Асосӣ: Сиёсати хориҷӣ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз351
mod_vvisit_counterДирӯз2557
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта10849
mod_vvisit_counterДар ин моҳ50971
mod_vvisit_counterҲамагӣ1896873
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Сентябри
20
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ

26.06.2019

Тоҷикон дар масири таърихи худ ба арзишҳои бузурге чун созандагиву бунёдкорӣ, офарандагӣ, инсонгароӣ ва садоқату иродат эътимоди комил дошта, миёни ин арзишҳо мафҳуми «ваҳдат» ҷойгоҳи махсус дорад. Таҳаммул дар сарнавишти таърихии тоҷикон ин амрро ҳам собит месозад, ки парешониҳои таърихӣ ва талошҳои пайваста баҳри таҳкими ягонагии миллӣ дар ҷараёни гирудорҳои сиёсиву иҷтимоии гардишгоҳи таърихӣ, тоҷиконро бештар ба ин арзиши умумиинсонӣ садоқатманд гардонид. Натиҷаи ин ибтикороти таърихии тоҷикон ба он анҷомид, ки дар зеҳну тафаккур ва андешаи онҳо ваҳдат ҳамчун тамоюли ягонагӣ мардумро ба ҳам овард.

Ваҳдатгароӣ хусусияти хоси ҳар халқ буда, он дар марҳилаҳои муайяни сарнавишт гоҳе ошкор ва гоҳе хира ба назар мерасад. Тоҷикон доиман ваҳдатшиор ва ваҳдатгустар буданд. Ҳатто солҳое, ки пас аз давлати Сомониён ваҳдати сиёсӣ надоштанд, ваҳдати комили маънавию забонӣ, тафаккур ва андешаро аз даст надоданд. Дар ибтидои соҳибистиқлолӣ мутаассифона ваҳдати сиёсие, ки хоси ҷомеаи воҳид ва василаи мумтози ҳамбастагии он маҳсуб мешавад, заиф шуд. Барои аз нав эҷод кардани ваҳдати сиёсиву давлатдории замони нав диду истеъдоди тоза, эҳсоси амиқи самтҳои рушди ҷомеаи башарӣ, шинохти мавқеъ ва ҷойгоҳи кишвар дар минтақа ва ҷаҳон, муайян ва мушаххас гардонидани тадбирҳое, ки ҳар давлати муосир барои рушди ташаккули хеш ба он ниёз дорад, аҳамияти ҳалкунанда касб намуд.

Зикри ин чанд нукта дар ибтидо танҳо ба он хотир буд, ки мо нақши сулҳи тоҷикон ва ваҳдати миллиро, ки дар остонаи 22-солагии таҷлили он қарор дорем, аз ин равзана бишиносем. Яъне ба марзи ин арзиши бузурги инсонӣ ба ваҳдати миллӣ расидани тоҷикон як навъ бозшиносии сабақҳои таърихии миллат ва идомаи суннатҳои дерина арзёбӣ мешавад, ки мардуми тоҷик ҳамеша ва дар ҳама давру замон ба ин арзишу суннатҳои фарҳангии миллати худ эҳтирому эътиқод дошт.

Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки миллати мо рӯзҳои сахту сангинро паси сар намуда бошад ҳам, дастоварду фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони аслии модарӣ, илму адабиёти оламгирашро ҳаргиз аз даст надодааст.

Роҳбарияти тозаинтихоби мамлакат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ мухолифони сиёсии мусаллаҳро ба сулҳ ва музокирот даъват намуда буд. Яъне аз рӯзҳои аввали барқарор кардани сохти конститутсионӣ ҷангу зӯроварӣ ҳамчун василаи ба эътидол овардани вазъи ҷомеа рад гардида, роҳи осоишта ва сиёсии ҳалли мухолифатҳо аз тариқи гуфтушуниди ҷонибҳо ба миён гузошта шуд.

Дар ҳамин замина миллати тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки дар ҳақиқат яке аз миллатҳои куҳанбунёду фарҳангии дунё, мутамаддину хирадпеша ва сулҳхоҳу ботаҳаммул мебошад. Дар марҳилаҳои таърихӣ ва тақдирсоз метавонад, ки бо ҳам муросову мадоро намояд ва ҷангу низои дохилиро бо роҳи мусолиматомез бартараф созад.

Мардуми заҳматкаши тоҷик баҳри таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, нигоҳдории якпорчагии марзу бум, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ягонагию суботи ҷомеаро роҳи қонунии хеш медонистанд. Ба таври мисол агар гуем, ки қабули Конститутсия соли 1994 барои мардуми шарифи тоҷик марҳилаи нави инкишоф аст, хато нахоҳад буд. Чунки барои расидан ба сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама заминаҳои қонунии ҳокимият зарур буд, ки онро танҳо Конститутсияи ҳамаҷониба такмилёфтаи кишварамон метавонист таъмин намояд.

Ба ин маънӣ, дар замимаи ин санади тақдирсоз Ҳукумати кишвар бо сарварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дар арсаи ҷаҳон баланд бардоштани эътибори байналмилалии Тоҷикистон ба чунин нуктаҳои талаботи конститутсионӣ, аз ҷумла таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагонӣ, меҳнати озод, таълиму тарбияи насли ҷавон, истифодаи озоди забони модарӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, рӯ овардан ба асолати худшиносӣ, инсонпарварӣ ва ватандӯстии, ҳар фарди кишвар мусоидати васеъ намудааст.

Бояд қайд намуд, ки муноқишаю бетартибиҳои ибтидои солҳои навадуми асри гузашта тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ мекард ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош меварзид, ки то суботу осоиштагиро дар саросари кишварамон таъмин намояд.

Ниҳоят, бо баргузории чандин мулоқоту суҳбатҳо ва музокироти пайваста раванди сулҳи тоҷикон бо имзои санади таърихии “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба фарҷом расид ва ин сана дар тақвими миллати мо ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ сабт гардид.

Таҷрибаи сулҳи миёни тоҷикон яке аз бузургтарин сабақҳои мактаби сиёсатмадорӣ ва давлатдории Пешвои миллат аст, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифт. Ин таҷрибаи таърихӣ ба Ватан баргардонидани қариб як миллион гуреза ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамчун модели нодири сулҳофаринӣ эътироф гардид.

Ба шарофати истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шуда бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, Ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худошиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем, ки ин нуктаҳоро Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ борҳо таъкид намудаанд.

Ғайр аз ин, Сарвари давлат ба мардуми шарифи Тоҷикистон борҳо иброз доштааст, ки “Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори фаромиллӣ қувват мегирад, ки инҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои алоҳида таъсири ногувор расонанд. Аз ин рӯ, мову шумо бояд якҷоя хатари вусъатёбии ин амалҳои номатлубро пешгирӣ намоем, барои бақои тақдири миллат, таъмини Ваҳдати миллӣ ва амнияти давлат, пойдории сулҳу субот ва оромии ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешем. Мо сиёсати пойдории сулҳу субот, ризоияти ҷомеа ва Ваҳдати миллиро, ки давлати тоҷикро аз нобудшавию парокандагӣ наҷот бахшид, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият маҳсуб медонем”.

Дар шароити кунунӣ, таҳкими Ваҳдати миллӣ, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои натанҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо намудааст. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувват гирифтаистодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст. Гузашата аз ин, дар раванди таҳкими сулҳу субот ва давлатдории навини худ баҳрабардорӣ аз арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ, нигоҳдории ҳувияти милливу ифтихори ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ сафарбар намудани кулли мардуми шарифи кишвар воқеан ҳам дар маркази сиёсати давлатӣ қарор гирифтаанд. Аз ҷумла, ба ҳамаи мо маълум аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори ҳақиқии барпо кардани ҷашнҳои 1310-солагии роҳбари мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам, 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, шайхҳои бузург Камоли Хуҷандӣ ва Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Имом Fаззолию Имом Бухорӣ ва дигарон ба шумор меравад. Таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ ва бузургдошти шахсиятҳои барҷаста дар тарбияи маънавии халқ, бахусус насли наврасу ҷавон аҳамияти муҳими стратегӣ доранд.

Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки вазъи имрӯзаи сайёра инсониятро водор месозад, то на аз зиддияти мафкураҳо, бархӯрди манфиатҳо ва ихтилофи тамаддунҳо, балки аз робитаҳои дӯстона, ҳамзистии мусолиматомез ва гуфтугӯи тамаддунҳо ҳарф занад. Аз ин рӯ, ҳамаи мо вазифадорем, ки ҳар гуна амалҳои ба зиндагии осоиштаи башарият таҳдидкунандаро маҳкум ва пешгирӣ карда, талошҳои созанда, дастовардҳои фарҳанг ва дину оинҳои халқу миллатҳои гуногунро ҳамчун ҷузъҳои таркиби тамаддуни башарӣ эътироф намоем ва ба он арҷ гузорем. Зеро, кишвари азизи мо чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ табиист, ки аз равандҳои ҷаҳонишавӣ берун буда наметавонад. Робитаҳои мо ба кишварҳо ва минтақаҳои гуногуни олам торафт вусъат ёфта, ҳарчӣ бештар вориди муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарии ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад. Дар чунин шароит дарки амиқи мақсад ва таҳкими дастовардҳои таърихӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ амри зарурист.

Инкишофи давлатдории муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ташаккул ва тарбияи шинохти дурнамои насли ҷавонро дар рӯҳияи ваҳдату ягонагӣ ва арҷгузории муқаддасоти миллӣ муҳим медонад. Дар ин хусус, Пешвои миллат борҳо дар мулоқотҳои хеш ба қишрҳои гуногуни ҷомеа сиёсати давлатии ҷавононро ҳамчун самти афзалиятнок арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки «Мо бояд сиёсати давлатии ҷавононро дар қатори масъалаҳои стратегии давлатӣ ва амнияти миллии кишвар ҳисобида, авзои иҷтимоӣ ва иқтисодии насли наврас, аз қабили ҷараёни демографӣ ва муҳофизати ҷавонон, сатҳи саводнокии ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, танзими оила, афзудани иллатҳои нашъамандӣ, зӯроварӣ дар байни ҷавонон ва ғайраро мавриди таҳлилу омӯзиши ҷиддӣ қарор диҳем».

Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад. Бинобар ин моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас – ваҳдати миллиро пос дорем, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.

Дар ниҳоят, қайд кардан ба маврид аст, ки Ваҳдати миллӣ барои кулли мардуми Тоҷикистон арзиши муқаддас ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодат мебошад. Озодӣ, истиқлолият, сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ва созандагию бунёдкорӣ аз шарофати Ваҳдати миллӣ насиби мо гардидааст. Бинобар ин, вазифаи ҳар як шахси ватандӯст аст, ки Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд ва онро пос дорад.

Шарифӣ Абдуллоҳ, мутахассиси

пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии

сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон