Асосӣ: Макроиқтисод Ҳунарҳои мардумӣ сарчашмаи такомули рушди деҳот дар мамлакат
+++ Ҷавонон бояд осебпазир набошанд! +++ Аҳамияти гулугоҳи Ҳурмуз чун шоҳраги ҳаётӣ барои интиқоли нафт дар ҷаҳон (дар пасманзари афзудани танишҳо миёни ИМА ва Эрон) +++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1749
mod_vvisit_counterДирӯз2420
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта17681
mod_vvisit_counterДар ин моҳ56833
mod_vvisit_counterҲамагӣ1830226
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
25
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ҳунарҳои мардумӣ сарчашмаи такомули рушди деҳот дар мамлакат

24.07.2019

Дар ҳар давру замон фарҳанг муаррифгари халқу миллатҳо буд ва мебошад. Аз давраи куҳан то ба имрӯз фарҳанги мо бою ғанӣ гашта, моро зарур аст, ки онро ҳифз ва рушду равнақ диҳем. Дар ин ҷода хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург аст. Маҳз бо талошҳои ин шахсияти абармард Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳо бомаром рушд карда, дар арсаи байналмилалӣ обрӯву шуҳрат пайдо карда истодааст. Дар асоси сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат имрӯз Тоҷикистон дорои сулҳу субот ва оромиву осудагӣ буда, ин дастоварди бузург решаи асосии рушди боустувори давлату миллат мебошад.

Ҳунарҳои мардумӣ яке аз нишонаҳои фарҳангӣ буда, диққати махсусро талаб менамояд. Аксари ҳунарҳои мардумии имрӯзаи миллати тоҷик ба аҳолии деҳанишин рост меояд, чунки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми зиёди аҳолӣ деҳанишин мебошанд. Бинобар ин, зарур аст, ки инфрасохтор дар деҳот рушд ёфта, ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шуда, вазъи ичтимоиву маишии деҳоти мамлакат беҳтар гардонида шаванд.

Имрӯз аз ҳисоби номукаммал рушд ёфтани инфрасохтор дар деҳоти мамлакат кӯчбандии деҳотиён ба шаҳр ё худ урбанизатсия дар ҷомеаи тоҷик ба таври назаррас ба чашм мерасад. Ба урбанизатсияи аҳолӣ чунин омилҳо таъсир мерасонанд:

• Пӯшида нест, ки аксари аҳолии мамлакат ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намуда, бо шарту шароити шаҳрҳои азим, пешрафти инфрасохтори шаҳрӣ ва хизматрасониҳои гуногуни шаҳр шинос шуда, кӯшиш менамоянд, ки шароити созгор барои наздикони худ муҳайё намоянд. Ё аксар вақт шаҳрвандии ҳамон давлатро ба даст оварда, наздикони худро гирифта мебаранд. Тибқи маълумоти Агентии муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (migration.tj) танҳо дар нуҳ моҳи соли 2018 ба Федератсияи Русия 343912 нафар, ба Ҷумҳурии Қазоқистон 9571 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар кардаанд. Дар ҳолати бозгашт ба Ватан аз муҳоҷирати меҳнатӣ, онҳо кӯшиш менамоянд, ки ба шаҳрҳои мамлакат кӯч банданд, алалхусус ба пойтахти кишварамон. Ин аз таъғирёбии тафаккур, ҷаҳонбинии аҳолии деҳанишин баъд аз муҳоҷирати меҳнатӣ далолат медиҳад. Мутобиқи таҳлили нишондиҳандаҳои омории Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиши аҳолии шаҳри Душанбе аз соли 2013 то 2018, 8% афзудааст.

• Омили дигари кӯчбандии аҳолии деҳанишин ба шаҳрҳои мамлакат дохилшавии ҷавонон ба муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат мебошад. Албатта, аз як тараф, боиси хурсандӣ аст, ки ҷавонони имрӯза ба таҳсил рӯ овардаанд, аммо аз тарафи дигар таҷриба нишон медиҳад, ки аксари ҷавонон бидуни хоҳиши худ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил шудаанд. Яъне бархе аз онҳо барои хизмати ҳарбӣ нарафтан ё ин ки барои гирифтани билети ҳарбӣ, баъзеи дигар барои қонеъ намудани талаботи волидайни худ, қисми дигар танҳо гирифтани маълумоти олӣ барои аз ҳамдеҳагони худ қафо намондан, қисми дигар барои ҳавас ва ба монанди ин сабабҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил мешаванд. Ҳол он, ки барои пешрафти соҳаҳои гуногуни мамлакат мо ба мутахассисони баландихтисос эҳтиёҷ дорем. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо қайд намудаанд.

Умуман, мутахассис он шахсе мебошад, ки пеш аз ҳама, ихтисос ё касби худро дӯст дошта, дар вуҷуди ӯ эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносӣ, меҳанпарварӣ нуҳуфтааст ва аз иҷрои корҳои мушкили ихтисосиаш бо муваффақият мебарояд. Мутаассифона, ин гуна хислатҳоро аксари хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишварамон доро нестанд. Аксари ҷавононе, ки ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишварамон дохил шудаанд, баъд аз хатм ба деҳаҳои худ барнамегарданд ва кӯшиш менамоянд, ки дар шаҳрҳо, алалхусус дар пойтахти мамлакатамон, бимонанд.

• Омили навбатии таъсиррасонанда ба урбанизатсияи аҳолӣ набудани ҷойи корӣ ва паст будани музди меҳнат мебошад.

Албатта, роҳбари давлати мо ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ин мушкилот бетараф набуда, барои рафъи ин мушкилиҳо нақшаву барномаҳо ва стратегияҳоро тарҳрезӣ намудаанд. Мисоли ин шуда метавонад стратегияҳои муайяншудаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- истиқлолияти энергетикӣ;

- раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ;

- бехатарии озуқаворӣ;

- саноатикунонии босуръати мамлакат.

Барои амалишавии стратегияҳои муайяншуда аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаву барномаҳо муқаррар ва қабул карда шуданд.

Ғайр аз ин, бо дарназардошти ин гуна мушкилот ва рафъи онҳо аз тарафи Пешвои миллат соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шуда буд. Дар баробари ин, барои инкишофи инфрасохтори деҳот инчунин, солҳои 2019-2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардиданд.

Воқеан, яке аз механизмҳои самараноки рушди деҳот маҳз ба рушди ҳунарҳои мардумӣ алоқаманд мебошад. То имрӯз ба пешрафти ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи арзанда зоҳир карда намешуд. Ҳол он, ки рушди ҳунарҳои мардумӣ муаррифгари фарҳанги миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ буда, дар баробари инкишофи он ҷойҳои кории нав пайдо мешавад ва некуаҳволии алалхусус аҳолии деҳнишинро беҳтар месозад. Инчунин, дар баробари рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳунарҳои мардумии қадимае, ки рӯ ба нестшавӣ ниҳода буданду аксари онҳо нест шуданд, аз нав эҳё гашта, ифодагари фарҳанги ғаниву қадимаи халқи тоҷик мегарданд.

Дар ҳолати кӯчбандии аҳолии деҳнишин ба шаҳрҳои кишвар, вазъи нобаробарии қувваи корӣ дар миқёси кишвар ба миён омада, он ба пешрафти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва умуман, ба пешрафти иқтисодиёти мамлакат таъсири манфӣ мерасонанд. Масалан, дар ҳолати урбанизатсияи аҳолӣ заминҳои корам бекор хобида, ё ба пуррагӣ истифода бурда намешаванд. Инчунин, барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ моро зарур аст, ки ҷавононро ҳавасманд намоем, чунки ҳангоме, ки ҳунар аз насл ба насл мерос мемонад, он ҳеҷ вақт аз байн намеравад. Дар ин бобат ҳам хизмати Пешвои миллат беандоза мебошад. Дар Паёми соли гузаштаи худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1-уми январи соли 2019 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шавад.

Хулоса, хуб мешуд агар дар деҳаҳои мамлакат инфрасохторро тараққӣ дода, хоҳишмандон ба ҷойҳои нави корӣ ҷалб карда мешуданд, ба монанди сохта ба истифода додани муассисаҳои томактабӣ, китобхонаҳои замонавӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои касбомӯзӣ, забономӯзӣ, биноҳои маишӣ ва амсоли инҳо.

Фурқат Мирбобоев - муовини

сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои

макроиқтисодии МТС-и назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон