Асосӣ: Маркази матбуот КОНФРОНСИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "ЗАХИРАҲОИ ОБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: НЕРУ ВА ИДОРАИ СТРАТЕГӢ"

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз360
mod_vvisit_counterДирӯз2557
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта10858
mod_vvisit_counterДар ин моҳ50980
mod_vvisit_counterҲамагӣ1896882
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Сентябри
20
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

КОНФРОНСИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "ЗАХИРАҲОИ ОБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: НЕРУ ВА ИДОРАИ СТРАТЕГӢ"

26.06.2019

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи низоми доимоамалкунандаи муҳокимаю машваратҳои васеи самаранок доир ба масъалаҳои стратегии рушди кишвар 25 июни соли 2019 конфронси илмию амалиро дар мавзӯи "Захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон: неру ва ва идораи стратегӣ" баргузор намуд. Дар ҳамоиш мутахассисони вазорату сохторҳои идоракунии давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ, марказ ва пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, коршиносон ва намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаҳонафрӯз Даринг кушода, зикр кард, ки ҷомеаи ҷаҳониро дар асри мусоир ғайр аз дигар таҳдиду хатарҳо хатари норасоии об ё дастрасӣ надоштан ба он ба ташвиш овардааст. Олимон ва мутахассисони соҳа пайваста дар пайдо намудани роҳҳои ҳалли камбуди обро мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор додаанд. Чунончи, мутахассисон пешгӯйӣ менамоянд, дар сурати пешгирӣ накардани оқибатҳои гармшавии иқлим ва дигар офатҳои табиӣ то соли 2050 мардуми рӯйи Замин бо мушкилоти азиме рӯ ба рӯ мегарданд,

яъне беш аз нисфи аҳолии сайёра аз таъмин набудан бо оби тозаи ошомиданӣ азобу ранҷ мекашанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки об на фақат бахшандаи ҳаёт ба мавҷудоти гирду атроф аст, балки он барои инсоният василаи беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва рушди босуботи иқтисодӣ ва иҷтимоии он мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ба ҳисоб рафта, беш аз 60 дарсади обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз кишвари мо сарчашма мегиранд. Тоҷикистон ҳарчанд, ки дар саргаҳи ташаккулёбии захираҳои оби тозаи ошомиданӣ қарор дошта бошад ҳам, вале моро намегузорад, ки аз масъалаҳои глобалии танқисии оби тоза, ки имруз аксари кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст, бетараф бошем, зеро бо вуҷуди ҷойгир будани ҷумҳурӣ дар саргаҳи оби тозаи ошомиданӣ, мо низ бо ин мушкилоти глобалӣ рӯбарӯ ҳастем.

Вақте ки бо сабаби нарасидани оби тозаи ошомиданӣ аз панҷ як ҳиссаи аҳолии сайёраи Замин азият кашида, ҳар сол тақрибан панҷ миллион одам аз истеъмоли оби ифлос ва бемориҳои вобаста ба он ҷони худро аз даст медиҳанд, набояд мо мавқеи бетарафиро дошта бошем. Аз ин рӯ, яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ва мубрами рӯз, ки Роҳбарияти олии давлати Тоҷикистон дар назди худ гузоштааст, дар доираи муносибатҳои ҳамгироӣ ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба мушкилоти таъмини оби тоза ва ҳифзи муҳити зист, масъалаи зарурати шадиди ҳифзи захираҳои обӣ, истифода ва танзими оқилонаи онҳо мебошад.

Баёнгар ва тақвиятбахши ин мавқеъ ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба об мебошад, ки бо роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланди ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии ҳамаҷонибаи худро ёфтаанд. Тибқи таҳлилҳо ва арзёбии коршиносони байналмилалии соҳа соли 2030 ҳаҷми об ба ҳар сари аҳолӣ ба ҳадди хатарнок, яъне камтар аз 1,7 ҳазор метри мукааб дар як сол мерасад. Дар муқоиса бояд қайд намоем, ки ин нишондиҳанда дар солҳои 60-уми асри гузашта ба 60 ҳазор метри мукааб баробар буд.

Қобили тазаккур аст, ки маҳз бо шарофати ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти об ва дар заминаи он гузаронидани ҳамоишу конфронс ва симпозиумҳои байналмилалии сатҳи баланд, муҳиму актуалӣ будани масъала дар сатҳи байналмиллалӣ арзёбӣ гардид. Имрӯз дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бобати истифодаи оқилонаи захираҳои об вазифаҳои нав гузошта шудаанд.

Ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон –"Даҳсолаи байналмилали амал "Об барои рушди устувор" барои солҳои 2018–2028" ба ҷомеаи ҷаҳонӣ андешидани тадбирҳои заруриро барои банақшагирӣ ва ташкили фаъолият дар доираи даҳсола дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ бо дастгирии механизми байнимуассисавии "СММ–захираҳои об" пешниҳод менамояд. Мафҳуми "рушди устувор" маънои истифодаи модели устувори рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, бидуни таъсири манфӣ ба муҳити зист ва дар ҳамгироӣ истифода бурдани тамоми захираҳои табиӣ ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардумро дорад. Яъне истифодаи одилонаву оқилонаи захираҳои табиӣ ҷиҳати қонеъ гардонидани на танҳо талаботи имрӯза, балки заминаҳои мусоид ва мусбат фароҳам намудан ба наслҳои оянда низ мебошад.

Об ҳаёт аст ва дар баробари дигар тадбирҳо метавонад ҷиҳати бартараф намудани сатҳи камбизоатӣ, таъмин намудани амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани сатҳи беҳдоштӣ, рушди устувори соҳаҳои кишоварзию саноат ва энергетика мусоидат намояд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз дарк намуда истодааст, ки захираҳои обро бояд дар ҳамбастагӣ бо неруи барқ, озуқаворӣ ва саноат оқилона истифода бурд. Имрӯз, ки тағйирёбии иқлим шиддат меёбад, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ фаҳмиши фаъолияти минбаъдаи кишварҳо барои пешбурди "иқтисоди сабз" равона карда шудааст.

Мавриди таъкид аст, ки тавлиди неруи барқ дар неругоҳҳои обии барқӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, барқароршаванда мебошад, яъне захираҳои обӣ ба ҳайси манбаи таҷдидшавандаи қувваи барқ дар даҳсолаи минбаъда мавқеи арзанда ва устувори худро пайдо хоҳад кард. Аз ин рӯ, баргузории ин ҳамоиш хеле актуалӣ мебошад ва умед дорем, ки конфронси имрӯза барои истифодаи оқилонаи захираҳои об дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Сипас дар назди ҳозирин муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худойбахш, директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайналобидин Кобулиев, сармуҳандиси Корхонаи воҳиди давлатии обу корези шаҳри Душанбе С.Қаландаров, муовини директори Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Абдуалимов, сардори Сарраёсати назорати давлатии санитарӣ-эпидемологии Хадамоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Бобоназаров, муовини сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ, илм ва дастовардҳои илмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Солиев, сардори Раёсати Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобокалон Саидзода, сардори Шуъбаи назорати давлатии истифода ва захираҳои оби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Шукуров, дотсенти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Доробшоҳ Давлатшоев, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан Асоев, коршиноси масъалаҳои гидроэнергетика Темур Валаматзода, мушовири Ширкати саҳомии кушодаи холдингии "Барқи Тоҷик" Қосимҷон Сулаймонӣ суханронӣ намуданд. Баъдан пиромуни маърӯзаҳои ироашуда ибрози назар, табодули афкор ва таклифу пешниҳодҳои судманд сурат гирифт.

Конфронси илмиву амалиро сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаҳонафрӯз Даринг ҷамъбасту натиҷагирӣ кард ва ба иштирокчиёни нишаст барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Хадамоти матбуоти Маркази

тадқиқоти стретегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон