Асосӣ: Маркази матбуот МУЛОҚОТ БО ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН
+++ Ҷавонон бояд осебпазир набошанд! +++ Аҳамияти гулугоҳи Ҳурмуз чун шоҳраги ҳаётӣ барои интиқоли нафт дар ҷаҳон (дар пасманзари афзудани танишҳо миёни ИМА ва Эрон) +++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1664
mod_vvisit_counterДирӯз2420
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта17596
mod_vvisit_counterДар ин моҳ56748
mod_vvisit_counterҲамагӣ1830141
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
25
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МУЛОҚОТ БО ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН

11.06.2019

Рӯзи 10-уми июни соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Марказ бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Дар мулоқот ҳайати Чинро ноиби Президенти Академияи илмҳои ҷамъиятии вилояти Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ма Тинсюй, директори Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии Роҳи Абрешим ҷаноби Хоу Цзенхуей, кормандони Пажӯҳишгоҳи номбурда Цзин Жун ва Ли Лианан намояндагӣ карданд.

Мулоқотро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода ифтитоҳ намуда, меҳмонони олиқадрро хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамсоякишвари бузург ва яке аз шарикони асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Муносибатҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангии байни ду кишвари ҳамҷавор солҳои охир беш аз пеш густурда ва мустаҳкам мегарданд. Бо сармоягузории Чин дар Тоҷикистон даҳҳо корхонаҳои бузургу хурди саноатӣ ва иншооти ҳаётан муҳим бунёд гардида, бо сифати баланд фаъолият доранд.

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд сол боз бо Академияи илмҳои ҷамъиятии вилояти Гансу ва дигар муассисаҳои илмиву тадқиқотии ин кишвари бузурги ҳамҷавор робитаҳои зичи ҳамкории густурдаро ба роҳ монда, чанд тарҳи илмиву пажӯҳиширо дар ҳамдастӣ бо ҳамтоёни чинии худ анҷом додааст, ки яке аз онҳо китоби арзишманди "Тоҷикистон ва Чин: аз дӯстии таърихӣ то шарикии стратегӣ" буда, аз тарафи муҳаққиқони варзидаи тоҷик ва чинӣ таълиф гардидааст.

То ба ҳол дар бораи таърихи муносибату ҳамкориҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замонҳои қадим то ба имрӯз аз тарафи донишмандони ин ду кишвари ҳамсоя чунин асар эҷод нагардида буд. Ин китоб ба забонҳои чинӣ ва русӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расид. Умед аст, ки минбаъд низ робитаҳои илмиву тадқиқотии ҳар ду муассисаи пажӯҳишӣ мустаҳкамтар мегарданд.

Сипас, ноиби Президенти Академияи илмҳои ҷамъиятии вилояти Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ма Тинсюй барои пазироии самимӣ ба роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд ва тазаккур дод, ки ҷониби Чин хоҳони густариши робитаҳои илмиву тадқиқотӣ дар соҳаҳои сиёсату иқтисодиёт, иҷтимоиёту фарҳанги байни ду кишвари ҳамсоя мебошад ва амалӣ намудани чанд лоиҳаи муштарак ба нафъи ҳар ду тараф аст ва бояд ҳамкориро дар риштаи илму фарҳанг беш аз пеш густариш диҳем.

Ҳайати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мулоқот инчунин, муовини директори Марказ Парвиз Муҳаммадзода, мушовири директори Марказ Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Марказ Бахтиёр Холиқов намояндагӣ карданд.

Дар фарҷоми мулоқот намоядагони ҳар ҷониб чун рамзи ҳамкории мутақобилан судманд ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Вохӯрӣ дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

Хадамоти матбуоти Маркази

тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон