Асосӣ:
+++ Ҷавонон бояд осебпазир набошанд! +++ Аҳамияти гулугоҳи Ҳурмуз чун шоҳраги ҳаётӣ барои интиқоли нафт дар ҷаҳон (дар пасманзари афзудани танишҳо миёни ИМА ва Эрон) +++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1714
mod_vvisit_counterДирӯз2420
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта17646
mod_vvisit_counterДар ин моҳ56798
mod_vvisit_counterҲамагӣ1830191
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
25
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

УСУЛҲОИ АРЗЁБИИ НИШОНДИҲАНДАҲОИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ

16.07.2019

Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои хушсифат дар баробари се ҳадафи стратегӣ: раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, соҳиб шудан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии бо суръати мамлакат самти асосии стратегии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар таҳкими амнияти иқтисодии мамлакат нақши калидӣ дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, расидан ба амнияти озуқавориро чун яке аз муҳимтарин вазифаҳои тараққиёти кишвар таъкид намуда, дар Паёми навбатии худ (26 декабри соли 2018) ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармудаанд: “ Ҳадафи стратегии дигар, ки бо таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзун гардонидани иқтидори содиротии кишвар таъсири бевосита мерасонад, ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад”.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади таъмин намудани пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва буҷаи давлат дар давраи соҳибистиқлолӣ,

беш аз 12 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.

Дар шароиту вазъияти имрӯза омӯзиши паҳлуҳои гуногуни масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ, яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодӣ ба шумор меравад. Бояд ёдовар шуд, ки то ҳол усули ягонаи ҳамаҷониба муайян намудани дараҷаи дастёбӣ ба амнияти озуқаворӣ дар сатҳи мамлакат ва минтақаҳои он коркард нашудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар осори илмӣ ҷиҳати арзёбии таъмини амнияти озуқаворӣ бештар калимаи “индикатор” ба кор бурда мешавад, ки аз калимаи лотинии “indicator” пайдо шуда, маънояш “нишондиҳанда” мебошад. Аз ин ру, кор фармудани калимаи нишондиҳанда ҳамчун муодили индикатор ба сифати категорияи иқтисодӣ ба мақсад мувофиқ аст. Илова бар мафҳуми нишондиҳандаҳо (индикаторҳо) инчунин, меъёрҳои амнияти иқтисодӣ низ мавриди истифода қарор мегиранд. Ин ду мафхум аз ҳамдигар тафовут доранд. “Меъёр” аломатҳоеро дар бар мегирад, ки дар асоси онҳо арзёбӣ, муайнкунӣ ё таснифот (классификатсия) анҷом дода мешавад. “Нишондиҳанда” бошад дараҷаи рушд, ноилшавӣ ба ҳадафро дар бар мегирад.

Нишондиҳандаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ категорияи иқтисодӣ ба шумор мераванд.

Барои татбиқи чунин индикаторҳо барои Тоҷикистон бо дарназардошти ҷиҳатҳои хоси мамлакат аз назари рушди иқтисодӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, шароити табиӣ – иқлимӣ, тарзи зиндагии аҳолӣ системаи чунин нишондиҳандаҳо бояд коркард ва муайян кард.

Нишондиҳандаи амнияти озуқаворӣ тавсифи миқдорӣ ва сифатии ҳолати амнияти озуқавориро нишон дода, имконият медиҳад, ки дараҷаи ноилшавӣ ба он дар асоси меъёрҳои қабулшуда арзёбӣ гардад.

Меъёри амнияти озуқаворӣ аломати ниҳоии миқдорӣ ва сифатие мебошад, ки дар асоси он дараҷаи таъмини амнияти озуқаворӣ арзёбӣ карда мешавад. Аз ин метавон хулоса кард, ки нишондиҳандаҳо андозаи миқдории ноилшавӣ ба самти мақсаднокро ифода мекунанд.

Таҳлили асарҳои иқтисодии марбут ба масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ нишон медиҳанд, ки арзёбии воқеии таъмини амнияти озуқаворӣ бояд бо се усул сурат гирад.

