Асосӣ: Маркази матбуот МУЛОҚОТ БО ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН
+++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм +++ ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон +++ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз484
mod_vvisit_counterДирӯз2491
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4969
mod_vvisit_counterДар ин моҳ37557
mod_vvisit_counterҲамагӣ1680880
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июни
19
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МУЛОҚОТ БО ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

12.06.2019

Рӯзи 12 июни соли 2019 мулоқоти роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо сарварии директори Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Орипов Элдор Тоҳирович баргузор гардид.

Нахуст, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода меҳмонони гиромиро ба сарзамини тоҷикон хайрамақдам гуфт ва тазаккур дод, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон давлатҳои дӯсту ҳамсоя ва шарики муҳими стратегӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҳар ду кишвар самараи сафарҳои давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, имзои 56 созишнома ва қарордоди давлатӣ байни ду кишвар, махсусан, созишномаи ҳамкории стратегӣ, кӯшишу талошҳои Сарварони ду давлат барои боз ҳам мустаҳкам гардидани робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад.

Сипас, директори Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Элдор Орипов барои пазироии самимӣ ба роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд ва таъкид намуд, ки ҷониби Ӯзбекистон хоҳони густариши робитаҳои илмиву тадқиқотӣ дар соҳаҳои сиёсату иқтисодиёт, иҷтимоиёту фарҳанги байни ду кишвари ҳамсоя мебошад ва амалӣ намудани чанд лоиҳаи муштарак ба нафъи ҳар ду тараф аст.

Баъдан, ҳайати намояндагони ду ҷониб масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои илмию пажӯҳишии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор доданд.

Тарафҳо тасмим гирифтанд, ки тибқи Ёддошти тафоҳуми имзошуда байни ҳар ду муассисаи муҳими давлатӣ ҳамкориҳои самарабахши илмиву тадқиқотӣ ба роҳ монда мешаванд.

Мулоқотро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода ҷамъбасту натиҷагирӣ кард ва изҳори умед намуд, ки минбаъд низ робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, илмиву адабии халқҳои ду кишвари дӯсту ҳамсоя: Тоҷикистон ва Ӯзбекистон беш аз пеш густариш ва равнақ меёбанд.

Дар вохӯрӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода ва сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Марказ Хуршед Додихудоев ширкат варзиданд.

Мулоқот дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор шуд.

Хадамоти матбуоти Маркази

тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон