Асосӣ: Маркази матбуот МУЛОҚОТ БО ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ЧИН
+++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз266
mod_vvisit_counterДирӯз1031
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1297
mod_vvisit_counterДар ин моҳ28671
mod_vvisit_counterҲамагӣ1734484
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июли
16
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МУЛОҚОТ БО ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ЧИН

13.06.2019

Дар таърихи 13-уми июни соли 2019 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Дар мулоқот ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чинро ноиби Президенти Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ҷаноби Ван Ҷинсин, директори Пажӯҳишгоҳи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ҷаноби Сун Чуанчжи ва дигар кормандони масъули муассисаи номбурда намояндагӣ карданд.

Мулоқотро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода ифтитоҳ карда, меҳмононро хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамсоякишвари бузург ва яке аз шарикони муҳими стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Муносибатҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангии байни ду кишвари ҳамҷавор солҳои охир беш аз пеш мустаҳкам мегарданд.Бо сармоягузории Чин дар Тоҷикистон даҳҳо корхонаҳои бузургу хурди саноатӣ ва иншооти ҳаётан муҳим бунёд гардида, бо сифати баланд фаъолият доранд.

Мо бо Маркази тадқиқотии назди Шӯрои давлатии Чин, Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин, Академияи робитаҳои байналмилалии муосири Чин, Маркази стратегии Донишгоҳи Пекин ва ғайра ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондаем. Аз ҷумла Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Академияи илмҳои ҷамъиятии вилояти Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин китоби арзишманди "Тоҷикистон ва Чин: аз дӯстии таърихӣ то шарикии стратегӣ"-ро таълиф намуд. То ба ҳол дар бораи таърихи муносибату ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Хитой аз замонҳои қадим то ба имрӯз аз тарафи донишмандони ин ду кишвари ҳамсоя чунин асар эҷод нагардида буд. Ин китоб ба забонҳои русӣ ва чинӣ дар Тоҷикистон ва Чин ба табъ расид. Умед дорем, ки минбаъд бо Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин робитаҳои илмиву тадқиқотӣ мустаҳкамтар мегарданд. Ташкили конфронси байналмилалӣ таҳти унвони "Рушди шарикии фарогири стратегии Тоҷикистон ва Чин дар раванди бунёди муштраки "Як камарбанд, як роҳ" аз ҷумлаи он тадбиру лоиҳаҳои муштараки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ба шумор меравад, ки имрӯз дар сатҳи баланд баргузор мегардад.

Сипас, ноиби Президенти Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ҷаноби Ван Ҷинсин барои пазироии самимӣ ба роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд ва тазаккур дод, ки ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин хоҳони густариши ҳамаҷонибаи робитаҳои илмиву тадқиқотӣ дар соҳаҳои сиёсату иқтисодиёт ва иҷтимоиёту фарҳанги байни ду кишвари ҳамсоя мебошад ва амалӣ намудани чанд лоиҳаи муштарак ба нафъи ҳар ду тараф аст ва бояд ҳамкориҳои самарабахшро дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагиии халқ беш аз пеш густариш диҳем.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мулоқот инчунин, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода, роҳбари дастгоҳи Марказ Наҳтулло Назаров, мушовири директори Марказ Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо ва сардорони раёсатҳои ин муассисаи давлатӣ намояндагӣ карданд.

Дар анҷоми мулоқот сарварони ҳайатҳои намоядагони ҳар ҷониб чун рамзи ҳамкории мутақобилан судманд ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Вохӯрӣ дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Хадамоти матбуотии Маркази

тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон