Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот Натиҷаҳо аз сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Ваҳдат
+++ Ҷавонон бояд осебпазир набошанд! +++ Аҳамияти гулугоҳи Ҳурмуз чун шоҳраги ҳаётӣ барои интиқоли нафт дар ҷаҳон (дар пасманзари афзудани танишҳо миёни ИМА ва Эрон) +++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1667
mod_vvisit_counterДирӯз2420
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта17599
mod_vvisit_counterДар ин моҳ56751
mod_vvisit_counterҲамагӣ1830144
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
25
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Натиҷаҳо аз сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Ваҳдат

08.08.2019

Шаҳри Ваҳдат дар даврони соҳибистиқлолӣ ба макони ободу зебои диёрамон табдил ёфта, айни замон дар самти ободонию созандагӣ яке аз минтақаҳои пешқадами Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамаи ин, ба таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд аст. Пешвои миллат фақат дар зарфи шаш соли охир панҷ маротиба ба шаҳри Ваҳдат сафар намуданд. Ҳар як сафар, албатта, ба вусъати корҳои ободонӣ такони тоза бахшида, сокинони онро рӯҳбаланд ва кӯшишҳои масъулинро ҷиҳати тасмимҳои нав ба нави рушд боз ҳам зиёд мегардонад.

Имсол низ, санаи 2 август сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Ваҳдат анҷом дода шуд. Ба ин сафар монанди таҷрибаҳои пеш силсилаи бунёдкориву таҳияи нақшаҳои миёнамуҳлати рушди шаҳр пайваст мебошанд.

Пешвои миллат зимни сафари кории худ ба фаъолияти силсилаи иншооти навбунёд ифтитоҳ бахшид. Аввалан ба бинои Маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасонро, ки аз таҳхона ва 3 ошёна иборат буда, масоҳати умумии бино 1800 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ифтитоҳ бахшида шуд. Дар бунёди бинои мазкур 45 нафар коргар ба кори мавсимӣ фаро гирифта шуда буданд, ки музди меҳнати онҳо аз 1200 то 1500 сомониро ташкил додааст. Бинои мазкур бо харҷи беш аз 3 млн сомонӣ бунёд гардидааст. Пас аз ба истифода дода шудани Маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон 500 нафар шаҳрванд бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Баъдан бинои истиқоматии 13-ошёна воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Ваҳдат, ки санги асоси он 25 апрели соли 2014 гузошта шуда буд, ифтитоҳ гардид. Майдони умумии ҳуҷраҳои истиқоматии бинои 13 ошёна 21 571 метри мураббаъро ташкил менамояд. Бинои истиқоматии мазкур дорои 143 манзили якҳуҷрагӣ, 110 манзили дуҳуҷрагӣ ва 44 манзили сеҳуҷрагӣ буда, дар маҷмӯъ, 297 оила бо манзили истиқоматӣ таъмин мегарданд. Дар таҳхонаи бинои мазкур бозори фурӯши меваҷот ташкил карда мешавад. Дар ошёнаи якуми бино мағозаи фурӯши хӯрокворию либосворӣ, коргоҳи дӯзандагӣ ва китобхона фаъолият хоҳад кард. Ба корҳои сохтмонӣ 81 нафар коргарон ба кор машғул буданд, ки музди ҳармоҳаи корашон ба ҳисоби миёнаи 1500 сомонӣ ташкил менамуд. Пешвои миллат ба 10 оилаи ниёзманд калидҳои рамзии манзилҳои истиқоматиро туҳфа намуданд. Пас аз ифтитоҳи ин иншоот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзии Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар шафати варзишгоҳи навбунёд (барои 25 ҳазор ҷойи нишаст) дар майдони 0,20 га бунёд шудааст, буриданд. Баландии иншооти мазкур дар маҷмӯъ, 28 метр мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи зикршуда бинои дуошёнаи «Ақди никоҳ»–и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ, ки бо харҷи 6 млн. 350 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст, ифтитоҳ бахшиданд. Пас аз ба истифода додан дар ошёнаи якуми бино 14 нафар корманди Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дар ошёнаи дуюм кормандони Идораи нотариалии шаҳр ва як нафар машваратчии ҳуқуқӣ ройгон фаъолият менамоянд. Дар толори мазкур чорабиниҳои гуногуни сатҳи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешаванд. Дар ибтидои бунёди иншоот 30 нафар ва то анҷоми он 75 нафар коргару мутахассиси сохтмонӣ ба кор фаро гирифта шуда буданд. Барои баргузории маросими тантанавии пас аз ақди никоҳи навхонадорон дар назди Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин, Пешвои миллат аз Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии шаҳри Ваҳдат, ки дар он ҳунарҳои миллии гулдӯзӣ бахиядӯзӣ, попурдӯзӣ, зардӯзӣ, ҷомаву тоқидӯзӣ, заргарӣ, сабадбофӣ, гаҳворасозӣ, маҳсулоти чӯбӣ (табақ, қошуқ, чархчӯб ва ғайра), нонҳои миллӣ (самбуса, фатир, кулча, фатирхамир, гирдача, қалама, чапотӣ, орзуқ, чагалдак) таомҳои миллии (умоч, ширкаду, шакароб, қурутоб, шавла, ширбиринҷ ва ғайра) ба намоиш гузошта шуда буданд, дидан намуда, ба дастовардҳои ҳунарамондони шаҳр баҳои баланд доданд.

Зимни сафари кории худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баистифодадиҳии роҳи мумфарши деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Бозорбой Бурунов иштирок намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии хоҷагии деҳқонии «Саховат» дидан намуданд, Хоҷагии мазкур соли 2002 таъсис ёфтааст. Хоҷагии мазкур дорои 57 гектар замин мебошад. Коргарони хоҷагӣ 39 нафар саҳмдор буда, дар корҳои мавсимӣ иштирок менамоянд, ки музди меҳнати онҳо ба ҳисоби миёнаи 500/600 сомониро ташкил менамояд.

Пешвои миллат пас аз ин бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-и деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Бозорбой Буруновро ифтитоҳ бахшиданд. Бинои асосии муассиса дуошёна буда, аз 23 синфхона, ду ҳуҷраи корӣ барои сарвари муассисаю муовини он ва толори маҷлис дорои 170 ҷой иборат аст. Дар шафати он бинои бо фарогирии синфхонаҳои технология (таълими меҳнат) барои гурӯҳҳои духтарона (дӯзандагӣ) писарона (дуредгарӣ), синфхонаи мусиқӣ ва толори варзишӣ бунёд шудааст. Дар бинои муассиса системаи гармдиҳии бо қувваи барқ ва ангишт коркунанда бунёд карда шудааст. Мавриди корҳои сохтмонӣ дар бунёди бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 аз 60 то 70 нафар бинокор ба кор ҷалб гардиданд.

Пас аз ифтитоҳи бинои муассисаи таълимӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони шаҳр дар саҳни муассиса мулоқоти самимона ороста, дар бораи нақшаҳои ободонию созандагиҳои Ҳукумати кишвар ва саҳми арзандаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ин ҷода суханронӣ намуданд.

Мавриди сафари кории худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истироҳатгоҳи «Арху»-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро, ки дар мавзеи Архуи Ҷамоати деҳоти Ромит дар мавзеи хушбоду ҳаво воқеъ гардидаст, ифтитоҳ намуданд. Истироҳатгоҳи номбурдаро, ки онро аз ду тараф кӯҳҳо иҳота кардаанду аз шафаташ дарёи собу беғаш ва пуртуғёни Арху ҷорист, “Мавзеи беҳтарини ҷалби сайёҳон” унвон карданд. Истироҳатгоҳи мазкур дар масофаи 80 км дурӣ аз маркази шаҳри Ваҳдат воқеъ гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2016 оғоз гардидааст. Меҳмонхонаи мазкур барои 50 нафар меҳмонон ва сайёҳон пешбинӣ гардида, дар он буғи тару хушк, ҳавзи шиноварӣ, майдончаи бозии тенннис ва билиаряд муҳайё мебошад. Ҳамчунин, дар ин мавзеи истироҳатӣ бинои дуошёнаи истиқоматӣ бо тарзу усулҳои миллӣ орододашуда бунёд карда шуда, дар як гӯшаи ин мавзеъ намуна- декоратсияи ҳавлиҳои кӯҳистон ташкил карда шудааст.

Ҳамаи ин, албатта анҷоми кор нест. Аз ҷумла, то арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 600 иншоот дар шаҳри Ваҳдат ба нақша гирифта шудааст, ки беш аз 200 иншоот алакай сохта ба истифода дода шудааст.

Пешвои муаззам миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамаи ин сохтмону иншоот, ки баъзеи онҳо на танҳо аҳамияти дохилишаҳрӣ доранд, балки қисме аз онҳо барои рушди соҳаи сайёҳию ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми кишвар муфиданд, аз наздик шинос ва изҳори қаноатамандӣ намуданд. Ба ҷараёни корҳои ободонию созандагиҳо дар шаҳри Ваҳдат баҳои баланд дода, минатдории худро ба роҳбарияти шаҳр ва сокинони шаҳр ҷиҳати дастгирии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд.

Мирзо Ашӯров, коршиноси масоили

сиёсии Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти ҶТ, вакил дар

маҷлиси вакилони шаҳри Ваҳдат