Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Ваҳдати миллӣ – рукни муҳими давлатдории миллӣ
+++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз308
mod_vvisit_counterДирӯз1031
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1339
mod_vvisit_counterДар ин моҳ28713
mod_vvisit_counterҲамагӣ1734526
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июли
16
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ваҳдати миллӣ – рукни муҳими давлатдории миллӣ

04.07.2019

Ваҳдат ва суботи миллӣ дар ҳар давру замон мазҳари идеалу ормони волои миллатҳо, кафили муттаҳидию ягонагии мардуми мубориз, фидокору ватандӯст ва василаи ягонаи ҳифзи асолату ҳувият ба шумор меравад. Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маҳз бо шарофати талошҳои қаҳрамононаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад, барои таҳкими суботу оромӣ, ташаккули ғояҳои инсондӯстона ва фарҳанги сиёсию ҳуқуқии мардум замина гузошта, барои рушди муназзам ва устувори ҳамаи соҳаҳо шароити заруриро фароҳам овард.

Ҳоло дар дунё миллату халқиятҳое ҳастанд, ки аз рӯи шумораи аҳолӣ ва қаламрави ҷуғрофиашон дар муқоиса бо миллат ва кишвари мо ба маротиб зиёданд, вале садсолаҳо дар орзуи давлати мустақили хеш мебошанд. Вазъи мураккабе, ки имрӯз дар низоми ҷаҳонӣ ҳукмфармост, татбиқи орзӯи халқу миллатҳои бедавлатро барои расидан ба давлатдории миллӣ боз ҳам душвор мегардонад.

Аз ин рӯ, доштани давлат ва мавҷудияти ваҳдат байни халқу миллатҳои маскуни Тоҷикистон дастоварди беназир ба ҳисоб меравад. Хусусан, дар шароите, ки арзишҳо таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат тағйир ёфта, муборизаи қудратҳои ҷаҳонӣ барои аз нав тақсим кардани дунё ва неъматҳои моддӣ торафт шиддат гирифта истодааст, тавассути корҳои тарбиявию маърифатӣ ҳифз ва тарғиб намудани арзишҳои меҳварие, ки тафаккур ва амали насли имрӯзу фардои миллатро ташаккул ва рушд медиҳанд, ногузир ва ҳатмӣ мебошад. Дар акси ҳол, фазои холии манфиатҳои миллӣ аз ҷониби арзишҳои халалдоркунандаи Ваҳдати миллӣ пурра гардида, сабаби парокандагӣ ва бурузи бегонагӣ дар ҷомеа мегардад. Тавре, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, «…таърихи башарият нишон медиҳад, танҳо давлат ва халқҳое умри нисбатан дарозтар дидаанд, ки онҳо аз имкониятҳои дар ихтиёр доштаашон пурра ва дурусту оқилона истифода карда, наслҳои нави донишманду эҷодкор, худшиносу худогоҳ, ба шароити нави таърихӣ тобовар ва содиқ ба ормону ҳадафҳои давлати соҳибистиқлолро тарбия кардаанд». Ҳамин тавр, дар ин пайваст моро зарур аст, ки аз дастовардҳои шароити ҷаҳонишавӣ дуруст истифода карда, мутобиқатии онро бо манфиатҳои миллӣ ва ҳувияти миллӣ дар асоси гузоштани арҷ ба аслу насаби хеш таъмин созем. Барои ояндагони худ Ватан ва мулкеро мерос гузорем, ки боиси ифтихори онҳо буда, барояшон шароити беҳтарини зисту зиндагониро фароҳам орад.

Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар кишвар- ин танҳо ҷашн ба хотири ҷашн нест. Маҳз Ваҳдати миллӣ тавонист Тоҷикистонро ба ҷаҳониён шиносонад. То имрӯз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бештар аз 190 кишвари олам шинохта, беш аз 150 кишвар бо Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ доранд. Намояндагиҳои дипломатии зиёда аз 30 давлат дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд.

Натиҷаи Ваҳдати миллӣ буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди ҳалли бисёр масъалаҳои ҷаҳонӣ, ба монанди мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, масъалаҳои глобалии экологӣ пешниҳодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мепазиранд. Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба хотири он низ ҳаст, ки шаҳрвандони кишвар, бахусус ҷавонони давронсоз, ки мушкилиҳои ибтидои замони истиқлолияти давлатиро хушбахтона надидаанд, бояд дарк намоянд, ки Ваҳдати миллӣ, сулҳу амонӣ чӣ гуна ба даст омаданд, моҳият, мазмун ва муҳтавои ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз чӣ иборат аст.

Имрӯз дар гӯшаҳои мухталифи дунё содир шудани амалҳои нангини террористӣ, ки боиси қурбонии одамони зиёд гардидааст, ба амну суботи давлатҳо таҳдид намуда, боиси ташвишу нигаронии аҳли башар гардидааст. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар танҳоӣ мубориза бурдан бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои хусусияти минтақавию байналмилалидошта, натиҷаи дилхоҳ ба бор намеорад. Танҳо муборизаи дастҷамъонаю муштарак дар доираи узвияти созмонҳои мухталиф ва ҳамкориҳои байналмилалӣ метавонад садди роҳи ҷинояткорӣ шавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, давраҳои мудҳиши ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар карда, чи гуна фоҷиаовару даҳшатнок будани оқибатҳои нангини онро медонад ва ҳамеша хостори сулҳу субот дар тамоми минтақаю ҷаҳон, риояву эҳтироми принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва арзишҳои волои инсонӣ, инчунин, ба роҳ мондани муносибатҳои байналмилалии ҳамҷавор дар заминаи эҳтирому ҳамдигарфаҳмӣ бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ мебошад.

Роҳбари давлат зимни суханронии худ дар Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё иброз доштанд: «Баъди аз сар гузарондани ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 - уми қарни гузашта, Тоҷикистон қадру қимати сулҳу суботу оромӣ ва зарурати мутлақи ҳифзу таҳкими онҳоро дарк намуда, гиромӣ медорад».

Имрӯз бо гузашти 22 сол аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, мебинем, ки ғояи муқаддаси ваҳдату инсондӯстӣ ҷузъи таркибии муносибатҳои таҳаммулгароёнаи мардуми кишвар ва таҳкимбахши равандҳои демократии ҷомеа гардидааст. Сулҳу субот, ваҳдату оромӣ ва ҳамгироиву ҳамдигарфаҳмӣ замина шуд, ки миллат сарҷамъ гардад, давлат рушд намояд ва кишвар дар меҳвари эҳтирому шинохти аҳли башар қарор гирад.

Сиёсатҳои кишвар дар бар пояи аслҳои оқилона, арзишҳои воло, меъёрҳои баланди ахлоқӣ, ба инобат гирифтани манофеи муштараки тамоми қишрҳои ҷомеа бунёд шудаанд. Ин тақозои ваҳдат ва ягонагӣ аст. Яъне, Ваҳдати миллат ба хотири субот ва суботи давлат ба хотири ягонагии миллат. Ин равиши сиёсатгузорист, ки назму субот, ваҳдати миллиро дар ҷомеа таъмин мекунанд, барои рушди ҷомеа замина фароҳам меоварад. Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо имрӯз давлатдории навини хешро дар асоси ин аслҳои ақлгароёна, муқаддам донистани ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаъну шарафи инсонӣ бунёд карда, ояндаи ободу осудаи сарзаминро таъмин хоҳад сохт.

Пас, месазад, ки кулли ҳамватанон ҳисси баланди сулҳхоҳию сулҳпарварӣ нишон дода, дар таблиғи ризоияту ҳамзистии осоишта ва ваҳдати ҷомеа масъул бошанд, то ҳамчун пайравони собитқадами афкору андеша ва сиёсату сарварии ваҳдатпарваронаи Пешвои миллат саҳми, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон босазо гузорем.

Хусрав Ализодакорманди

Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон