Асосӣ: Маркази матбуот НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОИР БА ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИВУ ТАДҚИҚОТӢ ВА ТАШКИЛӢ ДАР НИМАИ АВВАЛИ СОЛИ 2019
+++ Ҷавонон бояд осебпазир набошанд! +++ Аҳамияти гулугоҳи Ҳурмуз чун шоҳраги ҳаётӣ барои интиқоли нафт дар ҷаҳон (дар пасманзари афзудани танишҳо миёни ИМА ва Эрон) +++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1653
mod_vvisit_counterДирӯз2420
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта17585
mod_vvisit_counterДар ин моҳ56737
mod_vvisit_counterҲамагӣ1830130
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
25
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОИР БА ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИВУ ТАДҚИҚОТӢ ВА ТАШКИЛӢ ДАР НИМАИ АВВАЛИ СОЛИ 2019

26.07.2019

Рӯзи 26-уми июли соли 2019 Нишасти матбуотии Маркази тадқикоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ ширкат доштанд.

Нишасти матбуотиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода кушода, намоядагони васоити ахбори оммаро хайрамақдам гуфта, дар бораи фаъолияти илмиву тадқиқотӣ ва тарғиботиву ташкилии Марказ дар нимсолаи аввали соли 2018 ба таври мухтасар гузориш дод. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси яке аз муассисаҳои таҳлилӣ ва машваратии кишвар бо мақсади амалишавии стратегияҳои давлатӣ ва такмили механизми сиёсати дохилию хориҷӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият менамояд. Дар нимсолаи якуми соли 2019 ин муассисаи давлатӣ дар доираи нақшаи корӣ дар чунин самтҳо фаъолият намуд:

1. Дар самти корҳои илмию тадқиқотӣ

Дар Марказ тибқи нақшаи корҳои илмию тадқиқотӣ барои соли 2019 тадқиқот аз рӯйи мавзӯъҳои зерин идома дорад:

–Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ, иҷтимоӣ, миллӣ ва минтақавӣ ҳамчун стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

–Ташаккули низоми миллии баҳогузории индикативии амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар нимсолаи аввали соли соли 2019 корҳои илмию тадқиқотии раёсатҳо дар доираи ҷаласаҳои Марказ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ин имкон медиҳад, ки ҳисоботи илмию тадқиқотии Марказ дар муддати муайяншуда (дар охири сол) бо сифат ва ба талабот ҷавобгӯй пешниҳод гардад.

2. Шӯрои илмии марказ

Шӯрои илмии Марказ дар ҳайати 21 нафар, аз ҷумла 15 доктори илм ва 3 номзади илм дар ин давра фаъолият намуд. Бо мақсади амалӣ намудани стратегияи ягонаи давлатӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ба ҳайати Шӯрои илмии Марказ олимону мутахассисон аз дигар ташкилотҳо низ ворид карда шуданд.

3. Таҳия ва пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ

Дар доираи баргузории корҳои илмию тадқиқотӣ кормандони Марказ 46 пешниҳод, гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои амният ва дигар вазорату кумитаҳои давлатӣ, созмону ниҳодҳои дахлдор омода намуда, фиристода шуданд.

4. Иштирок дар Комиссияҳои ҳукуматӣ ва Гурӯҳҳои корӣ

Роҳбарият ва мутахассисони Марказ дар Гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ, комиссияҳои Маҷлиси вакилони халқ доир ба масъалаҳои мушаххас ширкат варзиданд:

1. Узви ҳайати тартибу таҳрири имлои забони тоҷикӣ (Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон);

2. Гурӯҳи кории "Такмили ҷадвали амалиёти Барномаи рушди миёнамуҳлат барои солҳои 2016–2020" дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3. Гурӯҳи кории "Масъалаҳои ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмонҳои иқтисодии байналмиллалӣ, аз ҷумла ба Созмони Ҳамкории Иқтисодии Авруосиё" дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4. Гурӯҳи кории "Ҳадафи рушди устувор" дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

5. Гурӯҳи кории "Ҳамоиши иқтисодӣ" дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6. Гурӯҳи кории "Омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ" дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

7. Гурӯҳи кории "Такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба бартарафсозии қолабҳои гендерӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои занон ва пешгирии зӯроварӣ дар оила" дар Раёсати кафолати ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

5. Ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, макотиби олӣ ва муассисаҳои илмию тадқиқотӣ

Марказ робитаҳои кории машваратиро бо вазорат, кумитаҳо ва агентиҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии давлатӣ; муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, аз ҷумла Пажӯҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ, Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демография; Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор мактабҳои олии мамлакат амалӣ намуд.

6. Ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ

Марказ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид, САҲА, СҲШ, СААД, Бонки Ҷаҳонӣ, Фонди Байналмилалии Асъор, Созмони Олмонии Ҳамкории Байналмилалӣ, Маркази Дипломатияи Пешгирӣ (шаҳри Ашқобод) ҳамкориҳоро васеъ менамояд. Марказ узви Маркази таҳлилии СААД, узви Форуми СҲШ ва яке аз муассисони Академияи САҲА дар шаҳри Бишкек мебошад.

7. Конфронсҳои илмию амалӣ, симпозиум ва мизҳои гирд

Дар нимсолаи якуми соли 2019 дар Марказ 18 чорабинии илмию амалӣ, аз ҷумла, 7 конфронси илмиву амалии ҷумҳуриявӣ, 10 мизи гирд ва як брифинг баргузор гардид. Гузоришҳо аз чорабиниҳои илмӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар рӯзномаҳои давлатию мустақил ба таври васеъ инъикос шуда, ҳамчунин, дар сомонаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудаанд. Дар ин давра кормандони Марказ дар конфронсу ҷамъомадҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирд, ки аз ҷониби созмонҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор шуданд, бо 28 маърӯза суханронӣ карда, беш аз 185 мусоҳиба дар васоити ахбори омма ироа намуданд. Дар назар аст, ки то охири соли ҷорӣ аз рӯйи нақшаи ташкил ва баргузории конфронсҳо ва мизи гирд дар Марказ на камтар аз 7 ҳамоиши илмию амалӣ доир мегардад.

8. Фаъолияти нашриявӣ

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ таҳти унвони "Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ: моҳият ва самтҳои асосии он" китобча таҳия карда, дар ҳаҷми 46 саҳифа бо теъдоди 250 нусха нашр намуд. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои "Шиорҳо аз Паёму суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби Наврӯз" дар ҳаҷми 54 саҳифа дар ҳаҷми 100 нусха, "Тафсири Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: моҳият ва самтҳои асосии он". –Душанбе: 2019, 168 саҳифа ва китобчаи "Маводи таблиғотӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ" дар ҳаҷми 16 саҳифа бо теъдоди 100 нусха ба табъ расонида, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои истифодаи хизматӣ ирсол намуданд. Дар давраи ҳисоботӣ китобҳои сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қурбонов таҳти унвони "Таҳаввули низоми маориф дар Тоҷикистон (таҳлили иҷтимоӣ-фалсафӣ)", Душанбе: "Ирфон", 2019.–220 саҳифа, "Илм ва маориф" (тамоюл, мушкилот, дурнамо)", Душанбе, "Ирфон", 2019.–406 саҳ. аз чоп баромаданд. Марказ дар якҷоягӣ бо Академияи илмҳои ҷамъиятии вилояти Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин китоби муштараки "Тоҷикистон ва Чин: аз дӯстии таърихӣ то шарикии стратегӣ"-ро дар ҳаҷми 392 саҳифа ва бо теъдоди 300 нусха таълиф ва нашр карда, рӯйнамоии онро баргузор намуд.

9. Сомонаи интернетии Марказ ва маҷаллаи "Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз"

Сомонаи Марказ ба таври доимӣ фаъол буда, дар он маводи илмию таҳлилӣ, хабарҳои ҳамарӯза, гузоришҳо, суханрониҳо, мақола ва китобҳои кормандони Марказ ҷой дода мешаванд. Дар давраи ҳисоботӣ дар сомонаи интенетӣ беш аз 200 мақола, матолиби гуногуни илмӣ ва хабару гузоришҳо дар бахшҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷой дода шудаанд. Дар ин давра шумораи №1 (64)-и маҷаллаи "Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз" аз чоп баромад, ки 24 мақоларо дар бар мегирад ва шумораи №2 (65)-и ин нашрия бо теъдоди 22 мақола ба наздикӣ ба нашр мерасад. Инчунин, тамоми нусхаҳои нашрияи мазкур дар шакли PDF дар бахши алоҳидаи сомонаи интернетии Марказ гузошта шудаанд.

10. Корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ

Дар нимсолаи аввали соли 2019 роҳбарият ва кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор чорабиниҳои сиёсӣ ва тарғибу ташвиқи сиёсати Президенти кишвар дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд: Исфара (Чоркӯҳ), минтақаи Рашт: Нуробод, Тоҷикобод, Лахш фаъолона ширкат варзиданд. Онҳо дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва мактабҳои олӣ беш аз 35 маротиба дар мавзӯъҳои муҳим ва актуалӣ суханронӣ намуданд.

11. Дар самти баргузории тадқиқоти сотсиологӣ

Дар нимсолаи якуми соли 2019 Маркази тадқиқоти сторатегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадқиқоти сотсиологӣ дар мавзӯи "Омӯзиши афкори аҳолӣ доир ба сатҳи ҷинояткорӣ, сифати кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо он ва сатҳи бехатарии шаҳрвандон аз кирдорҳои ҷиноӣ" анҷом дод. Тадқиқоти сотсиологӣ дар 32 шаҳру ноҳияҳои кишвар гузаронида шуд. Дар баробари ин, дар Марказ барои баргузории тадқиқоти сотсиологии навбатӣ (ҳар се сол) дар мавзӯи "Мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон" дар доираи амалишавии "Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013–2020" омодагӣ идома дорад.

12. Ҳамкорӣ бо марказҳои таҳлилии кишварҳои дигар

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор муассисаҳои таҳлилии давлатҳои дигар, аз ҷумла, бо марказҳои таҳлилии Русия, Қазоқистон, Чин, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, марказҳои тадқиқоти стратегии Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва, Лаҳистон низ робитаҳои хуби корӣ дорад.

13. Таҷрибаомӯзии донишҷӯён

Дар нимсолаи аввали соли 2019 дар Марказ аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 19 нафар, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат 24 нафар, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон 9 нафар, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 нафар, Донишкадаи идоракунии иқтисодиёт ва молияи Донишгоҳи федеролии Қазон 1 нафар, Донишгоҳи давлатии Воронежи Федератсияи Русия 1 нафар, Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар Душанбе 14, Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон 2 нафар, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 1 нафар, Академияи туризми Қирғизистон 1 нафар, дар маҷмӯъ, 94 нафар донишҷӯ таҷриба омӯхтанд.

14. Такмили ихтисоси кормандони Марказ.

Кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар курсҳои такмили ихтисос дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҳиндустон савияи донишу малакаи худро баланд бардоштанд ва такмил доданд. Сипас директори Маркази тадқиоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода, муовини директори Марказ Парвиз Муҳаммадзода, мушовири директори Марказ Абдуллоҳи Раҳнамо ва сардорони раёсатҳои Марказ ба саволҳои рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ посухҳои қаноатбахш доданд.

Нишасти матбуотӣ дар фазои самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда ба анҷом расид.

Хадамоти матбуоти Маркази

тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон