ин моҳ56748
mod_vvisit_counterҲамагӣ1830141
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
25
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ИФРОТГАРОӢ Ё ЭКСТРЕМИЗМ: ШАКЛҲОИ ЗУҲУР ВА РОҲҲОИ МУБОРИЗА БО ОН

13.08.2019

Терроризм, экстремизм, радикализм, фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, савдои одамон ва ғайра аз ҷумлаи падидаҳои номатлуби ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ ба шумор рафта, дар худ хусусияти глобалӣ касб намудаанд.

Ҳамаи ин падидаҳо сарҳадҳои давлатҳоро убур карда, ба яке аз хатарҳои ҷиддӣ ва фишанги таҳдид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан, ба кишварҳои тозаистиқлол, табдил гардидаанд. Инчунин, қатори масъалаҳои номбурда масъалаҳои мубрами дигареро номбар кардан мумкин аст, ки хоси минтақаи Осиёи Миёна мебошанд. Ин масъалаҳо иборатанд аз қабили ҳифзи сарҳад ва амнияти минтақа, ҷиноятҳои муташаккил, фурӯш ва интиқоли маводи нашъаовар, низоъҳо ва масъалаҳои баҳсноки сарҳадӣ ва билохир фазои буҳронӣ ва ноороми Афғонистон.

Махсусан экстремизм, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст ба амнияти кишварҳо халал ворид карда, барои рушди босуботи давлатҳо монеа эҷод менамояд. Албатта, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар давлат таъмин намудани амнияти дохилӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва манфиатҳои миллии кишвар мебошад.

Равандҳо ва воқеаҳое, ки дар ҷаҳони имрӯза ба вуқӯъ пайваста истодаанд, тасаввуроти моро дар дарки бисёр масъалаҳои иҷтимоӣ ва мафҳумҳои илмӣ дигар мекунад. Мафҳумҳое, ки аз ин пеш маънидод кардани онҳо дигар хел ба назар мерасиданд, имрӯз дар худ маъниҳои нав гирифтаанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки барои фаҳми дурусти баъзе мафҳумҳои сиёсатшиносӣ бо диди нав назар андозем ва онҳоро тибқи талаботи замон маънидод намоем.

Ифротгароӣ ё экстремизм ҳамчун истилоҳ дар асарҳои илмӣ ва матбуоти даврӣ ба таври гуногун инъикос мегардад, зеро ин мафҳум бар асоси фаҳмиши ҷаҳонбиниҳо ба таври гуногун арзёбӣ шудааст. Аз ҷумла, дар зери ин мафҳум таҳаммулнопазирӣ, эътироф накардани ҳақиқат ва қонуниятҳои иҷтимоӣ, таассубгароӣ, падидае, ки аз қонуниятҳо ва меъёрҳои иҷтимоӣ ба куллӣ фарқ мекунад, фаҳмида мешавад. Истилоҳи экстремизм аз калимаи лотинии “extremus” (дараҷаи қиёсии аз “exter” – “беруна”, “берунӣ”, ки яке аз маъноҳои он ҳамчун “охирин” ба маъноҳои “аз ҳама бадтар”, “аз ҳама даҳшатноктар” мебошад . Экстремизм- ақида ва рафтори оштинопазир буда, ҳама вақт ба қонун ва қоидаҳои мавҷудаи ҷомеа зид мебарояд. Экстремизме, ки дар муҳити динӣ падидор шавад онро ифротгароии динӣ меноманд.

Хусусиятҳои ифротгароии замони ҳозира, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мешавад, ки он ба таври васеъ ҷомеаҳои муосирро фарогир буда, гуруҳҳои экстремистиро ба қувваҳои фаъол ва пуртаъсир табдил медиҳад, ки дар ин кор аз дастовардҳои пешқадами илмиву техникӣ ба таври васеъ истифода мебарад. Ҳамин тариқ, бо истифодаи тамоми воситаҳо дар ҷомеа як тарсу ваҳм ва нобовариро эҷод намудан аз хусусиятҳои ифротгароӣ мебошад. Хусусияти дигари ифротгароӣ, ба вижа ифротгароии динӣ, дар он зоҳир меёбад, ки он бо созмон ва ҳаракатҳои ифротгароии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ алоқаи зич дошта, ба таври густурда фаъолият менамояд.

Ҳамин тариқ, экстремизм ё ифротгароӣ як шакли фаъолияти номатлуб аст, ки аз ҷониби шахсиятҳои алоҳида ё гурӯҳҳои муайян қоида ва меъёрҳои иҷтимоӣ инкор карда мешаванд. Сабабҳои асосии сар задани ин падида ва гаравидани афрод ба он ин гумроҳшавии иддае аз нафарон аз сабаби надоштани маълумот ва маърифат, ҳолати буҳронии ҷомеа, суст будани ниҳодҳои иҷтимоӣ ва суст будани низоми ҳуқуқӣ ва ғайра мебошанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки амалҳои экстремистӣ ва террористӣ, ихтилофот ва даргириҳои ахир дар минтақаҳои муайяни ҷаҳон дар доираи нақшаҳо ва барномаҳои махсуси қудратҳои ҷаҳонӣ баҳри ҳифзи манфиатҳои геополитикӣ ва геоиқтисодии онҳо амалӣ карда мешаванд. Махсусан, амалӣ намудан ва роҳандозӣ намудани ихтилофҳои мазҳабӣ дар як қатор кишварҳои арабӣ, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки динро ба манфиатҳои ғаразноки худ истифода мебаранд. Чунки дар ҷомеаҳои ин кишварҳо дин ҳамчун идеологияи ягона ва пуртаъсир ба шумор меравад ва аз ин рӯ, онро ҳамчун василаи пуртаъсир намудан ва аз марзи як кишвар ба кишварҳои дигар интиқол додани ихтилофот истифода намуданд. Дар натиҷа мо шоҳид гардидем, ки бо пурзӯр гардидани ихтилофҳо сулҳу субот дар ин кишварҳо аз ҳам рехт, вазъи иҷтимоию инфрасохтори ҷомеаҳо ва кишварҳо барҳам хӯрд ва бисёр шаҳрвандон ҳалок шуда, баъзеи дигар муҳоҷир гардиданд.

Терроризм ва экстремизм ҳадафи худро дар асоси нақшаҳои тарҳрезишуда дар доираи созмонҳо ва ташкилотҳои махсуси террористӣ амалӣ менамояд. Ташкилоти террористӣ ҳамчун ташкилоти харобкор ҳаракат мекунад, ки вазъи ороми ҷомеаҳоро барҳам занад ва дар зеҳни шаҳрвандон даҳшат, тарс ва нобоварӣ барои фардои некро эҷод намояд.

Ифротгароӣ ё экстремизм аз ҷиҳати шакли зуҳури худ буҳронҳои иҷтимоӣ ва иқтисодиро ба вуҷуд оварда, сатҳи зиндагиро ба поён мебарад, фазои нооромӣ ва нобоварӣ дар ҷомеа эҷод менамояд. Дар ин ҷо метавон вобаста ба шаклҳои зуҳури экстремизм ва роҳҳои фаъол гардидани он дар ҷомеаро баён намуд:

 хусусияти асосии экстремизм аз он иборат аст, ки он хоси як кишвар ва минтақа набуда, балки он падидаи фаъоли номатлуби ҷаҳонӣ аст, ки ҳадду сарҳад барои он муайян нест;

 экстремизм дар кишвар ва минтақае, ки зуҳур мекунад, буҳронҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавиро дар ҷомеаҳои ин кишварҳо эҷод менамояд;

 қувваи фаъоли ифротгароии ҷаҳони муосир ҷавонон мебошанд ва ҳадафи аслии ташкилотҳои экстемистиву террористӣ низ гумроҳ кардани ҷавонон ва ба сафҳои худ ҷалб кардани онҳо бо ҳар восита мебошад;  ба вуҷуд омадани кишварҳои тақвиятбахшандаи ифротгароӣ ва майдонҳои озмоишии ҷангӣ ба истилоҳ «кишварҳои ҷангзада» ба монанди Афғонистон, Ироқ, Сурия ва ғ.;

 ба як идеологияи «ифротгароӣ ва террористӣ» табдил намудани дин ва арзишҳои динӣ, ки дар аксари ташкилотҳои террористӣ омили динӣ нақши муҳим бозида, онро ба манфиатҳои сиёсӣ ва ғаразноки худ истифода мебаранд ва ғ.

Албатта, инҳо омилҳои калидие ҳастанд, ки барои рушди ифротгароӣ мусоидат менамоянд ва дар баробари ин, метавон даҳҳо омилҳои дигарро номбар намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо экстремизм ва терроризм яке аз кишварҳои пешсаф мебошад. Чуноне дар моддаи 5-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бо экстремизм ва терроризм, ки “Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм” ном дорад, омадааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм бо давлатҳои хориҷӣ, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо, инчунин, бо ташкилотҳои байналмилалии бар зидди терроризм мубориза баранда, ҳамкорӣ менамояд”. Ҳамзамон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар доираи муносибатҳои байниҳамдигарии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Иттиҳоди Давлатҳои мустақил давом дода истодааст. Ҳамаи ин созмонҳоро вазифаҳои умумӣ, аз қабили мубориза ба муқобили терроризм, таҳдиди васеъшавии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, истодагарӣ намудан ва ғайра муттаҳид мегардонад.

Дар баробари ин, барои мубориза бо экстремизм ва терроризм ва роҳҳои самарабахши он бояд дар кишвар заминаҳои воқеии онро ба вуҷуд овард. Ба назари мо масъалаҳои зерин метавонанд заминаи воқеии суботи ҷомеа ва монеаи устувор барои ҳар як зуҳуроти номатлуб ба монанди экстемизм ва терроризм гарданд:

 таъмини ваҳдати миллӣ ва оромии вазъи иҷтимоию сиёсӣ;

 таъмини тамомияти арзии Тоҷикистон ва ҳимояи дахлнопазирии сарҳад;

 мубориза бар зидди маҳалгароӣ ба хотири ташаккули шуури ягонаи миллӣ ва таъмини афзалиятҳои манфиатҳои миллӣ;

 мубориза бар зидди камбизоатӣ ва дар ин замина бунёди корхонаҳои хурду бузург баҳри ташкили ҷойҳои нави корӣ;

 рушди иқтисоди бозоргонӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ;

 баланд бардоштани сатҳи маърифаткунонии ҷомеа ва дар ин замина шароит фароҳам овардан ба дарки маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон;

 таъмини амният ва бехатарии давлат, раҳоӣ аз хавфи дохилию берунӣ ва ғайра.

Ҳамин тариқ, дар заминаи таҳлили омилҳои дар боло овардашуда, метавон қайд намуд, ки аз сабаби он, ки ифротгароӣ як раванди ҷаҳонӣ аст, мубориза бо он ҳам бояд ба тариқи дастаҷамъӣ бо иштироки тамоми кишварҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ сурат гирад.

Муборизаи зидди ифротгароӣ бояд мушаххасан ва мақсаднок бошад. Бо дарназардошти манфиатҳои умумибашарӣ маълум аст, ки бо нобуд сохтани ин ва ё он ташкилоти ифротӣ мубориза ба охир нарасида, бояд сабабҳо ва заминаҳои мухталифи ташаккулу инкишофи ин падидаи иртиҷоӣ ҳамаҷониба дарк карда шаванд ва роҳу воситаҳои беҳтари мубориза дарёфт гарданд.

Нусратулло Зокиров, коршиноси

раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати

дохилии Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои фалсафа