Усули аввал бо роҳи дастрасии озуқаворӣ (дастрасии ҷисмонӣ ва иқтисодӣ, ки меъёри истеъмолро қонеъ мегардонад) нишондиҳандаи асосии амнияти озуқавориро муайян менамояд. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳар як нафар аҳолӣ тамоюли гуногун дорад. Барои мисол, истеҳсоли сабзавот дар соли 2018 нисбат ба соли 2014-ум 17.6 %, -полезиҳо 71.8 %, ангур - 31.7 %, гӯшт - 74,4 %, шир - 4,8% картошка - 12,9% зиёд буда, ғалла - 1.6 %, ва тухм - 9.4% кам шудааст.

Ҷадвали 1

Истеъмоли маҳсулотҳои асосии ғизоӣ ба як нафар аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як сол (кг) дар давраи солҳои 2014-2018

 

Маҳсулотҳои

ғизоӣ

Меъёри физиологии

Тавсиядода-шудаи Институти  ғизои

Ҷ. Т, кг

Истеъмоли ҳақиқӣ

Истеъмол нисбат ба меъер дар соли 2018%

Солҳо

2014

2015

2016

2017

2018

Нон ва маҳсулоти нонӣ

141,4

153,0

149,9

151,49

161,4

165,36

116,9

Картошка

65,2

33,3

35,7

39,11

42,43

46,32

71,04

Сабзавот, полезињо

74,4

76,0

80,0

80,40

88,97

88,44

118,8

Мева ва бутамева

29,8

33,5

35,9

30,39

33,26

38,64

129,6

Гӯшт

25,5

14,9

14,6

14,76

14,02

14,16

55,5

Шир

37,5

58,8

57,4

59,5

58,04

60

160

Тухм

196

71

72

68

76

84

42,8

Қанд

14,5

14,0

13,7

14,3

15,93

13,32

91,8

Равған

17

16,4

15,8

17,14

18,23

16,56

97,4

Сарчашма: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бехатарии озуқаворӣ ва камбизоатӣ, №4-2015 ва №4-2018, с- 21.

Чи тавре, ки аз нишондиҳандаҳои ҷадвали 1 маълум мешавад, ҳаҷми истъмоли маҳсулотҳои асосӣ аз меъёри физиологии тавсиядодашудаи Институти ғизои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷуз аз нон ва маҳсулоти нонӣ кам мебошад.

Чуноне, ки мебинем истеъмоли картошка ба 71.04 % - и меъёр, сабзавот ва полезиҳо - 118,8 % шир ва маҳсулотҳои ширӣ - 160 %, гӯшт ва маҳсулотҳои гӯштӣ - 55,5%, тухм - 42,8%, қанд ва маҳсулотҳои қаннодӣ - 91,8%, мева ва бутамева - 129,6% баробар аст.

Масъалаи дигар сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ба ҳисоб меравад, ки онро ба таври алоҳида мавриди таҳлил қарор хоҳем дод.

Яке аз масъалаҳои асосӣ барои таъмин кардани амнияти озуқавории мамлакат ин истифода набурдани маҳсулотҳои пастсифат мебошад.

Аз 16 намуди маҳсулоти озуқавории истеҳсоли ватанӣ, ки Агентии стандартизатсия, метрология, сертификасия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2013 - 2017 ба қайд гирифтааст, сифати ҳамаи онҳо паст гардидааст. Аз ҷумла, сифати гӯшт, ҳасибҳо, равғани ҳайвонот ва растанӣ, панирҳо, ки дар ҷадвали 2 оварда шудааст, ҳол он, ки сохторҳои мутасаддии давлатӣ онро назорат менамоянд ва Қонун “Оиди сифат ва бехатарии маҳсулотҳои ғизоӣ”.

(Ахбороти маҷлиси Олии ҶТ 2002 №4 ҷ.2. моддаи 317; 2006, №3, моддаи ( 66, 2007 №7 моддаи 667) қабул карда шудааст.

Ҷадвали 2

Тамоюли пастравии дараҷаи сифати маҳсулотҳои алоҳидаи озӯқаворие, ки ба бозори истеъмолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд, %.

2013

2014

2015

2016

2017

Ҳамаи намуди гӯшт

15,6

5,9

10,3

11,4

12,1

Маҳсулоти ширӣ

8,2

4,8

4,2

4,7

4,9

Тухм

5,1

8,7

5,0

6,1

7,2

Маҳсулоти нонӣ

8,3

5,0

4,6

4,7

4,8

Консерваҳо

3,8

3,7

1,9

1,3

1,8

Маҳсулоти макаронӣ

2,2

3,3

2,4

2,2

2,6

Гандум ва ярма

4,3

0,1

1,6

1,7

1,8

Орд

3,0

3,7

1,2

1,1

1,3

Маҳсулоти қаннодӣ

5,7

3,9

4,5

2,6

3,2

Равғани растанӣ

9,6

5,0

5,4

3,8

3,9

Чой, қаҳва

5,9

1,1

1,3

1,3

1,4

Иловаҳои ғизоӣ

28,4

5,1

7,4

7,0

7,3

Маҳсулоти спиртӣ

23,3

12,5

19,1

21,0

19,8

Қанд, набот, асал

6,5

5,3

4,6

4,3

4,7

Сабзавот ва меваҷот

0,6

0,06

0,05

2,8

2,9

Маҳсулоти ғайриспиртӣ

11,4

12,8

15,4

14,7

13,2

Сарчашма: Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз ҷадвал мушоҳтда менамоем, ки сатҳи сифати маҳсулот тамоюли манфӣ доранд.

Солҳои охир зиёд гардидани воридоти маҳсулотҳои аз гӯшти ҳайвонот тайёршуда ба кишвар мушоҳида мегардад. Бинобар ин, назоратро аз болои онҳо пурзур намудан лозим аст, то ки ҳолати мӯътадили эпизотологӣ дар мамлакат нигоҳ дошта шавад. Бахусус дар масъалаи бехатарии маҳсулотҳои гушти тайёршаванда ва бехатарии онҳо муассисаи Давлатии назорати ветеринарӣ назорати заруриро мувофиқи меъёрҳо ва қоидаҳои ветеринарӣ-санитарӣ ба роҳмонданаш зарур мебошад.

Сеюм, суръати рушди КАС (комплекси агросаноатӣ) бахши маҷмаъаи кишоварзӣ ва саноатӣ мебошад.

Бо мақсади захира намудани махсулоти кишоварзӣ ва таъмини ахолии кишвар дар мавсими тирамоҳу зимистон бо маҳсулоти тару тоза, афзун намудани иқтидори содиротии маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди он, ки ба рушди соҳаи кишоварзии мамлакат мусоидат менамояд, зарурати барқарорсозии яхдону сардхонаҳои зиёдеро ба миён овардааст.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ яхдону сардхонаҳои зиёде мавҷуд бошанд ҳам, вале ин ҳануз басанда нест, як қатор сардхонаҳо ва анборҳо мавҷудан, ки барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат менамоянд. Айни замон дар ҷумҳурӣ 11 адад яхдон бо иқтидори 16300 тонна, 32 адад сардхона бо иқтидори 27908 тонна ва 94 адад анборҳои доимоамалкунанда бо иқтидори 28880 тонна мавҷуд мебошанд.

Мисол, ба ҳолати 1 декабри соли 2018 гандум 2198,7 тонна, картошка 28837,3 тонна, сабзавот 9448,0 тонна, ангур 2875,5 тонна, орд 879,8 тонна ва шакар бошад, 220,6 тонна захира карда шудааст.

Ҳамин тариқ, ба андешаи мо, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ ва минтақаҳои он, илова бар дастгирии давлатӣ ва ҳавасмандгардонии соҳаҳои кишоварзӣ ва КАС, андешидани тадбирҳои зерин мувофиқи мақсад мебошанд:

• модернизатсияи инфраструктураи бозори озуқаворӣ ва баланд бардоштани дастрасии он барои ҳамаи истеҳсолкунандагони соҳаи кишоварзӣ;

• аз байн бурдани монеаҳои байниминтақавӣ дар хариду фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ.

• таҳлили ҳамаҷонибаи амнияти озуқаворӣ дар сатҳи минтақаҳои кишвар.

Офаридаева Т.Н. Мутахассиси

пешбари раёсати тадқиқоти

масъалаҳои соҳавии МТС-и назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон