Асосӣ: Соҳибкорӣ ва рушди сектори хусусӣ Тадкикот, нашрияю баромадхо ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ ВА ТАЪСИРИ ОН БА РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР
+++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз256
mod_vvisit_counterДирӯз1031
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1287
mod_vvisit_counterДар ин моҳ28661
mod_vvisit_counterҲамагӣ1734474
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июли
16
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ ВА ТАЪСИРИ ОН БА РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР

26.06.2019

Ёдовар мешавем, ки 15 июни соли 2019 дар шаҳри Ҳамоиши панҷуми Созмони «Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё» таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои иштирокчӣ ширкат ва суханрони намуда, дар охир аз ҷониби иштирокчиёни он Эъломияи Душанбе бо фарогирии 49 банд қабул карда шуд.

Дар доираи бандҳои Эъломияи мазкур аслан ба масъалаҳои амният ва ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё ва саҳмгузорӣ дар ҷараёни ҷаҳонии мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ бештар тавваҷуҳ зоҳир карда шудааст. Аммо, ин маънои онро надорад, ки дар Эъломияи қабулгардида масъалаҳои иқтисодӣ дарҷ нагардидаанд. Чунки, баъзе аз бандҳои ин Эъломия, аз ҷумла бандҳои 24,29,33 бевосита ба масолили рушди иқтисодиёти кишварҳои аъзо бо дарназардошти тақвияти соҳаҳои гуногун бахшида шудааст, ки татбиқи онҳо барои рушди иқтисодиёти кишварҳои иштирокчӣ метавонанд заминаҳои мусоидро фароҳам оварад.

Ҳоло бандҳои зикргардида ва манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сурати амалӣ гардидани онҳо ба таври алоҳида зикр хоҳем кард:

Банди 24. Татбиқи банди мазкур ба рушд ва ҳалли чунин масъалаҳо замина мегузорад:

• беҳтар гардидани сатҳи дастрасӣ ба бозор;

• аз байн рафтани табъиз дар тиҷорат;

• зиёд гардидани ҳаҷми ҳаҷми маблағгузории миллӣ ва байналмилалӣ, инчунин кумаку дастгириҳо ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва ташаккули бозорҳои он;

• устувор гардидани сатҳи коркарди маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ашёи хоми ватанӣ то ҳадди ниҳоӣ;

• рушди истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда;

• беҳтар гардидани сатҳи дастрасии мустақими молистеҳсолкунанда ба бозор ва рушди минтақаҳои деҳот.

Банди 29. Амали гардидани ин банд ба рушди соҳаҳои зерин метавонад таъсири мусбат расонад:

• зийд гардидани ҳаҷми зармоягузориҳои мустақим ба рушди иқтисодиёт;

• афзоиш ёфтани ҳаҷми воситаҳои молиявию қарзии имтиёзнок ва беҳтар гардидани дастрасӣ ба он;

• таъмин гардидани фаъолнокии соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ;

• фаъол гардидани татбиқи лоиҳаҳои минтақавии нақлиётию коммуникатсионӣ;

• рушди ҳамлу нақли транзит ва кам шудани хароҷоти нақлиётӣ;

• бунёди долонҳои транзитии нақлиётӣ;

• ососан гардидани сатҳи хизматрасониҳои нақлиётии робитаҳои иқтисодӣ бо бозорҳои бузурги фурӯш дар минтақаи Авруосиё.

Бандҳои 32,33. Мавриди амал қарор гирифтани бандҳои мазкур ба рушду тақвитяи бахшҳои зерин метавонад заминаҳои мусоидро фароҳам оварад:

• тақвияти ҳамбастагии минтақавӣ, махсусан, низомҳои ҳамгироишудаи иқтисодӣ;

• таъмин сатҳи нисбатан баланди рақобатпазири ҳамлу нақл;

• таъмин гардидани истифодаи самараноктари имкониятҳои тиҷоратӣ миёни давлатҳои узви МҲТБО;

• такмили ҳамкориҳои нақлиётӣ ва ҳамлу нақли минтақавию байналмилалӣ миёни кишварҳои узви МҲТБО;

• таъмини риояи қатъии шаффофият ва нотабъизӣ дар тиҷорат.

Дар маҷмӯъ, тадбиқи босамари бандҳои Эъломияи Душанбе, махсусан бандҳои марбут ба масъалаҳои иқтисодӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ, табдил ба кишвари транзитӣ, инчунин, баланд бардоштани самаранокии бахшҳои иқтисодиёти миллӣ, беҳсозии сифати зиндагии аҳолӣ вав коҳиши сатҳи камбизоатӣ, ки аз ҷумлаи ҳадафҳои олӣ ба ҳисоб мераванд, заминаҳои мусоид хоҳад гузошт.

Одинаев А.И., муовини сардори

Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ

ва инкишофи бахши хусусии МТС назди

Президенти Чумҳурии Тоҷикистон