Асосӣ: Амнияти минтақавӣ Маводи мухаддир – таҳдид ба генофонди давлату миллат
+++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз308
mod_vvisit_counterДирӯз1031
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1339
mod_vvisit_counterДар ин моҳ28713
mod_vvisit_counterҲамагӣ1734526
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июли
16
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Маводи мухаддир – таҳдид ба генофонди давлату миллат

08.07.2019

 

Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар баробари терроризм ва экстремизм яке аз сарчашмаҳои таҳдид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва генофонди давлату миллат ба ҳисоб меравад. Боиси таассуф аст, ки мушкилоти муомилоти ғайриқонунии маводи нашъовар ҳамчун яке аз хатарҳои ҷиддӣ барои инсоният дар асри 21 боқӣ мемонад ва ба муътадилии иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии давлатҳо ва минтақаҳои ҷаҳон таҳдид менамояд. Миллионҳо нафар аз истифодаи маводи нашъаовар азият мекашанд ва ҳазорон ҷавонон ҷони худро фидои ин вабои аср кардаанд. Имрӯз нашъамандӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ки сабаби асосии он ба маводи нашъадор зиёд майл кардани ҷавонон мебошад. Нашъаҷаллобон имрӯзҳо зиёдтар ҷавононро ба ин маводи сахттаъсир ҷалб мекунанд ва тавассути онҳо маводи нашъадорро ба ҷомеаи ҷаҳон паҳн карда, оламро заҳролуд сохта истодаанд, ки ҳалли ин масъала ҳам яке аз проблемаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Маводи мухаддир моддаи психотропии хавфнок мебошад, ки истеъмоли он қобилияти қабул кардани ҳодисаю воқеият, фикронии ва қарорҳои дуруст қабул кардани ҳар як шахсро ба куллӣ тағйир медиҳад. Истеъмоли маводи мухаддир хатари гирифторшавӣ ба сактаи дил, заҳролудшавӣ, касалиҳои ирсӣ, бемориҳои ниҳоят хавфнок ва осеби майнаи сарро ба вуҷуд меорад. Маводи мухаддир шуури одамро вайрон карда, ӯро ба олами ҷиноӣ гирифтор месозад ва оқибат ба қонунвайронкунӣ оварда мерасонад.

Дар кишвари мо то нимаи аввали солҳои 90-уми асри гузашта муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва истифодаи он чандон нигаронкунанда набуд. Вале пас аз пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ дар кишвари мо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз гардид. Гурӯҳҳои ҷинояткор бо истифода аз вазъи ноороми он солҳо ва суст гардидани низоми ҳифзи сарҳадоти давлатӣ роҳҳои пинҳонии интиқоли қочоқи маводи нашъадор ба Тоҷикистонро аз худ намуданд.

Кишвари мо бешубҳа ҷонибдори муътадил шудани вазъият дар кишвари ҳамсояи Афғонистон мебошад, чунки агар масъалаи назорати муомилоти маводи мухаддир дар ин кишвар мусбат ҳал гардад, натиҷаҳои он на танҳо ба вазъи Тоҷикистон, балки ба кишварҳои Авруосиё низ таъсир мерасонад.

Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои муфид ва самаранокро, ки ба муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва нашъамандӣ равона карда шудааст, дастгирӣ менамояд. Вобаста ба ин масъала, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз он ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил» баргузор гардид, ки ин ташаббускории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин самт нишон медихад.

Бояд қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Конфронси сатҳи баланд дар мавзӯи «Ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил» дар шаҳри Душанбе чунин иброз доштанд: «Чуноне ки маълум аст, имрӯзҳо барои маблағгузории терроризм манбаъҳои гуногун, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши инсон ва қочоқи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, истифода бурда мешаванд. Маблағҳои аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бадастовардашуда яке аз сарчашмаҳои асосии таъмини молиявии терроризм мебошанд. Тоҷикистон бо дарки воқеии хатари глобалии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар давоми солҳои тӯлонӣ талошҳои худро ба мубориза бо ин зуҳуроти хатарбор равона намуда, дар ин самт таҷрибаи кофӣ низ касб кардааст».

Ҳамарӯза дар кураи Замин он ҷиноятҳое, ки ба нашъа алоқаманданд, тақдири ҳазорҳоро вайрон ва умри садҳо ҷавонону миёнасолонро кӯтоҳ мекунанд. Тариқи агентиҳо ва шабакаҳои иттилоотӣ мебинему мешунавем ва шоҳиди он мегардем, ки ин мавод заҳрест барои нобуд сохтани насли инсоният.

Табақаи аз ҳама заиф ҷавонон ва наврасон мебошанд, чунки оид ба зарари нашъа камтар ва ё умуман маълумот надоранд, ки сабаби зери таъсири «нашъафурӯшон» қарор гирифтани онҳо мегардад.

Барои ҳамин, ба кулли ҷавонону наврасон гуфтаниам, ки ҳамеша дар хотир гиред, ки шумо на барои он зиндагӣ мекунед, ки тақдири худ ё ҳаёти наздиконатонро зери хавфу хатар монед ва на барои он ба дунё омадаед, ки ин «нашъаҷаллобон»-ро сарватманд кунед, балки ба манфиати шахсии худатон ҷидду ҷаҳд намуда, зиндагии осуда ва ҳаёти ҷавони худро ширин гузаронед. Афсус ки дар шароити кунунӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ инсонҳои маккор ҳастанд, ки бо ҳар роҳу восита ҷавононро ба доми фиреби худ андохта, аз доираи инсонгарӣ берун мекунанд ва ба нашъамандӣ ҷалб мекунанд. Ҳар яки мову шумо аз даврони наврасӣ дар дил орзуеро мепарварем ва бояд кӯшиш кунем, ки дар оянда ба орзуҳои неки худ расем. Бояд ақли солимро кор фармоем, то ба доми фиребу дасисаҳои ҳар гуна гурӯҳҳои нашъаҷаллобу экстремистӣ наафтем.

Содиқова Саодат, мутахассиси пешбари

раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти

минтақавӣ МТС-и назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон