Асосӣ: Маркази матбуот МИЗИ ГИРДИ РӮЙНАМОИИ КИТОБИ "ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН: АЗ ДӮСТИИ ТАЪРИХӢ ТО ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ"
+++ Ҷавонон бояд осебпазир набошанд! +++ Аҳамияти гулугоҳи Ҳурмуз чун шоҳраги ҳаётӣ барои интиқоли нафт дар ҷаҳон (дар пасманзари афзудани танишҳо миёни ИМА ва Эрон) +++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1718
mod_vvisit_counterДирӯз2420
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта17650
mod_vvisit_counterДар ин моҳ56802
mod_vvisit_counterҲамагӣ1830195
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
25
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МИЗИ ГИРДИ РӮЙНАМОИИ КИТОБИ "ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН: АЗ ДӮСТИИ ТАЪРИХӢ ТО ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ"

11.06.2019

Рӯзи 10-уми июни соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирди рӯйнамоии китоби муштараки "Тоҷикистон ва Чин: аз дӯстии таърихӣ то шарикии стратегӣ" баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон, Академияи илмҳои ҷамъиятии вилояти Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин, пажӯҳишгоҳу марказҳои илмиву тадқиқотӣ, олимону коршиносони масоили байналмилалӣ ва васоити ахбори ватанӣ ширкат варзиданд.

Мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода ифтитоҳ намуда, баргузории чунин ҳамоишро барои тавсеа ва густариши ҳамгироии байни кишварҳои дӯсту ҳамсоя: Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳим арзёбӣ кард ва ба иштирокчиёни нишаст барори кор орзу намуд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода зимни суханронӣ меҳмононро хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамсоякишвари бузург ва яке аз шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодиву фарҳангии байни ду кишвари ҳамҷавор солҳои охир беш аз пеш густурда ва мустаҳкам гардидаанд. Бо сармоягузории Чин дар Тоҷикистон даҳҳо корхонаҳои бузургу хурди саноатӣ ва иншооти ҳаётан муҳим бунёд гардида, бо сифати баланд фаъолият доранд.

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд сол боз бо Академияи илмҳои ҷамъиятии вилояти Гансу ва дигар муассисаҳои илмиву тадқиқотии ин кишвари бузург робитаҳои зичи ҳамкории густурдаро ба роҳ монда, чанд тарҳи илмиву пажӯҳиширо дар ҳамдастӣ бо ҳамтоёни чинии худ анҷом додааст, ки яке аз онҳо китоби арзишманди "Тоҷикистон ва Чин: аз дӯстии таърихӣ то шарикии стратегӣ" буда, аз тарафи муҳаққиқони варзидаи тоҷик ва чинӣ таълиф гардидааст. То ба ҳол дар бораи таърихи муносибату ҳамкориҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замонҳои қадим то ба имрӯз аз тарафи донишмандони ин ду кишвари ҳамсоя чунин асари арзишманд эҷод нагардида буд.

Ин китоб ба забонҳои чинӣ ва русӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расид. Умед дорем, ки минбаъд низ робитаҳои илмиву тадқиқотии ҳар ду муассисаи пажӯҳишӣ минбаъд низ мустаҳкам ва самарабахш мегарданд.

Сипас, дар назди ҳозирин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Лю Бин, ноиби Президенти Академияи илмҳои ҷамъиятии вилояти Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ма Тинсюй, намояндаи гурӯҳи муаллифон аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо, намояндаи гурӯҳи муаллифон аз ҷониби Академияи илмҳои ҷамъиятии вилояти Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Хоу Ҷунхуэй, муқарризи китоб, дотори илмҳои сиёсӣ, профессор, мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Р.Ш.Нуридинов, муқарризи китоб, доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи минтақашиносии хориҷӣ ва сиёсати хориҷии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон Г.М.Майтдинова суханронӣ карданд.

Иштирокчиёни ҳамоиш пиромуни суханрониҳо фикру андешаҳо иброз намуданд ва чопи китоби номбурдаро падидаи намоёне дар ҷодаи густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд номиданд.

Дар охири ҷамъомад ба иштирокчиёни ҳамоиш китоби "Тоҷикистон ва Чин: аз дӯстии таърихӣ то шарикии стратегӣ" тақдим карда шуд.

Мизи гирдро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, зикр намуд, ки мустаҳкам гардидани муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ ва ҳамгироӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои манфиати ҳар ду давлати ҳамсоя ва миллатҳои дӯсту бародар мебошад.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуоти Маркази

тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон