Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот НБО-и «Роғун» - калиди муваффақиятҳои кишвар дар самти рушди устувор
+++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз274
mod_vvisit_counterДирӯз1031
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1305
mod_vvisit_counterДар ин моҳ28679
mod_vvisit_counterҲамагӣ1734492
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июли
16
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

НБО-и «Роғун» - калиди муваффақиятҳои кишвар дар самти рушди устувор

11.07.2019

Дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол моҳи ноябри соли 2018 рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваст ва барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ қадами устувор гузошта шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми Неругоҳи барқӣ обии «Роғун»-ро ба кор дароварданд ва ба фаъолияти ин иншооти бузурги аср, ки ба рушди босуръати кишвар мусоидат хоҳад кард, оғоз бахшиданд.

Ҳанӯз 29-уми октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди сарбанди Неругоҳи барқӣ обии «Роғун» ҳусни оғоз бахшида, ҳамзамон таъкид дошта буданд, ки «Он рӯз дур нест, ки дар партави нурӣ Роғун парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тоза хоҳад гирифт». Ин нияти нек бо кӯшишҳои тамоми мардуми кишвар ва бо роҳбарии Пешвои дурандеш дар муҳлати кӯтоҳи таърихӣ ҷомаи амал пӯшид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани аввалин агрегати неругоҳ зикр намуданд, ки «Ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқӣ обии «Роғун», яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ - истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад».

Воқеан, Неругоҳи барқӣ обии «Роғун» - пуриқтидортарин иншооти силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш буда, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин неругоҳи барқӣ - обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва бо сарбанди баландиаш 335 метр дар ҷаҳон баландтарин садд хоҳад буд. Бо фаъол кардани чархаи нахустини неругоҳи Роғун, Тоҷикистон ба иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегиаш наздик шудааст. Мавриди зикр аст, ки танҳо агрегати якуми ба истифода додашудаи ин иншооти аср бештар аз 100 мегават неруи барқ истеҳсол мекунад. Солҳои минбаъда, агрегатҳои дигари неругоҳ бо азму иродаи қавии коргарони матинирода ба кор дароварда хоҳад шуд, ки зина ба зина Тоҷикистонро дар татбиқи стратегияҳои дигари давлатдорӣ мусоидат менамояд. Иқтидори энергитекии дохилӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар амалишавии ҳадафи чоруми стратегии кишвар - саноатикунонии босуръат нақши бағоят муҳимро иҷро хоҳад намуд. Бо ин роҳ Тоҷикистон метавонад рушди корхонаҳои азими саноатиро ба роҳ монда, тараққиёти кишварро ба сатҳи баландтар бардорад. Истеҳсоли «неруи сабз»-ро, ки имрӯз тамоми ҷаҳон талоши ба он гузаштан доранд, бештар намояд ва бо пешгирӣ намудани зарари партовҳо ба муҳити зист барои беҳтар намудани вазъи экологии минтақа мусоидат намояд.

Дар шароити кунунии афзоиши талабот ба неруи барқ дар минтақа бунёди Неругоҳи барқӣ обии «Роғун» ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати экологӣ лоиҳаи бисёр ҳам муҳим ва манфиатовар аст.

Неругоҳи барқӣ обии «Роғун» ғайр аз лоиҳаи иқтисодӣ-энергетикӣ будан, ҳамчунин ба яке аз ормонҳои миллати тоҷик табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, ҳанӯз аз рӯзҳои аввал бо мақсади суръат бахшидан ба сохтмони иншоот, илова ба маблағҳои буҷетӣ, мардуми шарифи Тоҷикистон, ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону тоҷирон, инчунин ҳамватанони бурунмарзиамон тавассути харидорӣ кардани саҳмияҳои неругоҳ ҳиссаи арзишманди худро гузоштанд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки Неругоҳи барқӣ обии «Роғун» манбаи неруи барқи ниҳоят зарурии арзон, барқароршаванда ва боэътимод барои мардуми Тоҷикистон мебошад. Энергияи аз ҷиҳати экологӣ тозаи Неругоҳ на танҳо эҳтиёҷи ба барқ доштаи ҷумҳуриамонро мебарорад, балки имкон медиҳад, як қисми неруи барқи истеҳсолшуда ба фурӯш бароварда шуда, бо ин васила рушди устувори иқтисодиёти кишвар таъмин гардад.

Алҳол дар ин иншооти бузурги дорои аҳамияти стратегӣ 18000 коргарону муҳандисони маҳаллӣ ва мутахассисони бахше аз ширкатҳои бонуфузи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон фаъолият доранд. Аз ин ҷост, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият пайдо менамояд, ки ҳам талаботи дохилиро бо барқ таъмин ва ҳам ба кишварҳои хориҷ барқ содир созад.

Энергетикаи тоҷик захираи тиллоии ҷумҳурист, ки истифодаи батадриҷи он кафолати зиндагии хуби наслҳои оянда аст. Дар даҳсолаи оянда дар таркиби даромади асосии миллӣ истеҳсолоти энергетика мақоми асосӣ пайдо мекунад. Айни замон Тоҷикистон аз лиҳози рушди энергетика дар 17 соли охир байни давлатҳои ИДМ дар ҷойи аввал меистад ва нархи барқ дар Тоҷикистон арзонтарин ба шумор меравад.

Бояд тазаккур дод, ки бисёре аз кишварҳои минтақа ба неруи барқи арзон эҳтиёҷ доранд. Алҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии ӯзбекистон барқ содир мекунад. Ҳамчунин ба як қисмати ғарбии Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки дар он бештар аз 100 миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, камбудии неруи барқ эҳсос мегардад.

Дар Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 зиёд намудани истеҳсоли неруи барқ яке аз тадбирҳои аввалиндараҷаи рушд ба шумор меравад. Аз ҷумла, дар назар дошта шудааст, ки то соли 2030 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 45 миллиард киловатт неруи барқ, яъне нисбат ба соли 2015 - 4 маротиба зиёд, истеҳсол карда мешавад. Мусаллам аст, ки дар расидан ба чунин нишондоди стратегӣ иқтидори энергетики Роғун мақоми аввалиндараҷаро касб хоҳад кард.

Ба ҷуз аз ин, зикр намудан бамаврид аст, ки 22 марти соли 2016 дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид.

Ин ташаббус тақозо мекунад, ки об бояд ба сарчашмаи рушди устувор табдил дода шавад. Яъне ба об болотар аз манбаи нӯшокӣ, ҳамчун манбаи рушди давлатҳо, истеҳсолот ва иқтидори иқтисодӣ бояд муносибат кард. Хушбахтона Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай дар ин самт таҷрибаи зиёдро соҳиб аст ва бунёди силсилаи неругоҳҳои азими барқию обӣ, ки нақши муассирро дар пешрафти кишвар соҳибанд, баёнгари он мебошанд.

Дар маҷмӯъ бунёди Неругоҳи барқӣ обии «Роғун» барои Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа хеле муҳим ва дорои аҳамияти бузург мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди Тоҷикистонро мебояд, ки бобати бунёди ин нерӯгоҳи аср саҳми арзандаи худро гузоранд. Зеро фаъолият ва заҳматҳои шабонарӯзӣ барои ҳар фарди ватандӯст – коргарон, мутахассисону муҳандисон мояи ифтихору шараф дар сарнавишти рушди миллату давлат ба шумор меравад.

Дар фарҷом бояд қайд намуд, ки фардои дурахшони мо тоҷикон аз бунёди Неругоҳи барқӣ обии «Роғун» вобаста аст, зеро он ҳамчун манбаи азими нур Тоҷикистонро ба зинаи сифтан нави тараққиёту пешравиҳои бузург хоҳад расонид.

Дигар барои наслҳои имрӯзу фардои ватан, бебарқию машаққати он ба афсона ва равшаниву нур ба воқеияти ҷовидонӣ табдил хоҳад шуд!

Мирзо Ашӯров, коршиноси масоили

сиёсии Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон