Асосӣ: Сиёсати хориҷӣ Аҳамияти гулугоҳи Ҳурмуз чун шоҳраги ҳаётӣ барои интиқоли нафт дар ҷаҳон (дар пасманзари афзудани танишҳо миёни ИМА ва Эрон)
+++ Ҷавонон бояд осебпазир набошанд! +++ Аҳамияти гулугоҳи Ҳурмуз чун шоҳраги ҳаётӣ барои интиқоли нафт дар ҷаҳон (дар пасманзари афзудани танишҳо миёни ИМА ва Эрон) +++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1653
mod_vvisit_counterДирӯз2420
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта17585
mod_vvisit_counterДар ин моҳ56737
mod_vvisit_counterҲамагӣ1830129
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
25
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Аҳамияти гулугоҳи Ҳурмуз чун шоҳраги ҳаётӣ барои интиқоли нафт дар ҷаҳон (дар пасманзари афзудани танишҳо миёни ИМА ва Эрон)

02.08.2019

Дар ҷаҳон чандин гулугоҳҳо бо паҳноии камтар аз 40 км вуҷуд дорад, ки аз миёни ин гулугоҳҳо шумораи камашон бо назардошти мавқеи ҷуғрофӣ ва дигар хусусиятҳои фарқкунанда, ба монанди теъдоди рафтуои киштиҳои нафткаш, инчунин моҳияти иқтисодӣ, низомӣ ва сиёсии онҳо якеро аз дигаре дар назди баъзе аз кишварҳо ва гоҳо барои тамоми олам авлавият додааст.

Агар мо ин гулугоҳҳоро дар асоси меъёрҳои зикршуда ҷой диҳем, гулугоҳи Ҳурмуз дар ҷануби Эрон (байни Халиҷи Форс ва уқёнуси Ҳинд), гулугоҳи Гибралтар (ҷабалториқ) дар ҷануби Испания (байни баҳри Миёназамин ва Атлантик), гулӯгоҳи Боб-ул-мандаб дар ҷануби Яман (байни баҳри Сурх ва уқёнуси Ҳинд), гулугоҳи Босфар дар ғарби Туркия (байни баҳри Сиёҳ ва баҳри Мармар) ва гулугоҳи Дарданел дар шимолу ғарби Туркия (байни баҳри Эгей ва баҳри Мармар) аз гулугоҳҳои муҳимтарин дар ҷаҳон мебошанд.

Гулугоҳи Ҳурмуз оброҳҳае аст, ки миёни ду кишвар-Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Шоҳигарии Уммон қарор дорад.

Ин гулугоҳ Халиҷи Форсро ба баҳри Уммон ва аз он ҷой ба баҳри Араб васл мекунад. Паҳноии он дар васеътарин нуқта 180 км ва дар бориктарин нуқта ҳудуди 33 км аст. Паҳноии хатсайрҳои киштиронӣ дар ҳарду ҷиҳат 1.5 км аст. Бинобар ин, имкони идораи гулугоҳ барои неруҳои низомӣ ба осонӣ муяссар аст. Гулугоҳи Ҳурмуз аз дер боз ба далели он, ки танҳо роҳи вуруд ба Халиҷи Форс ва танҳо роҳи дастрасии обӣ ба кишварҳои минтақа будааст, барои императорҳо ва кишварҳои минтақа аҳамияти хоса доштааст.

 

 

Аммо ин аҳамият замоне ба ҳади фавқулода расид, ки нафт дар нимҷазираи Форс кашф шуд. Ва то имрӯз нафт яке аз аслтарин манбаъҳои энержии ҷаҳон ва сарчашмаи асосии даромади кишварҳои минтақаро ташкил мекунад. Маҳз бо ҳамин далел гулугоҳи Ҳурмуз, ки Халиҷи Форсро ба воситаи баҳри Уммон ба обҳои озоди ҷаҳон пайваст мекунад, яке аз гулугоҳҳои стратегии ҷаҳон ба шумор меравад. Бар ҳисоби оморҳо масрафи нафти ҷаҳон дар рӯз ҳудуди 100 миллион баррел аст. Бар асоси нишондодҳо ҳудуди аз панҷ як ҳисаи масрафи нафти ҷаҳон, яъне 17,4 миллион баррел дар рӯз ба воситаи ин гулугоҳ убур мекунад, ки шомили содироти нафти Саудӣ, Эрон, Қувайт, Аморот ва ғ. ба кишварҳои Осиё, Аврупои ғарбӣ ва Амрико мегардад. Илова бар ин, 50 дарсади муомилоти тиҷоратии кишварҳои минтақа бо ҷаҳон низ аз тариқи ҳамин гулугоҳ сурат мегирад, ки баста шудани он ба маънои таваққуфи тамоми муомилоти тиҷории бархе аз кишварҳои минтақа аст.

Танишҳо дар минтақаи Халиҷи Форс миёни Амрико ва Эрон моҳи майи соли 2018 пас аз хуруҷи Амрико аз шартномаи ҳастаии БАРҶОМ, ки соли 2015 ба тавофуқ расида буд, сар заданд. Дар пайи рух додани ҳодисаҳои ахир дар минақа, аз қабили таваққуф додан ва таркиши киштиҳои нафткаш, ҳамчунин, зада афтондани ҳавопаймоҳои бесарнишин, вазъи мавҷударо боз ҳам мураккабтар гардонид. Дар натиҷа ИМА як қатор таҳримҳои иқтисодиро нисбати Эрон роҳандозӣ карда истодааст. Дар навбати худ Эрон дар пасманзари таҳримҳои иқтисодии Амрико, чунин мавқеъ дорад, ки агар натавонад нафташро бифурӯшад, содироти нафт ба дигарон низ сахт хоҳад шуд. Яъне ин гулӯгоҳро, ки аҳамияти шоҳраги ҳаётӣ барои интиқоли нафти ҷаҳон дорад, хоҳад баст.

Мутобиқи гуфтаҳои болозикр, дар сурати баста шудани гулугоҳи Ҳурмуз бозорҳои ҷаҳонии нафт ба норасоии 20 млн. баррел нафт дар як рӯз мувоҷеҳ мешаванд. Ин эҳтимол дорад, ки арзиши як баррел нафт аз 250 доллар низ болотар барояд, зеро баста шудани ин гулугоҳ маънои таваққуфи 90 дарсади нафти минтақа ва муомилоти тиҷоратии бисёре аз кишварҳои Халиҷи Форс мегардад.

Шарифӣ Абдуллоҳ, мутахассиси пешбари Раёсати

таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон