Асосӣ: Макроиқтисод Савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ва иқтидорҳои рушди он
+++ Ҷавонон бояд осебпазир набошанд! +++ Аҳамияти гулугоҳи Ҳурмуз чун шоҳраги ҳаётӣ барои интиқоли нафт дар ҷаҳон (дар пасманзари афзудани танишҳо миёни ИМА ва Эрон) +++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1672
mod_vvisit_counterДирӯз2420
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта17604
mod_vvisit_counterДар ин моҳ56756
mod_vvisit_counterҲамагӣ1830149
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
25
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ва иқтидорҳои рушди он

30.07.2019

Сиёсати “дарҳои кушода” чун меҳвари аслии муносибат бо ҷаҳони муосир имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон бо ҳамаи давлатҳои дунё муносибати сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барқарор намояд. Маҳз чунин сиёсати дурандешона буд, ки имрӯз Тоҷикистон ба як кишвари бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Дар ҳақиқат, ягон давлат имрӯз бе таҳкими ҳамкории судманд бо дигар кишварҳои ҷаҳон пешрафту тараққиёти мамлакати худро таъмин карда наметавонад. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон иброз доштанд: “Тоҷикистон минбаъд ҳам сиёсати “дарҳои кушода”-ро идома дода, фазои мусоиди рафтуомади озоди одамон, интиқоли бемамонияти молу маҳсулот, сармоя ва захираҳои меҳнатиро таъмин менамояд”.

Яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон - муносибатҳои дарозмуддат ва устувор бо шарикони анъанавии он - давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад. Пас аз ин давлатҳо Тоҷикистон ҳамгироии бисёрҷонибаро бо мамлакатҳои хориҷии тарақикардаи дунё, барои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд кӯшиш хоҳад кард. Чун Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои давлатҳои Осиёи Марказист ва аз ин лиҳоз, яке аз ҳадафҳои худро дар рушди устувори муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ бо дигар давлатҳои аъзои Осиёи Марказӣ мебинад.

Гардиши савдои хориҷӣ яке аз нишондиҳандаҳои муҳиме мебошад, ки инъикосгари вазъи рушди иқтисодии ҳар як давлат аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ташкили шароитҳои мусоид барои афзоиши босуботи гардиши савдои хориҷӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шудааст, ки имрӯз мо метавонем бо боварии комил иброз дорем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 110 мамлакати дунё робитаҳои тиҷоратиро ба роҳ мондааст.

Аз рӯи маълумотҳо, дар соли 2018 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4222,9 млн. доллари ИМА - ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017-ум 6,3 фоиз ё 250 млн. доллар зиёд мебошад. Тарози савдо манфӣ буда, дар соли 2018–ум 2076,2 млн. долларро ташкил кард.

Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 55,6 фоиз ё 2346,8 млн. доллар, ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 44,4 фоиз ё 1876,1 млн. доллар рост омада буд, ки аз он ба ҳиссаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ 29,2 фоиз ё 1233,1 млн. доллар рост омадааст. Касри тарози савдо бо мамлакатҳои ИДМ –1286,2 млн. доллар, бо мамлакатҳои хориҷи дур – 790,0 млн. доллар ва бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ – 293,1 млн. долларро ташкил додааст.

Расми 1

Гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳиссаи

мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар он

(дар солҳои 2014 – 2018 бо млн. доллари ИМА)

 

Аз натиҷагирии расми 1 бармеояд, ки гардиши савдои хориҷӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ нисбат ба солҳои пешин рушд ёфта истодааст. Масалан, дар соли 2018 агар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ 1233,1 млн. долларро ташкил дода бошад, пас дар соли 2014 ин нишондиҳанда 1021,0 млн. долларро ташкил медод, ки нисбат ба ҳамон сол ба 20,8 фоиз ё 212,1 млн. доллар зиёд шудааст, лекин нисбат ба соли 2015 бошад, нишондиҳандаи зерин ба 43,9 фоиз ё 376,1 млн. доллар зиёд шудааст.

Расми 2

Савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

бо давлатҳои Осиёи Марказӣ

(дар солҳои 2014 – 2018 бо млн. доллари ИМА)

Дар асоси далелҳои расми 2 бармеояд, ки дар соли 2018 ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон ва Туркменистон нисбат ба соли 2017 кам шудааст, ки мутаносибан ба 0,3 ва 6,2 фоиз рост меояд. Пастравии ин нишондиҳанда инчунин нисбат ба соли 2014 низ мушоҳида шудааст, ки бо Ҷумҳурии Қазоқистон ба 2,5 фоиз ва бо Ҷумҳурии Туркменистон ба 57,0 фоиз кам шудааст.

Зиёдшавии баланди гардиши савдо бештар бо давлатҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон дида мешавад, ки ин зиёдшавӣ нисбат ба соли 2017 бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон 2,3 баробар ва бо Ҷумҳурии Қирғизистон ба 27,7 фоиз рост омадааст. Нисбат ба соли 2014 бошад, зиёдшавии гардиши савдо бо Ӯзбекистон 22,4 баробар ва бо Қирғизистон ба 54,2 фоиз рост омадааст.

Дар соли 2018 ҳамагӣ содироти мол 1073,3 млн. долларро ташкил кард, ки нисбат ба соли 2017-ум 10,4 фоиз ё 124,7 млн. доллар кам шудааст. Аммо, агар нисбат ба соли 2014 нигарем, пас содироти мол ба 9,8 фоиз ё 96,0 млн. доллар зиёд шудааст. Дар соли 2018 хаҷми умумии содироти мол ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ 470,0 млн. долларро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2017 ба 19,3 фоиз ё 76,2 млн. доллар зиёд шудааст. Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба соли 2014 бошад, 1,5 баробар ё 280,4 млн. доллар зиёд шудааст.

Дар соли 2018 воридоти мол ба ҷумҳурӣ 3149,6 млн. долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба соли 2017-ум 13,5 фоиз ё 374,7 млн доллар зиёд шудааст. Аммо, агар нисбат ба соли 2014 нигарем, пас воридоти мол ба 26,7 фоиз ё 1147,8 млн. доллар кам шудааст. Дар соли 2018 хаҷми умумии воридоти мол аз мамлакатҳои Осиёи Марказӣ 763,1 млн. доларро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2017 ба 13,8 фоиз ё 92,5 млн. доллар зиёд шудааст. Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба соли 2014 бошад, ба 8,2 фоиз ё 68,3 млн. доллар кам шудааст.

Расми 3

Тоҷикистон ва Қазоқистон

(содирот ва воридот бо млн. доллари ИМА)

Маълумотҳои расми 3 нишон медиҳанд, ки дар соли 2018 ҳамагӣ содирот ба Ҷумҳурии Қазоқистон 300,0 млн. долларро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2017 ба 7,5 фоиз ё 24,3 млн. доллари ИМА кам мебошад. Лекин нисбат ба соли 2014 бошад, нишондиҳанда зерин ба 68,8 фоиз ё 122,3 млн. доллари ИМА зиёд шудааст.

Воридот аз Ҷумҳурии Қазоқистон дар соли 2018 536,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2017 ин нишондиҳанда ба 4,3 фоиз ё ба 22,0 млн. доллар зиёд мебошад. Аммо дар муқоиса бо соли 2014 ин нишондиҳанда ба 21,1 фоиз ё ба 143,8 млн. доллар коҳиш ёфтааст.

Расми 4

Тоҷикистон ва Қирғизистон

(содирот ва воридот бо млн. доллари ИМА)

Дар соли 2018 ҳамагӣ содирот ба Ҷумҳурии Қирғизистон 14,1 млн. долларро ташкил намуд, ки зиёдшавиро нисбат ба дигар солҳо нишон додааст, масалан, нисбат ба соли 2017 ба 29,4 фоиз ё 3,2 млн. доллари ИМА ва нисбат ба соли 2014 ба 83,1 фоиз ё 6,4 млн. доллар зиёд шудааст.

Воридот аз Ҷумҳурии Қирғизистон дар соли 2018-ум 48,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2017 ба 27,2 фоиз ё 10,3 млн. доллар зиёд мебошад. Дар муқоиса бо соли 2014 бошад, зиёдшавии ин нишондиҳанда 47,4 фоиз ё 15,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил намудааст.

Расми 5

Тоҷикистон ва Туркменистон

(содирот ва воридот бо млн. доллари ИМА)

Дар соли 2018 ҳамагӣ содирот ба Ҷумҳурии Туркменистон 0,6 млн. долларро ташкил намуд, ки нисбат ба солҳои 2017 ва 2014 пастравиро нишон додааст. Масалан, Нисбат ба соли 2017 содирот ба Ҷумҳурии Туркменистон ба 60,0 фоиз ё 0,9 млн. доллар ва нисбат ба соли 2014 бошад, ба 33,3 фоиз ё 0,3 млн. доллари ИМА кам шудааст.

Воридот аз Ҷумҳурии Туркменистон дар соли 2018-ум 46,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки ба 4,5 фоиз ё ба 2,2 млн. доллар кам нисбат ба соли 2017 шудааст. Нисбат ба соли 2014 низ, ба 57,2 фоиз ё 62,2 млн. доллари ИМА коҳиш ёфтааст.

Расми 6

Тоҷикикистон ва Ӯзбекистон

(содирот ва воридот бо млн. доллари ИМА)

Дар соли 2018 ҳамагӣ содирот ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 155,3 млн.доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки нисбат ба дигар солҳо зиёдшавии баландро нишон додааст. Масалан, содирот ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон нисбат ба соли 2017-ум 2,7 баробар ё ба 98,2 млн. доллар ва нисбат ба соли 2014-ум 47,1 баробар ё ба 152 млн. доллари ИМА зиёд шудааст.

Воридот аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли 2018-ум 131,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки ба 90,0 фоиз ё ба 62,4 млн. доллар зиёдтар аст, нисбат ба соли 2017. Нисбат ба соли 2014 бошад, ин зиёдшавӣ 13,9 баробар ё 122,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил намуд.

Аз рӯи таҳлилҳои дар боло омадашуда бармеояд, ки муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон бо давлатҳои Осиёи Марказӣ густариш ёфта истодаанд ва барои боз ҳам афзалтар ва устувортар намудани рушди ин муносибатҳо бояд иқтидорҳои гуногуни рушдро дар мадди назар гузорем.

Ба ҳамагон маълум аст, ки солҳои охир Қазоқистон тибқи нишондиҳандаҳои ҳаҷми тиҷорати хориҷӣ устуворона ба рӯйхати се шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон (дар баробари Россия ва Чин) қарор дорад. Мавқеи зиқр аст, ки асоси ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистонро соҳаҳои саноати сабук, металлургияи ранга, энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва бахши кишоварзӣ ташкил медиҳад. Тоҷикистон ба Қазоқистон нерӯи барқ, нахи пахта, алюминий ва анвои мухталифи маҳсулоти кишоварзиро содир намуда, аз ин кишвар гандум ва маҳсулоти он, маҳсулоти нафтӣ, оҳан ва нуриҳои минералӣ ворид менамояд.

Барои мусоидат намудан ба рушди савдои минбаъдаи ин ду кишвар чунин иқтидорҳоро метавонем ба назар гирифт:

- бунёд намудани корхонаи муштараки давлатӣ оид ба коркарди гандум дар Тоҷикистон, чунончи Қазоқистон чун бузургтарин кишвари истеҳсолкунандаи гандум мебошад;

- бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулот дар Тоҷикистон, бахусус маҳсулоти кишоварзӣ ва ситрусӣ корхонаҳои коркард бунёд намуда, маҳсулоти тайёр ба Қазоқистон содир карда шаванд (чунончи экологияи Қазоқистон аз Тоҷикистон куллан фарқ мекунад ва аҳолии Қазоқистон ба маҳсулоти кишоварзӣ ва ситрусӣ ниёз доранд).

Дар муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодии Тоҷикистону Қирғизистон тамоюли муайяни болоравӣ мушоҳида мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушд додани савдои байни Тоҷикистон ва Қирғизистон қарори махсусеро қабул намуд, ки монеаҳоро дар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии ин ду кишвар бартараф сохт. Савдои байнисарҳадӣ бо таври динамикӣ инкишоф ёфта истодааст, ки тақвиятсозии он метавонад ба ҳаҷми умумии савдо таъсири мусбӣ расонад, ба таҳкими иқдомҳои боваринок дар минтақаҳои наздисарҳадӣ кӯмак расонад ва робитаҳои тиҷоратии байни субъектҳои иқтисодии ду кишварро мустаҳкам созад. Бо ин мақсад, дар шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон, бозори сарҳадии “Гулистон” амал мекунад, ки ба афзоиши муомилоти молӣ такони нав додааст.

Инчунин барои мусоидат намудан ба густариши ҳамкорӣ ва рушди савдои байни ин ду кишвар бояд иқтидорҳои зеринро ба назар гирифт: ташкили корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои саноат, муҳандисӣ, кишоварзӣ, фаъолияти муштарак ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, фароҳам овардани шароитҳои мусоид дар постгоҳҳои гумрукӣ ва баланд бардоштани мақоми гузаргоҳҳои сарҳадӣ.

Нагуфта намонад, ки яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои ин ду давлат гидроэнергетика, яъне истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва энергетикӣ, таъсиси бозори ягонаи энергетикӣ, сохтмони пулҳои энергетикӣ, иштирок дар татбиқи лоиҳаи CASA-1000 ва содироти нерӯи барқӣ ба Афғонистон ва Покистон мебошад.

Бо мақсади фаъолсозии ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркменистон ва истифодаи пурраи иқтидори васеи ду кишвар, аз соли 2008 то 2014 панҷ ҷаласаи Комиссияи муштараки байнидавлатӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ гузаронида шудаанд, ки зимни онҳо масъалаҳои рушди робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои савдо, иқтисод, энергетика, саноат, алоқа, кишоварзӣ ва гуманитарӣ, ҳамчунин масъалаҳои уҳдадориҳои қарзӣ ва талаботҳои молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар доираи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, Тоҷикистон ба Туркменистон молҳои ниёзи мардум, алюминий ва маҳсулоти он, инчунин маҳсулоти кишоварзиро содир мекунад. Дар навбати худ, Тоҷикистон аз Туркменистон бештар маҳсулоти нафтӣ, равғани поки пахта ва семент харидорӣ мекунад.

Самтҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистон ва Туркменистон дар энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодӣ маҳсуб мегарданд. Байни ин ду кишвар шарикии муваффақона дар соҳаи ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан ва алоқаи байналмилалии автомобилӣ ба роҳ монда шудааст.

Барои мусоидат намудан ба рушди савдои минбаъда метавонем аз иқтидорҳои дар боло овардашуда дар ин муносибатҳо низ истифода барем, яъне ташкили корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои саноат, муҳандисӣ, кишоварзӣ, фаъолияти муштарак ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва ғайра.

Муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар ду соли охир бо суръати тез майли болоравиро гирифт.

Ин иқдоми хуш пас аз оне, ки дар Ӯзбекистон ба сари қудрат президент Шавкат Мирзиёев омаданд, оғози худро ёфт. Руйдодҳои муҳими сиёсии байни ду кишварро дар соли 2018 барои Тоҷикистону Ӯзбекистон таърихӣ номидан ҷоиз аст, чунки бо талошҳои сарони давлатҳо - Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев барои ҳамкории судманд дар ҳама соҳаҳо заминаи боэътимод фароҳам оварданд.

Дар соли 2018, дар Душанбе пас аз натиҷаҳои музокироти сарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо розигии тарафайн як изҳороти муштарак оид ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамҷавории некона қабул карда шуд. Сарони давлатҳо "ҷараёни мусбати рушди ҳамкориҳои ду кишвар" -ро қайд намуда, дар баъзе нуқтаҳои асосии ин ҳуҷҷат ҷиҳати хусусияти стратегии тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон изҳорот намуданд.

Чунончи, ҷонибҳо динамикаи мусбии тиҷорати мутақобиларо қайд намуданд ва мавҷудияти иқтидори зиёдро барои диверсификатсияи савдои дуҷониба ва то солҳои наздик ба 500 миллион доллари амрикоӣ расондани он қайд карданд.

Дар робита бар ин, ҷонибҳо аҳамияти густариши минбаъдаи доираи тиҷорати мутақобиларо бори дигар таъкид намуда, иқтидори бузурги рушди кооператсияи саноатӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва хонаҳои савдо, рушди фаъоли инфрасохтори савдои хориҷӣ ва механизмҳои дастгирии амалиёти содиротию воридотӣ ва баргузории мубодилаи тиҷоратии форумҳо ва намоишгоҳҳои саноатии миллиро қайд карданд. Инчунин, ҷонибҳо зарурати тавсеа ва таъмиқи робитаҳои байни минтақаҳои ду кишварро дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ тибқи Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои байниминтақавӣ, ки дар рафти ин вохӯрӣ ба имзо расида буданд, таъкид карданд.

Имрӯз мо сарбаландона метавонем аз афзалиятҳои бадастовардашудаи зерин ифтихор кунем: хатҳои парвози байни пойтахтҳои ду кишвар дубора барқарор шуданд, инчунин роҳи оҳани Ғалаба – Амузанг низ аз нав барқарор карда шуд, роҳи байналмилалии А-377 дар қитъаи Самарқанд - Панҷакент кушода шуд ва кор дар назди нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади Ӯзбекистону Тоҷикистон барқарор карда шуд. Баъдан дар соли 2018, ҷиҳати барқарор кардани интиқоли гази Ӯзбакистон ба Тоҷикистон мувофиқа ҳосил шуд.

Дар робитаҳои тиҷоратӣ Тоҷикистон аз Ӯзбекистон бештар маҳсулоти тайёри озуқа; маҳсулоти чорво; маҳсулоти растанипарварӣ; маҳсулоти саноати кимиё; мошинолот ва таҷҳизот; маҳсулоти маъданӣ (нафт ва гази табиӣ)-ро харидорӣ намуда, дар навбати худ ба Ӯзбекистон бештар маҳсулоти маъданиро аз қабили портландтсемент, маъдан ва контсентратҳои руҳҳӣ; газвори нассоҷӣ ва маснуоти онҳо аз қабили нахҳои пахта; металлҳои ғайриқимматнок ва маснуот аз онҳо ва ғайраро содирот менамояд.

Аз рӯйи он иқдомҳое неке, ки дар давоми ду соли охир мушоҳида карда мешавад, бо чашми аён ва умеди қавӣ метавонем гуфт, ки дар солҳои наздик Ӯзбекистон дар қатори шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон (Қазоқистон Россия ваЧин) ҷой хоҳад гирифт.

Ҷадвали 1

Гардиши савдои хориҷӣ бо давлатҳои Осиёи марказӣ

дар шаш моҳи соли 2019

(ҳазор доллари ИМА)

Аз натиҷагирии ҷадвали 1 бармеояд, ки дар нимсолаи аввали 2019 гардиши савдои хориҷӣ ҳамагӣ 2136983,9 ҳаз. доллари ИМА-ро ташкил намудааст, ки дар доираи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ҳиссаи Қазоқистон дар гардиши савдо 19,9 фоиз ё 426055,1 ҳаз. доллар, Ӯзбекистон – 7,8 фоиз ё 167289,0 ҳаз. доллар, Қирғизистон – 1,3 фоиз ё 26783,7 ҳаз. доллар ва Туркменистон – 0,3 фоиз ё 6624,4 ҳаз. долларо ташкил намуданд.

Хулоса, Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои тиҷоратии бисёрҷонибаро бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дӯстона ва босуботона густариш дода истодааст, ки ин иқдом дар заминаи ҷонибдории сиёсати “дарҳои кушод” вусъат ёфтааст ва бо сабаби барқарорсозии муносибатҳои гуногунҷабҳаи созандаи Тоҷикистону Ӯзбекистон яке аз ҳадафҳои стратегии кишварамон, яъне баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ амалӣ гардид. Дар баробари имконияти рушди муносибатҳои тиҷоратие, ки дар боло зикр намудем, инчунин иқтидорҳои рушди муносибатҳои тиҷоратии иловагӣ дар миқёси тамоми Осиёи Марказиро имконпазир мешуморем:

- ҳамкориҳои муштарак дар соҳаи технологияи муосир;

- коркарди лоиҳаҳои муштарак дар рушди соҳаи мошинсозӣ;

- ташкили «хаб»-аи минтақавӣ оид ба доду гирифти лоиҳаҳо ва техналогияҳои муосир.

Ф.И. Худойдодова – муовини сардори

Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон